Мудири шуъба: Кабутов Хусрав Қурбонҷонович

Вазифаҳои шуъба

Шуъба масъалаҳои фундаменталӣ ва амалии вобаста ба таҳия ва истифодабарии усулҳо ва технологияҳои зондиронии фосилавиро иҷро мекунад, аз ҷумла;

1. коркарди усулҳо, технологияҳо, ва таҳлилии воситаҳои омӯзиши сатҳи замин ва криосфера, инчунин объектҳо ва равандҳои антропогенӣ (аз ҷумла таъсири онҳо ба муҳити зист);

2. коркарди усулҳо ва технологияҳо оид ба таҳияи системаҳои назорати фосилавии объектҳои табиӣ ва сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ;

3. мониторинги вазъи муҳити зист ва объектҳои криосфери, барои омӯзиши равандҳои гуногуни табиӣ дар сайёраи Замин;

4. ҳалли масъалаҳои, марбут ба мониторинг ва омӯзиши эволютсияи муҳити зист ва иқлим таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ, аз ҷумла масъалаҳои идоракунии оқилонаи табиат;

5. таҳия, пешниҳод ва татбиқи системаҳои нав, ки ба коркарди автоматикии маълумотҳои моҳвораӣ, аз ҷумла дар доираи системаи қабули маълумот ва коркард равона карда шудаанд;

6. рушди системаҳои иттилоотӣ барои назорати фосилавӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амалӣ нигаронида шудааст; таҳияи усулҳо ва равандҳои нави ташкили нигаҳдорӣ, коркард ва таҳлили миқдори зиёди маълумот барои ҳалли масъалаҳои зондиронии фосилави дарозмуддат ва таҳқиқи равандҳо ва зуҳуроти гуногун.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба

1. Таҳия ва беҳдошти системаҳои гуногуни илмӣ ва амалии иттилоотии мониторинги фосилавӣ;

2. таҳияи методҳо, алгоритмҳо ва таъминоти барномавии махсус барои коркарди маълумотҳои моҳвораӣ, бойгонӣ, таҳлил ва паҳнкунии онҳо;

3. ташкил ва нигоҳдории бойгонии маълумотҳои моҳворагӣ ва натиҷаҳои коркарди онҳо, ки барои ҳалли масъалаҳои мухталифи илмӣ ва амалӣ заруранд;

4. гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, машваратӣ, таҷрибавию конструкторӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва дигар корҳо дар соҳаи ташкили системаҳои тақсимшудаи иттилоот, ки асосан ба мониторинги моҳворагӣ, барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ нигаронида шудаанд;

5. коркарди усулҳо ва таҳлили силсилаи дарозмуддати мушоҳидаҳои гуногуни объектҳои табиӣ ва сунъӣ ба манфиати ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ ва амалӣ.

6. корҳои зарури андешидан дар татбиқи дохилкунии технологияҳои муосири таҳияшуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. тарбия ва таълими мутахассисон (асосан донишҷӯён ва аспирантҳо) оид ба самтҳои фаъолияти шуъба;

8. иштирок дар таҳия ва баргузоркунии конфронсҳо ва семинарҳои вобаста ба мавзӯи шуъба;

9. тайёр кардани мақолаҳои илмӣ.