НАХУСТ ЭЪЛОНИ


 

КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНИИ ПИРЯХШИНОСОН ДАР

МАВЗУИ «ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАВАНДИ

ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ: ВАЗЪИЯТ,

МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

 

 

МУТАСАДДИЁН

Мутасаддии ташкил ва баргузор намудани Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносон дар мавзуи «Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим: вазъият, мушкилот ва дурнамо», Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ЮНЕСКО, WMO, шарикони рушди устувор ва дигар созмонҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

Бақайдгирӣ (регистрация):

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Таърихи пешина

Аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои асосии об дар таъмини ҳаёти аҳолии сайёра бебаҳост. Аз ин рӯ, обшавии босуръати онҳо яке аз мушкилоти ҷиддитарин дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки оқибатҳои манфӣ дорад. Чунки мушкилоти таназзули пиряхҳо пеш аз ҳама ба тағйирёбии глобалии иқлим дар рӯйи Замин вобаста аст. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим суръати вайроншавии пиряхҳои кӯҳӣ ва обшавии яхҳои бисёрсола меафзояд, ки ин омил ба кам шудани захираҳои обӣ ва афзоиши офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо оварда мерасонад. Далели равшани ин гуфтаҳо афзоиши шумораи кӯлҳои пиряхӣ мебошанд. Зарари офатҳои табиӣ дар кишварҳои мухталиф

3 – 10% маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Мутобиқи ҷанбаҳои таърихӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пиряхҳо дар давраи баргузории солҳои байналмилалии қутбӣ – 1884 (соли якум), – 1932 (соли дуюм) ва солҳои 2008 – 2009 (соли сеюм) солҳои объектҳои омӯзиш ва муҳокимаи илмӣ ба ҳисоб мерафтанд. Пас аз баргузории ин гуна чорабиниҳои муфид дар соҳаи пиряхшиносӣ кашфиёти калон ва пешрафтҳои зиёде ба амал омаданд.

Ҳамин тариқ, баъдтар омӯзиши фаъолонаи пиряхҳо дар пойгоҳҳои қутбӣ ва баландкӯҳӣ оғоз ёфтанд. Аз ҷумла, дар давоми баргузории соли дуюми байналмилалии қутбӣ як гиреҳи калони яхбандӣ дар Помир тасвир карда шуд, ки дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр бори нахуст дар пиряхи Федченко баландтарин пойгоҳи кӯҳистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сохта шуд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ҳамзамон дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешқадам дар сатҳи байналмилал эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, иқлим ва об устуворона пеш мебарад. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо қабули қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони «Соли 2025 – ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва бар замми ин «21 – уми март – ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошанд.

Дар робита ба ин, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор намудани Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносҳоро дар мавзуи «Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим: ҳолат, мушкилот ва дурнамо»-ро дар соли 2025 ба нақша гирифтааст.

Баргузории конгресси мазкур дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31-уми августи соли 2023, дар бораи татбиқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи эълони «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва нақшаи чорабиниҳои илмию илмӣ-техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 18.12.2023 № 157 муқаррар карда мешавад.


ҲАДАФИ АСОСӢ

Ҳадафи асосии баргузории Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносон дар мавзуи «Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» ин фаъолсозии минбаъдаи талошҳои умумӣ ва омодагӣ ба конфронси сатҳи баланд бахшида ба муносибати баргузории “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Дар рафти баргузории конгресс кулли иштирокчиён масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлимро ба ҳолати пиряхҳои кӯҳӣ, таҳияи стратегияҳо оид ба масъалаи коҳиш додани зарар аз рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ баррасӣ намуда, тавассути мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои кории худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муносибати умумиро оид ба ҳифзи эҳтимолии системаҳои пиряхҳои баландкӯҳ бо мақсади нисбатан кам кардани оқибатҳои фалокатбори марбут ба таназзули пиряхҳо, об ва роҳҳои ҳалли онҳоро нисбатан дигаргун кунанд.

Аз ҷумла, Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносҳо ба масъалаҳои зерин бахшида мешаванд:

– муттаҳидсозии талошҳои пиряхшиносҳо барои рушди корҳои бунёдӣ ва таҳияи чораҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо;

–  фаъолшавии ҷомеаи байналмилалӣ оид ба масоили соҳаи пиряхшиносӣ;

– паҳн кардани натиҷаҳои корҳои иҷрошуда дар амал ва рушди технологияҳои нав барои омӯзиши пиряхҳо;

– муҳокимаи мушкилоти мавҷуда дар соҳаи пиряхшиносӣ;

– ташкили платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи маълумот ва дигар иттилоот дар соҳаи пиряхшиносӣ.

Вазифаҳои асосии конгресс инҳоянд:

– огоҳ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи имрӯзаи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим;

– таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар самтҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба таҳқиқоти нави пиряхҳо;

– ташкили платформаи илмӣ барои мубодилаи иттилоотии илмӣ дар бораи ҳолати пиряхҳо;

– таҳияи чораҳо оид ба кам кардани зарар аз рахнашавии кӯлҳои яхбандӣ ва мавзеъҳои яхшиносӣ;

– муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи чораҳо оид ба омӯзиши масоили ҳифзи пиряхҳо;

-омодагӣ ба конфронси сатҳи баланд таҳти унвони: «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо».

