ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

“Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз омӯзиши чунин арзишҳои муштараки миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онҳоро ба ояндагон талқин медиҳад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки дар заминаи ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ин ду неъмати бебаҳо арзишҳое мебошанд, ки ҳама халқу миллат ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба онҳо ниёз доранд.

Касби маърифат ва баланд гардидани тафаккури афроди ҷомеа метавонад дар таҳкими пояҳои ваҳдату худшиносии миллӣ ва дарки ин арзишҳо ба бунёди тамоми сохтору ниҳодҳои давлатию асолатҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ваҳдати миллӣ ғояи арзишнокест, ки одамон зери мафҳуми он тамоми ормонҳои миллиро дар доираи урфу одат, анъанот, расму оин минтақавию миллӣ офарида, зери шиорҳои баробарию дӯстӣ, авфи гуноҳи якдигар ва зери фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар бурданро ифода мекунад.

Таърих борҳо собит намудааст, ки дар ҷомеае, ки тафаккури созандаву эҷодкор ҳимоятгари манфиатҳои ҷамъиятӣ ва миллӣ нест, зери фармони бегонагон қарор мегирад ва чунин фармонбардорӣ минбаъд ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ба инобат нагирифтани манфиат ва арзишҳои муштараки миллӣ боиси ҷангу низоҳои дохилӣ, байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардида, на танҳо ба давлатҳои рӯ ба инкишоф, балки давлатҳои аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ пешрафта низ бетаъсир намемонанд. Ба қавли Пешвои миллат “Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.

Асри ХХ1-ро, баробари пешрафти рушди илму техника ва кашфу кашфи асрори кайҳон ва сайёраҳо, наметавон ҳамчун асри хушбативу муваффақияти инсоният ном бурд. «Асри ХХ1, на ҳамчун асри равобити ҳасанаи тамаддунҳо, сулҳу ваҳдат, васлшавии муносибатҳои дипламатию роҳи абрешим байни давлат ва фарҳангҳои гуногун аст, балки ҳамчун асри бархӯрди манфиат, маҳвкунии фарҳангҳо ва дар ниҳоят қарни фасоду мусибатборӣ башарият аст. Ба қавли ҷомеашинос Г. Спенср “ҷомеа монанди организме аст, ки аз бемории як узви он тамоми организм азият мекашад”. Чунин назарияро Саъди бузургвор ҳанӯз дар асрҳои миёна хело хуб ёдоварӣ намуда буд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад-т рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Воқеан, ин мисраъҳои пурҳикмати Саъдӣ тамоми муносибатҳои даҳшатбори гурӯҳи террористию экстремистӣ ва давлатҳои манфиатҷӯро, ки имрӯзҳо боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва нобудшавии дастовардҳои моддию маънавии фарҳангии чандинасраи инсониятант, фарогир аст. Дар воқеъ, агар ба мазмуни ин мисраъҳои Саъдӣ дуруст назар афканем, ҳар рӯз барои башарият ҳамчун рӯзи мусибату бадбахтист.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманду иттиҳоди ҷомеаи хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Аз ин рӯ, таҳкими пояҳо ва консепсияҳои ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибию тавонбахши тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ шинохта ва эътироф гардад, яъне “мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот чун ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ бояд ҳимоятгари манфиатҳои миллию давлатӣ коркард ва мавриди пажуҳиши муҳаққиқони ҷомешанос қарор гирад.

Инчунин мақому ҷойгоҳи мафҳумҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти сиёсӣ ҷузъи таркибии тафаккури миллӣ баҳри рушду инкишофи пояҳои давлатдории миллӣ, истиқлолияти миллӣ, иқтисоди миллӣ, фарҳангӣ миллӣ ва тафаккури созандаи миллӣ шинохта шавад.

Ваҳдат мафҳумест, ки бо садо доданаш осоиштагӣ, сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъии ҷомеа ва миллату давлат фаҳмида мешавад. Беҳуда нест, ки таҳкими аркони давлатиро бе рушди фарҳанг, вусъати худоогоҳии шахсу ҷомеа дар ташккули тафаккури миллӣ ва мустаҳкамии он дар ташаккули ҷаҳонбинии инсонҳои бедору худоогоҳ ва ватанпарвару миллатдӯст номумкин донистаанд.

Дар ниҳоят метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як асолати маънавии халқ, симои дурахшони таъриху фарҳанг ва дигар арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст, ки тӯлли ҳазоросолаҳо мавҷудияти онро нигоҳ дошт. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаи моро зарур аст, ин муқаддасотро монанди чор унсури ҳаётан муҳим нигоҳ дораду аз ҳаргуна манфиатҳои шахсӣ волотар гузорад. Имрӯз мардуми моро мебояд, ки дар омӯхтани худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар камари ҳиммат бандад, зеро сипари ҳар як миллат, пеш аз ҳама огоҳии ӯ аз “Кӣ будан” ва “ Кӣ боқӣ мондан”-и он миллат вобастагии муҳим дорд.

Қобили тазаккур аст, ки ҳеҷ як қавму миллат таърих ва мавҷудияти хешро наметавонад бе муттаҳидӣ, ваҳдати воқеӣ, ҷонбозиҳо баҳри ба дастоварии сулҳу оромӣ ва фардои нек нигоҳ дорад.

Ин аст, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пуст.

Имрӯз ҳар яки моро мебояд ин арзиш ва асолатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо дида, бештар ҳифз намоед. Ҳимоя накардани ин муқаддасот, боиси нобудӣ ва азбайнравии фарҳанг, ҳаёти осоишта ва ваҳдату сарҷамъӣ ва нобудии халқу миллат оварда мерасонад. Ваҳдат ва ҳувияти миллӣ арзишҳое мебошанд, ки онҳоро наметавон ба ягон чиз (молу сарват) муқоиса ва харидорӣ кард. Чун вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо вусъатёбии ифротгароию терроризми динӣ-сиёсӣ, куштори бераҳмонаи мардуми бегуноҳ, хатару таҳдиддҳои биологию кимёвӣ, фарҳангию идеологӣ ва ғайра рӯ ба рӯ асту амният ва ҳаёти осоиштаи башарро ба ташвиш рӯ ба рӯ намудааст. Бинобар ин ҳар якеи мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ва ғояи асосии давлатдории миллӣ маҳсуб намоем ва онро миёнаи ҷомеа, бахусус наслҳои ҷавон баҳри бақои амният ва сулҳу суботи давлат тарғиб созем.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ ганҷина ва сарватест, ки онро танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва андешаи мусолиҳатомез ба даст овардан мумкин аст. Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик баракати зиёде ба бор овард ва оварда истодааст. Нишонаҳои онро метавон дар сарҷамъии халқи тоҷик аз парокандагиву дурӣ аз Ватан, гузаштан аз гуноҳи якдигар мушоҳида намуд.

 

Бигузор Ваҳдату Истиқлолияти давлатии Тоҷиикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

 

                     КУМИТАИ ТАДОРУКОТ