КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ПИРЯХҲО ВА АҲАММИЯТИ ҚАБУЛИ ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2025 – ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО»

28-уми марти соли 2023 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки кормандони илмии баландпояи хориҷии дуру наздик намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маркази татқиқотӣ стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”  бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 09.02.2023 таҳти №АП-321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.12.2022) ва нақша- чорабиниҳои маркази номбурда оид ба амалигардонии қатъномаи  Созмони Милали Муттаҳид “Соли 2025 -ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Конфаронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳаммияти қабули эълон намудани соли 2025 – ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»  бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва ба таври маҷозӣ  “офлайн” ва “онлайн”-ӣ баргузор  гардид.

 

Конфаронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида, кулли иштирокчиёни ҳамоишро хайра мақдам гуфта, ҳамзамон перомуни қабули қатъномаи муфид ва ташаббуси 5-уми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки чанде пеш дар санаи 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обу иқлим, ки онро дар сатҳи оро бо қабули қатъномаи махсуси худ ва бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид қабул намуда буд, муфассал сухан ронда, аз ҷумла зикр кард, ки масъалаи мутазаккир барои кишварамон бисёр ҳам мубрам ва наздику пайванд буда, бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ҳалли масоили глобалӣ муҳаққиқони Марказ фаъол бошанд.

Бар замми ин мавсуф дар хусуси фаъолияти расо панҷсолаи Марказ ва дастоварду муваффақиятҳои ин ниҳоди навтаъсису зарурӣ назди иштирокчиёни ҳамоиш мухтасар ҳарф зада, оид ба корҳои иҷро намудаи назарраси ходимони илмӣ, ташкилу баргузории зиёда аз 50 эъзомияҳо (экспедитсияҳо) аз ҷумла ба пиряхҳои болооби дарёҳҳои Панҷ, Хингоб, Сурхоб, Зарафшон, ва Кофарниҳон маълумот дод, ки натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ татқиқотии бадастомадаро дар маҷаллаи илми амали  Марказ “Криосфера” ба нашр расонида мешаванд. Барои тақвият бахшидан ва такмил додани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо Қонун “Дар бораи пиряхҳо” ро омода намуда барои баррасӣ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудаст.

Профессор Абдулҳамид Қаюмов аз ҷумла иброз дошт, ки  таъсиси маркази мазкур низ маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат  ба вуқуъ пайваста аст, ки тақозои давр ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳадафи ягона ва асосии мо он аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри ҳифзи пиряхҳо ва инчунин гузаронидани корҳои  илмӣ – таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои муштарак ба шарикони рушд ва дигар сохторҳои дахлдор ба роҳ монем ва инчунин оид ба аҳаммияти қабул намудани қатъномаи 5 уми тасдиқгардидаро дар инкишофи илми пиряхшиносӣ (Глятсиология) ва тақвияти ҳамкориҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ  ба роҳ монем. Зеро омӯзиши пиряхҳо дар мадди аввал қарор дорад. Директори Марказ инчунин роҳҳои ҳамкориро дар сатҳти байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, роҳандозӣ намудан ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон маълумоти пурра ва муфассал дод.

Сипас, дар ҷараёни баргузории конфаронс ходимони илмии марказ Алишо Шомамадов, Хусрав Кабутов, Ҳофиз Наврӯзшоев, Фарҳод Насруллоев, Фирдавс Восидов, Ардамеҳр Ҳалимов, Адлинисо  Боқизода, Хатича  Саидзода, Муслим Қодиров ва Шаҳло Мавлонназарова мудири шуъбаи ҳифзи табиати осорхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин сардори Раёсати таҳлилию иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегииназди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Имомназари Каримиён ва дигарон, ки зиёда аз 20 нафар баромадкунандагон бо баромадҳои пурмуҳтавои худ ҷиҳати ҳифзи  пиряхҳо  маълумот доданд.

Ҳамзамон, дар рафти конфаронс аз тариқи ҳузури маҷозӣ -“офлайн” ва “онлайн”-ӣ низ шарикони рушд аз кишварҳои ҳамҷавору ҳамсояи Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва хориҷии Швейтсария, Америка, Фаронса ва Олмон (теъдоди иштирокчиёни дохилӣ ва хориҷӣ 103 нафар аз ҷумла 20 нафар баромадкунандагони хориҷӣ онлайн) ба таври фаъолона бо маърӯзаҳои илмии муфиди худ роҷеъ ба ташаббуси панҷуми Роҳбари давлати тоҷикон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда,  ибтикороти башардӯстонаро ҳамаҷиҳата ҷонибдорӣ намуданд.

Конфаронс дар фазои хубу гуворо ва хело хотирмон баргузор гардид.