Ҳамкорони азиз! Боиси хурсандӣ аст, ки 31-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ дар замоне таҷлил гардида истодааст, ки мамлакат дар шароити сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор мегардад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш Қувваҳои Мусаллаҳи худро дар шароити ҳассоси сиёсӣ таъсис дод, ки имсол 31-солагии онро таҷлил менамоем, то ин муддат он хеле таҳкиму тақвият ёфтааст.
Санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тавр 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои арзишманди даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, ҳамагӣ 31-сол инҷониб фаъолияти назаррас доранд. Вобаста ба ин Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд карданд:
“Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Вақте, ки мо дар боби ватандустӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва тамоми марзу буми кишварро дар назар дорем”.
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо бо 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши Миллӣ табрику таҳният гуфта, барои Шумоён мардонагӣ ва ҷасоратро дар ҳама самтҳо ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан таманно дорам.
Бо эҳтиром, директори МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”,
профессор Абдулҳамид Қаюмов.