ШАНБЕГӢ ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Баҳри зебою озода намудани шаҳри Душанбе, корхонаю муссисаҳо, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди ободу кабудизоркунӣ ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН пайваста маъракаҳои дастаҷамъонаи ободкорию созандагӣ гузаронида мешаванд.

Дар ин радиф бо супориши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  ҳар ҳафта рӯзҳои ШАНБЕ ҳайати кормандони МАРКАЗ ба шанбегӣ баромада, бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ аз кору пайкори накӯи шаҳрдории шаҳри Душанбе, корҳои зиёди кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю ороста намудани майдончаи вобасташударо ба анҷом мерасонанд.