Таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илми муосир” санаи 21-уми феврали соли 2024 дар толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати АМИТ 10- умин Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқи Насиба, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Юсуфӣ Хайринисо ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси мазкур ходими пешбари МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Қаюмова Дилором доир ба мавзуи «Саҳми анҷумани “Занони пиряхшинос” дар пешрафти ибтикори панҷуми Пешвои миллат – эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”» баромади худро пешкаши ҳозирин намуд.
Дар доираи баромади худ Қаюмова Д. оид ба ҳолати муосири пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, саҳми занон-олимони пиряхшиноси МДИ “МОП АМИТ”-ро дар рушди илми пиряхшиносии Тоҷикистон қайд намуд.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мактаби пиряхшиносӣ таъсис ёфта истодааст ва саҳми занон дар он бебаҳо ва назаррас мебошад.