Директори Марказ

ҚАЮМОВ АБДУЛҲАМИД

Қаюмов Абдулҳамид, профессор, академики МАНЭБ. Академики Академияи инженерии ҶТ.

Аз соли 2018 директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Донишкадаи тиббӣ ва баъдан факултаи географияро бо ихтисоси ҷуғрофиёи Донишгоҳи омӯзгорӣ хатм кардааст.

Солҳои 1993 то 1998 директори генералии Парки миллии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Ӯ дар ибтидои ташкили Парки миллӣ истода буд. Бояд гуфт, ки айни замон ин боғ ба Феҳристи мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Вай ташаббускор ва ташкилотчии экспедицияхои сершумори илмӣ мебошад. Умуман, дар давоми кораш дар Маркази омӯзиши пирьяхҳо зиёда аз 40 экспедитсия ташкил кардааст. Бояд гуфт, ки солҳои 1983—1984 дар экспедитсияи антарктикии советй иштирок кард. Қаюмов А. нахустин тоҷикест, ки ба ҳайси пажӯҳишгар аз Антарктида дидан кардааст. Дар 2008/2009 с. бо ташаббуси у ва мувофики Қарори Ҳукумат дар доираи Соли байналхалкии кутб, якумин экспедицияи Тоҷикӣ Антарктикӣ  ташкил карда шуд. Баъди бозгашт дар Тоҷикистон осорхонаи Антарктидаро ташкил карда шуд. Дар ин осорхона парчами Тоҷикистон, ки дар Антарктида афрохта буд, ҷойгир аст.

Профессор Қаюмов А. ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (WMO) оид ба криосфера ва гидрология аз Тоҷикистон, узви Комиссияи гидрологияи иқлим ва Раёсати захираҳои оби (CLW) WMO ва аз соли 2019 хабарнигори миллии, Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо (WGMS) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмии экспедитсионӣ соли 1988 рисолаи номзадӣ ва соли 2000 рисолаи докторӣ дифоъ карда, соли 2002 унвони профессор гирифт. Аз соли 1995 узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2021 академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ аз соли 2019 Академики Академияи байналхалкии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт аст. Зиёда аз 280 Мақолаи нашршуда, аз ҷумла 32 монография ва китобҳо дорад. Таҳти роҳбарии профессор Қаюмов А. Қ. омодагӣ ба нашр 12 ҷилд «Атласи пиряхҳои Тоҷикистон» идома дорад.