Натиҷаҳо:

Бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпайии 1, 2 ва 3 Соли байналмилалии қутбӣ, конгресси мазкур эъломия ва хулосаи ниҳоӣ таҳия намуда, ҳамзамон маҷмуаи гузоришҳоро нашр мекунад.


ШАКЛИ ИШТИРОК

Интизор меравад, ки конгресс дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шавад, то сатҳи ҳадди аксар ҳамкории байни иштирокчиёнро таъмин кунад ва инчунин тавассути ZOOM, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар шабакаҳо васеъ пахш карда шаванд.

 

ИШТИРОКЧИЁН

Дар рафти баргузории конгресс зиёда аз 300 нафар иштирок мекунанд, ки беш аз 100 нафари онҳо иштирокчиёни хориҷӣ мебошанд. Ҳамзамон намояндагони созмонҳои марбут ба масоили  пиряхшиносӣ, захираҳои обу иқлим, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдори сатҳи ҷаҳонӣ, минтақаи Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор низ ба конгресс даъват карда мешаванд.

 

БАҚАЙДГИРӢ

Маълумоти муфассал дар бораи бақайдгирии иштирокчиёни конгресс дар истиноди зерин дастрас аст:

 

САНА ВА МАКОНИ БАРГУЗОРӢ МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАД.

 


ЗАБОНҲОИ КОРИИ КОНГРЕСС

Забонҳои кории конгресс тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ (тарҷумони синхронӣ таъмин карда мешавад) мебошанд.

Маълумоти бештар дар бораи конгресс дар вебсайт низ дастрас аст – https://cryosphere.tj

СОХТОРИ БАРНОМА

Барномаи Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносҳо дар мавзуи «Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим: ҳолат, мушкилот ва дурнамо», аз ҷумла маҷлисҳои умумӣ, ҷаласаҳои сексионӣ, чорабиниҳо, инчунин намоишгоҳ, нишасти матбуотӣ ва экскурсияҳо.

НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДА:

– густариши муколама ва дониш дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ба криосфера дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ;

– муайян намудани камбудиҳои дониш ва афзалият додан ба таҳқиқот;

– ташкили шарикии нав махсусан байни ҷонибҳои манфиатдор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ;

– таъсиси ҷомеаи занон, муҳаққиқони ҷавон ва навкор;

– таҳияи мавқеи глобалӣ доир ба мавзуъҳои афзалиятноки Конгресси якуми ҷаҳонии пиряхшиносҳо;

– таҳияи ҳадафҳои мувофиқашуда доир ба мавзуъҳои интихобшуда ва нақшаи амалҳои минбаъда;

– таҳияи харитаи роҳ доир ба мавзуъҳои афзалиятнок барои «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

– гузаронидани чорабиниҳои параллелӣ дар ҷараёни Конфронси сатҳи баланд  «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;

– ёддошти таҳлилӣ ва гузориш дар мавзуъҳои конгресс.


 ҶАЛАСАИ УМУМӢ

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи умумии Конгресси якуми умумиҷаҳонии пиряхшиносҳо таҳти унвони  «Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии глобалии иқлим: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарон ва олимони маъруфи муассисаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.

ЧОРАБИНИҲОИ ПАРАЛЛЕЛӢ

Дар доираи баргузории конгресс якчанд чорабиниҳои параллелӣ, (дар мавзуи дахлдор гузаронида мешаванд.


КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНИИ ПИРЯХШИНОСОН ДАР МАВЗУИ

«ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ  ИҚЛИМ: ҲОЛАТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО»

Душанбе, Тоҷикистон

 

СОХТОРИ БАРНОМА

                                                 РӮЗИ ЯКУМ
09:00 10:30 Маросими ифтитоҳ
10:30 11:00 Танаффус барои қаҳванӯшӣ
11:00 13:00 Маҷлиси умумӣ
13:00 14:30  Хӯроки нисфирӯзӣ
14:30 17:00 Мизи мудаввар  дар мавзуи «Кӯлҳои пиряхҳои хатарнок»
17:00 17:30 Танаффус барои қаҳванӯшӣ
09:00 17:30

РӮЗИ  ДУЮМ

Чорабиниҳои параллелӣ  

 

-Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳолати криосфера ва захираҳои иқлим», (ҳузурӣ ва маҷозӣ)

-Мизи мудаввар  таҳти унвони «Яхбандии абадӣ ва пиряхшиносӣ» , (ҳузурӣ ва маҷозӣ)
-Мизи мудаввар зери унвони «Ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, устуворӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ» (тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ)
Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷанбаҳои гидрометеорологии омӯзиши пиряхҳо» (ҳузурӣ ва маҷозӣ)
-Мизи мудаввар: «Моделсозӣ, ГИС-технологияҳо, ДЗЗ, ҳавопаймоҳои бесарнишин барои омӯзиши пиряхҳо», (тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ)
-Мизи мудаввар таҳти унвони «Пешбурди ҳамкориҳои фаромарзӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҳифзи пиряхҳо» (тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ)
-Мизи мудаввар «Об барои рушди устувор: арзёбии захираҳои об, энергетикаи сабз дар саноат ва кишоварзӣ»  (ҳузурӣ ва маҷозӣ)
                                                  РӮЗИ  СЕЮМ
09:00 10:30 Намоишгоҳ
10:30 11:00 Нишасти матбуотӣ
11:00 18:00 Саёҳат ва сафарҳо