“… Мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис додем”. (Эмомалӣ Раҳмон, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Душанбе, 07.06.2022.)

 


ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

14 – уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни  баргузории иҷлосияи 77-ум қатъномаи “2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфт.
Пешниҳодоти ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21 – уми Март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.


НАҚША – ЧОРАБИНИҲО

ВОБАСТА БА ИҶРОИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМӮЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030» (МАРҲАЛАИ АВВАЛ СОЛҲОИ 2023 – 2026, МАРҲАЛАИ ДУЮМ СОЛҲОИ 2027- 2030)

https://cryosphere.tj/wp-content/uploads/2023/10/naqshai-2010-2030-marhilai-yakum-va-duyum.pdf


ДАСТОВАРДҲОИ МАРКАЗ ДОИР БА ИҶРОИШИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

– Ташкили шабакаи мониторинги пиряхҳо дар баландиҳои 3500 – 4800 метр аз сатҳи баҳр насбшуда.
– Нашри “Феҳристи истилоҳоти пиряхшиносӣ”
– Нашри “Пиряхҳо, истилоҳот ва тавзеҳот”
– Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 117 профессор Абдулҳамид Қаюмов барои дастовардҳои назаррас дар самти рушди илми пиряхшиносӣ бо ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
– Нашри маҷмуаи “Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор шуд.
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пиряхҳо” таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
– Дар давоми фаъолият марказ дар маҷмуъ 52 экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ гузаронида шуд.
– Дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо намоишгоҳи доимоамалкунанда таъсис дода шуд.
– Феҳристи маҷмаавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп бароварда шуд.
– Консепсияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ- амалӣ ба ифтихори эълон гардидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.  https://cryosphere.tj/wp-content/uploads/2023/10/konsepsiya-tojiki.pdf
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”. https://cryosphere.tj/wp-content/uploads/2023/10/Nakshai-amal-toch.pdf
– Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо“. https://cryosphere.tj/wp-content/uploads/2023/10/barnomai-ilmi-toch.pdf