ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ ПИРЯХҲО”

Бо мақсади амалигардонӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қатъномаи Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Пешвои миллат, озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо” гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур 38 нафар довталабон аз кулли ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Бо мақсади баҳодиҳии мақолаҳои довталабон бо фармоиши директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо ҳафтаномаи нашрияи “Омӯзгор” ҳайати ҳакамон ташкил карда шуд.

Натиҷаҳои озмун рӯзи 15-уми декабри соли ҷорӣ дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо”, ки дар МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” баргузор шуд ҷамъбаст гардид.

Дар натиҷа ба се нафар ғолибон ҷоизаҳо супорида шуданд. Ҷойи якум аз ноҳияи Шаҳринав бо 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм аз ноҳияи Мастчоҳ бо 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм аз шаҳри Душанбе бо 1000 сомонӣ аз ҷониби МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.

Дар рафти баргузории озмун ҷиҳати ҳакмкориҳои судманд аз тарафи маъмурияти нашрияи “Омузгор” ба директори  МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” – профессор, Абдулҳамид Қаюмов  СИПОСНОМА ва аз тарафи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба садорати нашрияи “Омӯзгор” ифтихорнома супорида шуд.

 

Чунин амалҳо як воситаи хуби паҳн намудани ибтикори панҷуми Ҷаноби Олӣ – эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳавасманд намудани аҳли ҷомеа  ва тарбияи шоистаи ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.