Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 5 – солагии таъсисёбии МДИ “МОП АМИТ” дар мавзуи “соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва саҳмгузории шарикони рушди устувор дар иҷроиши қатъномаи СММ
Маъмур: cryosphere 26-04-23 614
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА 5 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ МДИ “МОП АМИТ” ДАР МАВЗУИ “СОЛИ 2025 ҲАМЧУН СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” ВА САҲМГУЗОРИИ ШАРИКОНИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ИҶРОИШИ ҚАТЪНОМАИ СММ
25-уми апрели соли 2023 дар толори хурди маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба муносибати 5-солагии таъсисёбии ягона Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки он бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 27 – уми марти соли 2018 таҳти рақами 162 “Оид ба таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёд гузошта шуда ва баъдан тибқи қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 52 аз санаи 23-юми апрели соли 2018 дар заминаи сифр холӣ ташкил карда шуда буд, тавонист, ки рисолати худро тибқи Оинномааш ба роҳ монда, ҳамзамон дар рушди илми пиряхшиносии ватанӣ саҳми боризи худро гузошта ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардад, дирӯз Конфаронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуд.
Бояд қайд кард, ки маркази мазкур то имрӯз дар маҷмуъ зиёда аз 50 экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар ҳудуди пиряхҳои кишварамон гузаронида, ҳамзамон бо зиёда аз 30 донишгоҳи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва созмону муассисаҳои бешумори соҳавӣ ҳамкориҳои пайвастаи худро барқарор кардаву ба таври мунтазам баҳри амалисозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин ибтикороти навбатии 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва сатҳи байналмилалӣ эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва аз соли 2025 таҷлил намудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон дар ҷодаи амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти омӯзиш ва иҷроиши дигар тадбирҳои мушаххас бо мақсади ҳифз ва нигоҳдошти пиряхҳо ҳамеша чораҳои судманд андешида, кору фаъолият менамояд.
Лозим ба тазаккур аст, ки аз ташкилёбии ин ниҳоди муҳим ва ниҳоятзарурии кишварамон инак расо панҷ сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин муносибат бо иштироки кормандони маркази мазкур инчунин меҳмонони олиқадр аз вазорат ва муассисаю дигар сохторҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва инчунин ҳузурӣ, маҷозӣ (офф лайн ва он лайнӣ)- и шарикони рушд ва мутахассисони пиряхшиноси хориҷӣ аз ҷумлаи Томас Сакс, Алӣ Нойманном, Ричард Шиневар, Светлана Ҷумаева, Тамара Матис ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар Конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 5 – солагии таъсисёбии МДИ “МОП АМИТ” дар мавзуи “соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва саҳмгузории шарикони рушди устувор дар иҷроиши қатъномаи СММ дар иҷроиши қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз санаи 14-уми декабри соли 2022 доир гардид.
Ҷамъомадро ба ин муносибат директори маркази мазкур, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида, назди ҳозирин баромад карда, роҷеъ ба таъсисёбии марказ, саҳми муассисон, роҳи тайкарда, мушкилоту дастовардҳои назарраси илмӣ – амалӣ ва равобити байналмилалию, экспедитсияҳои баргузоргардида ва инчунин саҳми босазои шарикони рушд ва лоиҳаи қонун “Дар бораи пиряхҳо” мухтасар сухан ронда, изҳори сипоси худро пеш аз ҳама ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷиҳати дастгириҳои пайвастаашон ва инчунин фароҳам овардани шароити мусоид аз қабили сари вақт ҷудо намудани бинои корӣ дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷудо намудани техникаву таҷҳизоти муосири замонавӣ барои фаъолияти пурсамар баён намуда, зимнан зикр намуд, ки кормандони ин ниҳод низ мудом кӯшиш менамоянд, ки сазовори боварӣ ба фардо кору фаъолияти худро идома бахшида, баҳри боз ҳам ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноилгардидан саъю талош ба харҷ диҳанд.
