Саҳми Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар чорабинии иди Наврӯз
Эй ғунчаи хандида, Навруз муборак бод!
Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави куҳантаърихи мардуми форсизабон мебошад. Ибораи Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Эй ғунчаи хандида, Навруз муборак бод! ,
Эй чашмаи ҷушида, Навруз муборак бод!
Эй камдили тарсида аз ишқ фуру бигзар,
Эй ошиқи шурида, Навруз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфти,
Эй пунбаи болида, Навруз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафти?!
Эй ёри писандида, Навруз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Навруз муборак бод!
Эй чону дилу дида, Навруз муборак бод!
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ Наврӯзи имсола рӯзи 20-уми марти соли 2024, соати 08:06:21 ба вақти Душанбе фаро мерасад.
Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд.
Дар замонҳои қадим иди Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон ихтисос шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Мардум бар ин назар буданд, ки ҳар нафаре ба саҳро баромада аз накҳату насими табиат нафас мекашид, дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ насибаш мегардад.
Дар хусуси Наврӯзу табиати зебои ин мавсим олимону шоирон Шамсуддини Димашқӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон асарҳои зиёде офаридаанд.
«Нухбат-уд-даҳр фи аҷоибил-барр вал-баҳр» («Чакидаҳои замон аз мӯъҷизоти бару баҳр»)-и Шамсуддини Димашқӣ (1258-1327) аз зумраи асарҳоест, ки дар жанри «мӯҷизот» таълиф гаштааст. Яке аз фаслҳои ин китоб ба расму оин, ҷашну маросим ва дину диёнати мардуми эронинажод оид аст. Аз рӯйи маълумоти Шамсуддини Димашқӣ мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Баҳманҷа ва иди Нишасти кӯса будааст.
Наврӯз, қайд мекунад Димашқӣ, маънои «рӯзи нав»-ро дошта, овардаанд, ки Худованд дар ин рӯз нур, яъне Офтобро офаридааст ва афлокро ба гардиш даровардааст.
Наврӯз бо умедҳо ва орзуву ормонҳои нек ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад. Бо ин умед кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар якҷоягӣ бо раёсат ва зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иди Наврӯзи дилафрӯзро дар сатҳи баланд ҷашн гирифтанд. Чорабинии идона бо иштироки собиқадорони соҳаи илму фан ва меҳмонони хориҷӣ дар зери навои табрикоту шеъру сурудхонӣ дар саҳни бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” низ дар фазои идона либосҳои миллиро ба бар карда, дар чорабинии мазкур мизи Наврӯзиро бо ороиши “Ҳафтсин”-у “Ҳафтшин” ва намоиши асбобҳои мусиқӣ саҳм гузоштанд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон иди Наврӯз соли 2009 тибқи муқаррароти Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Иди «Наврӯз»-ро ҳамасола 12 кишварҳои ҳавзаи Наврӯз: Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд. Албатта дар ин самт нақши Пешвои миллат басо назаррас аст.
Бо азми ту, эй Пешво,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Дар арсаи ин дунё,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Аз давраи Сосонӣ,
Бо маснади Сомонӣ,
Бо ёрии Раҳмонӣ,
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.
Ривоят аст, ки агар ҳар кас Наврӯзро бо шодию сурур ва бо покию сафову озадагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол намояд, соли нав барояш соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд.
Наврӯз – ҷашни 6- ҳазорсолаи миллӣ, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё шуд, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон муборак бошад.