Санаи 21.02.2024 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати олимону кормандони Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо самтҳои фаъолияти марказ шинос шуда, оид ба ҳисоботи пешниҳоднамудаи роҳбарияти Марказ ва аз дастоварду корҳои баанҷомрасонидаи кормандони Марказ натиҷагирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани корҳои ба Марказ нигаронидашуда ба масъулин дастурҳои зарурӣ доданд.
Ҳамзамон оиди аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли 2025 ҳамчун соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани санаи 21 март – ҳамчун рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд. Инчунин қайд карданд, ки вобаста ба ин иќдоми ањамияти сатњи љањонидошта Маркази омӯзиши пиряхњо њамчун маркази илмии махусгардонидашуда дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба омӯзиши пиряхњо ва ҳамчун тарғибкунандаи ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо бояд ҳамеша пешоҳанг бошад.
Дар рафти вохӯрӣ профессор, Хушвахтзода Қ.Х. аз аҳаммияти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», ки санаи 3 январи соли 2024, № 2026 қабул гардида буд, андешаронӣ намуданд. Инчунин аз дастоварди беҳамтои марказ яъне аз нашри аввали Атлас – Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз тарафи мутахассисони марказ бо роҳбарии директори марказ, профессор Қаюмов Абдулҳамид таҳия ва омодаи нашр гардида буд, изҳори хушҳолӣ намуданд. Зикр намуд, ки ин нашрия бевосита ба сарвари давлат пешниҳод шуд ва бо хубӣ пазируфта шуда, барои омода намудани дигар ҷилдҳои Атлас- Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон дастур доданд, таъкид намуд Хушвахтзода Қ.Х. Ва нашри ҷилди якуми Атлас- Каталоги пиряхҳои Тоҷикистонро дар давраи истиқлол ва фаъолияти марказ дастоварди беназир шумориданд. Бояд қайд кард, ки нашри Атлас- Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон дар давоми 50 соли охир якумин нашр ба ҳисоб меравад.
Профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар охири вохурӣ дар фазои озоди илмӣ оиди саволҳо ва пешниҳодҳои мутахассиони марказ суханронӣ намуданд ва аз мушкилиҳои фаъолияти марказ огоҳ шуда, ваъда доданд, ки кӯмаки хешро дар самти пешбурди фаъолияти марказ дареғ намедоранд.
Аз ҷумла корманди марказ Ҳомидов Фаррух ба самъи президенти Академияи миллии илмҳо расонид, ки мутахассисони марказ дар экспедитсияҳои зимистона ҳангоми барфченкунӣ, ки ғафсии барф аз 1 метр зиёд аст, ба лижа эҳтиёҷ доранд ва дар болои барфи баланд бе лижа роҳ рафтан ғайриимкон аст. Ва қайд намуд, ки то ҳол марказ лижаҳоро ба иҷора мегирад ва ин мушкилӣ ҳамасола маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҷавобан профессор Хушвахтзода Қобилҷон ваъда доданд, ки дар асоси имконоти мавҷуда марказро бо чунин таҷҳизот таъмин менамоянд.
Инчунин Кабутов Хусрав мудири шӯъбаи Монитороинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС-технология изҳор намуд, ки шӯъбаи мазкур чун бо корҳои зондиронии фосилавӣ машғул аст, аз компютерҳои баландиқтидори замонавӣ танқисӣ мекашад.
Қаюмова Дилором – сарвари анҷумани Занҳои пиряхшинос иброз дошт, ки аъзоёни ассосиатсияи мазкур моҳияти ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷаноби Олӣ марбут ба масоили обу иқлим ба монади эълон гардидани Соли 2025 – ҳамчун соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани санаи 21 март – ҳамчун рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳоро дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тарғибу ташвиқ мекунанд. Номбурда пешниҳод кард, ки дар сатҳи Академияи миллии илмҳо ва зерсохторҳои он санаи 21 март ҳамчун рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта шавад.
Дар умум профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати таъмин ва сайқал додани самтҳои фаъолияти марказ, кор бо шуъбаи Робитаҳои байналмилалӣ, оиди зиракии сиёсӣ, эҳтиёт шудан аз гурӯҳҳои ифротӣ, ҳурмату эҳтиром якдигар, дастгирии ҷавонон ва кӯмак намудани онҳо барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ таъкид ва суханронӣ намуданд.
Дар охири вохӯрӣ директори марказ Абдулҳамид Қаюмов, профессор Хушвахтзода Қобилҷонро бо чунин як вохӯрии судманд ва гуфтушунид дар фазои озоди илмӣ изҳори миннатдорӣ карданд.