Инчунин қайд намуд, ки барои иҷроиш ва амали намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушди устувор Концепсия, Барномаи илмӣ ва Нақша – чорабинихоро ба забонҳои тоҷикӣ , русӣ ва англисӣ омода намудааст. Барои воқеӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ вобаста ба потенсиали илмӣ ва кадрӣ аввалан пурсишнома (анкета ирсол карда мешавад). Сипас дар асоси қабули хулосаҳо Консепсия, Барномаи илмӣ ва нақша – чорабинихоро ирсол карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни баргузории чорабинӣ маърӯзаҳо ва инчунин муаррифии натиҷаҳои илмию амалӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ дар мавзуҳои мухталифу мубрами илми муосир, идоракунии захоири обӣ, тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ ва таъсири он ба пиряхҳо ва дигар масоили марбута назди аҳли ҳузор ва иштирокчиёни он муфассал суханронӣ намуд. Сипас сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ахмедов М дода шуд. Номбурда дар баромадаш дар бораи ташабуси ҷаҳонӣ ба таври мунтазам баҳри амалисозии ташаббусҳо ва инчунин ибтикороти навбатии 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии муфиду хотиромон намуд. Вай ҳамзамон илова намуд ки қонуне ки “Дар бораи ҳифзи пирфхҳо” ба Маҷлиси намояндагон барои тасдиқ аз тарафи Марказ пешниҳод намуда буданд баррасӣ намуданд ва барои хулосабардорӣ ва вазорату кумитаҳои дахлдор ирсол намуданд. Дар фарҷом чунин гуфт, ки фаъолияти панҷсола Марказ назаррас буда, натиҷаҳои илмиашон дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ этироф шуданд, ки ин дастоварди беназири марказ мебошад.
Муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров доир ба “Аҳаммияти сиёсӣ ва амалии ташабусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва хусусан Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баромади пурмӯҳтаво намуд. Вай ҳамзамон қайд намуд, ки ҳамаи он пешниҳоду таклифҳое ки аз тарафи Маркази мазкур пешниҳод мегардад сари вақт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд ва дар ҳамкории пайваста ва доимӣ мебошанд. Инчунин қайд намуд, ки Концепсия, Барномаи илмӣ, ва Нақша чорабиниҳои таъиншударо таҳлил намуда барои асосноккунии стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагии соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Баъдан сухани навбатӣ ба намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ӯ иброз намуд, ки аз сабабе, ки тағйирёбии иқлим бевосита ба хоҷагии қишлоқ таъсири манфӣ мерасонад барои пешгирӣ ва бартараф намудани камбудиҳо ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳониву байналмилалӣ дастаҷамона кушиш ба харҷ медиҳем то ки аз ин буҳрони шадади байналмилалӣ босарбаландона бароем. Нобурда илова намуд, ки барои кам кардани хисорот ба хоҷагии халқ ва роҳандози намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад.
Намояндаи Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ба ҳадафҳои ниҳоии соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” омода мебошад ва ҳамҷониба фаъолияти марказро дар ин бахш дастгирӣ менамояд.
Дар хусуси фаъолияти расо панҷсолаи Марказ ва дастоварду муваффақиятҳои ин ниҳоди навтаъсису зарурӣ назди иштирокчиёни ҳамоиш Директори марказ мухтасар ҳарф зада, оид ба корҳои иҷро намудаи назарраси ходимони илмӣ, ташкилу баргузории экспедитсияҳо аз ҷумла ба пиряхҳои болооби дарёҳҳои Панҷ, Хингоб, Сурхоб, Зарафшон, ва Кофарниҳон маълумот дод, ки натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ татқиқотии бадастомадаро дар маҷаллаи илми амали Марказ “Криосфера” ба нашр расонида мешаванд. Барои тақвият бахшидан ва такмил додани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо Қонун “Дар бораи пиряхҳо” ро омода намуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаст.
Профессор Абдулҳамид Қаюмов аз ҷумла иброз дошт, ки таъсиси маркази мазкур низ маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат ба вуқуъ пайваста аст, ки тақозои давр ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳадафи ягона ва асосии мо он аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри ҳифзи пиряхҳо ва инчунин гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои муштарак ба шарикони рушд ва дигар сохторҳои дахлдор ба роҳ монем ва инчунин оид ба аҳаммияти қабул намудани қатъномаи 5 уми тасдиқгардидаро дар инкишофи илми пиряхшиносӣ (Глятсиология) ва тақвияти ҳамкориҳоро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монем. Зеро омӯзиши пиряхҳо дар мадди аввал қарор дорад. Директори Марказ инчунин роҳҳои ҳамкориро дар сатҳти байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, роҳандозӣ намудан ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон маълумоти пурра ва муфассал дод.
Конфаронс дар сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи ҳусни тафоҳуму пурсишу посухҳо баргузор гардида, хело хотирмон гузашт.