Ташаббуси  

АнҷуманиЗанони пиряхшинос”-и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоқикисто

оид ба гузаронидани дарсҳои кушод

дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе

Тибқи супориш ва дастгириҳои  пайваста ва ҳамаҷонибаву башардӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам,  Эмомали  Раҳмон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 августи соли 2023, № 407, дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон карда шудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани саҳми занҳо дар ҷомеа аъзоёни анҷумани “Занони пиряхшинос”-и Маркази омӯзиши пиряхҳо дар ҳамкори бо ассотсиатсияи “Атом”-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, санаи 28-уми феврали соли 2024, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, ш. Душанбе,  бо иштироки  хонандагони синфҳои 6 – 11 дарси кушод гузарониданд.

Дар оғози дарси кушод роҳбари  “Анҷумани занони пиряхшинос” Қаюмова Дилором баромадкунандагонро ба хонандагон муарифӣ намуд. Сипас ходимони илмии Марказ доир ба мавзӯъҳои “Муарифи намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон намудани “Соли 2025- ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Корҳои илми ва экспедитсионӣ дар пиряхои Тоҷикистон” баромад намуданд.

Роҳбари ассотсиатсияи “Атом” оид ба муҳим будани омӯзиши радиатсия дар ҳаёти инсон ва ҳамзамон ва нақши обҳои нушокие, ки аз пиряхҳо манша мегиранд, маълумот дод.

Баъди ҷамъбасти дарси кушод хонандагон барои навиштани эссеҳо, наворгирии видеороликҳои худ ва пешниҳод намудани онҳо дар ҷамъомади бахшида ба рӯзи 21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 14 – уми марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват карда шуданд.

Мавзӯъҳои эссеҳо:

“Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи  ҳифзи пиряхҳо”.

“Ман ифтихор аз сарзамини пиряхҳо дорам”.

“Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи Ватан аст”.

Мавзӯи видеоролик: “Дар таъмини бехатарии муҳити зист ва аҳолӣ бо мо ҳамроҳ шавед!”.