Мактуби  иттилоотӣ

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз санаи 09.02.2023 №АП-321 “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон” (23.12.2022) ва нақша – чорабиниҳои Марказ оид ба амалигардонии катъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон саҳмгузории шарикони рушди устувор дар иҷроиши ин катънома бо иштироки меҳмонони дохилию хориҷӣ тариқи хузурӣ ва маҷозӣ (офлайн” ва онлайнӣ) санаи 15 – уми декабри соли 2023 соати 0900 дар толори маҷлисгоҳи ошёнаи 6-уми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор менамояд.


Самтҳои кории Конфронс:

  1. Усулҳои муосири таҳқиқоти криосфера, пиряхҳо ва қабати барф.
  2. Ҳолати кунунии криосфера, яхбандӣ, пиряхҳо ва захираҳои обӣ.
  3. Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо.
  4. Усулҳои омўзишии гидрохимиявӣ, радиоизотопӣ ва баҳодиҳии пиряхҳо ва сифати обҳои ҷорӣ аз пиряхҳо.
  5. Офатҳои таббиӣ марбут ба барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва роҳҳои кам кардани хисорот ба  хоҷагии халқ.
  6. Таъсири ҳолати экологӣ, санитарӣ ва муҳити зист ба пиряхҳо ва ҳолати яхбандӣ.

Забони кории Конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.


Маводи Конфронс дар маҷаллаи илмии «Криосфера» нашр мегарданд.

Талабот, ороиш ва тартиби қабули маводи Конфронс:

– матни мақола: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ,

– ҳаҷми мавод то 12 саҳифа,

– пешниҳоди мавод бо истифода аз МS Word, ҳуруфчинии Times New Roman ва барои маърузаҳои бо забони тоҷикӣ Times New Roman Tj – 14

– мавод бояд ҷавобгӯйи нақшаи сохтории зерин бошад: – ному насаби муаллифон, E-mail, номи ташкилот (шаҳр, давлат), матни асосӣ, хулоса, номгӯйи адабиёт, калидвожаҳо, маълумот дар бораи муаллифон, инчунин Шарҳи мухтасар (аннотатсия) бо забони маърузаи пешниҳодшуда ва тарҷума бо се забон – тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ;

– ҷадвалҳо бояд номгузорӣ карда шаванд;

– расмҳо дар формати *jpg. Зери ҳар расм ва болои ҷадвали объектҳои сохташуда ном ва рақам гузошта шавад;

– формулаҳо бо навиштаҷоти курсив аз матни асосӣ бо як интервал ҷудо ва рақамгузорӣ шуда, дар марказ ҷой дода шаванд. Рақамҳо дар қавсҳои гирд навишта шуда, дар тарафи рости ҳошия қарор дода шавад. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation бошад;

– қабули маводҳо барои нашр дар шакли чопӣ як нусха бо имзои муаллиф ва бо таври электронӣ бо E-mail: abdkaumov@mail.ru ирсолгардадида, рўйхати иштирокчиёни Конфронс то 10-уми декабри соли ҷорӣ пешниҳод шаванд.

Мувофиқи талаботи пешниҳодгардида, барои як муаллиф як мақола ва ҳамчун ҳаммуаллиф то се мақолаи дигар пешниҳод намудан, иҷозат дода мешавад. Маводе, ки ба талаботи зерин ва мавзуи Конфронс мувофиқ нестанд ва дар муҳлати муайянгардида ирсол нашудаанд, барои нашр тавсия дода намешаванд.


Суроға:

734025 ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ошёнаи 5

(Тел/факс: (+992 37) 2277741; 918985469

*E-mail: abdkaumov@mail.ru

Маълумот оиди бақайдгирӣ (Анкета) ва намунаи мақола дар сомонаи  Марказ  –  сryosphere.tj



НАМУНАИ

Дархост барои иштирок дар Конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳо”

 

Насаб, ном ва номи падар (пурра) _____________________________________________
Номи муассиса, ташкилот ва вазифа (пурра) _____________________________________________
Тарзи иштирок (мустақим ё фосилавӣ) _____________________________________________
Дараҷаи илмӣ, унвон _____________________________________________
Е-mail _____________________________________________
Телефон _____________________________________________
Мавзуи суханронӣ _____________________________________________

 



Намунаи тартиб додани мақола:

ТАҲИЯИ МАВОДИ НАВ

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» www.cryosphere.tj

Аннотатсия: Дар мақола имкони истифодаи тасвирҳои бисёрканали Landsat барои таҳлили ҳолат ва динамикаи равандҳои дар экосистемаҳои табиӣ рухдода баррасӣ карда мешавад. Вариантҳои маъмултарини комбинатсияи каналҳо ва шарҳи маънои физикии онҳо оварда шудаанд. Ҳамчун мисоли амалӣ ҳисобкунии индекси NDVI оварда шудааст, ки нишондиҳандаи фаъолияти фотосинтетикии биомассаи растанӣ мебошад.

Калидвожаҳо:

Матн…

Матн…

Матн.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Адабиёт:

  1. (Бо тартиби ҳарф ва тибқи ГОСТ Р 7.0.11-2011