МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ

«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

 

БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА  ДАҲСОЛАИ

БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” СОЛҲОИ 2018 – 2028

 

ЧОРАБИНИИ ПАРАЛЛЕЛӢ

“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО”

 

08 июни соли 2022, аз соати 13:00 то 14:30 ба вақти Душанбе.

Тарзи иштирок: офлайн

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 122, Маҷмааи давлатии

 “Кохи Сомон”, ошёнаи 2-юм толори “Зарандуд”

 

Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дар доираи онҳо ва дар ҳошияи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд од ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои  солҳои 2028-2028” Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 8-июни соли 2022, дар толори Зарандуди кохи Сомон дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар омӯзиши пиряхҳо” чорабинии мувозӣ баргузор менамояд.

Мақсад аз доир намудани ин чорабинӣ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши пиряхҳо, баланд бардоштани донишу малакаи  онҳо ҷиҳати гузарондани таҳқиқотҳои илмию бунёдӣ, инчунин муаррифӣ намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар ин самт  мебошад.

Ҳадафҳои конфронс:

Амалӣ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:

  • дар самти дастгирии насли навраси кишвар ва истифодаи нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо ҷиҳати рушди устувори давлат ва ҷомеа;
  • дар сохаи омузиш, хифз ва хифзи пиряххои Точикистон

                                                  

БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА  ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” СОЛҲОИ 2018 – 2028

 

ЧОРАБИНИИ МУВОЗӢ

 

“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО”

 

08 июни соли 2022

13:00  13:10     КУШОДАШАВӢ  ВА СУХАНИ ИФТИТОҲӢ

Модератор: Шомаҳмадов Алишо – ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физикаю математика

Маърӯзаҳо Марӯзачиён
13:10-

13:20

Моделиронии тавозуни массаи пиряхи №139 дар ҳавзаи кӯли Қарокӯл

 

Кабутов Хусрав

Мудири Шӯъбаи мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технологияи Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13:20

13:30

Яхбандии муосири пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ғунт дар шароити тағйирёбии иқлим»

 

Наврузшоев Ҳофиз

Ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13:30 13:40 Арзёбии ҳолати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Обихингоб дар болооби шохоби Обизанкӣ Муслимов Кадыр

Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13:40

13:50

Маълумоти умумӣ дар бораи омӯзиши глетчерҳо Убайдуллоев Убайдулло

Ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13:50 14:00 Омӯзиши ҳолати имрӯзаи пиряхҳои ҳавзаи дарёи Обихингов дар болооби дарёи Ситаргӣ

 

Гозиев Саидбек

Ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

14:10 14:30 Муҳокима

 


МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ

«МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”

ЧОРАБИНИИ МУВОЗӢ  (ПАРАЛЛЕЛЬНОЕ  МЕРОПРИЯТИЕ)

 “САҲМИ ЗАНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО”

07 июни соли 2022, аз соати 13:00 то 14:30 ба вақти Душанбе.

Тарзи иштирок: офлайн

Суроға: ш.Душанбе , хиёбони Рӯдакӣ, 122, Маҷмааи давлатии “Кохи Сомон”, ошёнаи 2-юм, толори “Зарандуд”

Бо мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» чорабинии мувозӣ дар мавзӯи “Саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо” санаи 7-июни соли 2022 дар Толори Зарандуди Кохи Сомон доир менамояд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама ҷалби бонувон ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу маҳорату  занон барои пешбурди тадқиқоти илмӣ-бунёдӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш, ҳифзи пиряхҳо ва инчунин эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масъалаи омӯзиш ва тадқиқоти пиряхҳо аз тарафи занон, шинос шудан бо дастовардҳои занони пиряхшиноси “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” иборат мебошад.

Ҳадафҳои конфронс:

  • Ҷалби занон ба омӯзиши пиряхҳо;
  • Сайқал додани донишу малакаи занон оиди омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф;
  • Баланд бардоштани саҳми занон дар усулҳои инноватсионии тадқиқоти пиряхҳо;
  • Муаррифӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барф аз ҷониби занон;

БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”

ЧОРАБИНИИ МУВОЗӢ  (ПАРАЛЛЕЛЬНОЕ  МЕРОПРИЯТИЕ)

“САҲМИ ЗАНОН ДАР ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО

7 июни соли  2022

7 июни соли  2022

13:00-13:10

КУШОДАШАВӢ  ВА СУХАНИ ИФТИТОҲӢ

Модератор:номзади илм,  ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қаюмова Дилором

Маърӯзаҳо

Маърӯзачиён

13:10-

13:20

Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим Бахтибекова Насиба

Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

13:20-

13:30

Дурнамои истифодаи гидрологияи изотопӣ дар омӯзиши пиряххои Точикистон Каюмова Дилором номзади илм, ходими пешбари илми  Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
13:30 13:40 Омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб дар болооби дарёи Наукрун Камолова Дилбар

Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

13:40 13:50 Нақши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ташаккули захираҳои об ва гидроэнергетика Боқизода Адлиниссо Мутахассиси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
13:50 14:00 Ҳолати ҳозираи яхбандии шохоби Обихингхоб дар хавзаи дарёи Батрут Давлятова Адолат

Ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

14:00

14:30

Муҳокима

 



МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМӢ

«МАРКАЗИ ОМУЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН»

ДАЪВАТНОМА – БАРНОМА

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

«ҲОЛАТИ КУНОНИИ ПИРЯХҲО, ЯХБАНДӢ ВА КРИОСФЕРА ДАР РАВАНДИ ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛИ»

25-26 ноябри соли 2021, аз соати 08:30 то 17:00 ба вақти Душанбе.

Тарзи гузариш: офлайн ва онлайн.

Суроға: Китобхонаи миллии Тоҷикистон,

ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                    Шарикон:

https://www.youtube.com/watch?v=xGtLCkgo4fU

Истиноди бақайдгирӣ:

Бақайдгирӣ

(регистрация)


Ҳадафҳои конфронс:

       1. Иттилоотонидани ҷомеаи ҷаҳон дар бораи ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ.

       2. Таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба омӯзиши нави инноватсионии пиряхҳо.

       3. Барпо намудани платформаи илмии мубодилаи ахбороти илмӣ дар бораи вазъияти пиряххо ва кор карда баромадани тадбирхои кам кардани хавф ба таркиши кулхои пирях ва ҷараёни гидрологӣ алокаманд мухокима карда шаванд.

       4. Муайян кардани роҳҳои ташкили  “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” то соли 2025.

Дар хотимаи конференсия материалҳои он нашр карда мешаванд.


Самтҳои асосии конфронс:

  • Ҳолати ҳозираи криосфера, пиряхҳо, қабати барф ва захираҳои об.

  • Таъсири тағирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ.

  • Усулҳои навоварона ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ.

  • Офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисорот.

  • Усулҳои гидрохимиявӣ ва радиоизотопии омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва яхҳои обшуда.

  • Таъсири омилҳои экологӣ, санитарӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабати барф дар шароити ҷаҳонишавӣ.

Маводҳо барои нашр дар маҷмӯа бояд ба суроғаи: cryos2021@gmail.com то 24 ноябри соли 2021 фиристода шаванд.

Варианти тайёри маҷмӯа ба почтаи электронии иштирокчиёни конфронс фиристода мешавад.


АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМӢ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН”

 

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Конфронси байналмиллалии илмӣ- амалӣ дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Рузи 25-26 уми ноябри соли равон соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.032021, №88 доир ба Нақша чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, эълон гардидани соли 2025 соли байналмилалии пиряхҳо ва иҷрои дастуру иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии шарикони рушд ва ҷалби ташкилоту муассисаҳои дохилию хориҷии ҳамузв Конфронси байналмиллалии илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Ҳолати кунунии пиряхҳо, яхбандӣ ва Криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ” ба нақша гирифтааст.

Дар Конфронси мазкур, олимону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар, магистрантону докторантон  бо мақолаҳои ба мавзӯи Конфронс таалуқдошта иштирок ва баромад  менамоянд.

 

 

Ҳадафи баргузории Конфронс

– Иттилоотонидани  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳолати кунунии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ.

– Таҳияи роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар самти минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба омӯзиши нави инноватсионии пиряхҳо.

– Барпо намудани платформаи илмии мубодилаи ахбороти илмӣ дар бораи вазъияти пиряхҳо ва кор карда баромадани тадбирҳои кам кардани хавфи ба таркиши кулҳои пирях ва ҷараёни гидрологӣ.

– Тайёр намудани Консепсияи эълоншавии соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва муайян намудани рузи таҷлили ҳамасолаи рузи пиряхҳо.

 

Самтҳои асосии Конфронс:

1.Ҳолати кунунии криосфера, яхбандӣ, пиряхҳо ва захираҳои об.

2 Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ.

3.Усулҳои навоварона ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ.

4.Офатҳои  табии  марбут ба пиряхҳо, кулҳои пиряхӣ ва роҳҳои кам кардани ҳисорот.

5.Усулҳои муосири таҳқиқоти криосфера, пиряхҳо ва қабати барф.

  1. Усулҳои гидрохимиявӣ, радиоизотопии омӯзиши пиряхҳо қабати барф ва яхҳои обшуда.
  2. Таъсири омилҳои экологӣ, санитарӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабати барф дар шароити ҷаҳонишавӣ.

734025,ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33

Тел/факс (+99237) 2277741; 939999272