ПЕШВОИ МИЛЛАТ- БУНЁДГАРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Боиси хурсандӣ аст, ки 31-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ дар замоне таҷлил гардида истодааст, ки мамлакат дар шароити сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ баргузор мегардад.

Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати вазнину ноором қарор дошт ва дар кишвар қариб ки низомиёни касбӣ вуҷуд надоштанд. Дар баробари ин, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардида буд. Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври расмӣ амалан сурат гирифт.
Санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тавр 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар ин замина Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои арзишманди даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, ҳамагӣ 31-сол инҷониб фаъолияти назаррас доранд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ошубҳои дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Албатта, бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба як нерӯи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш қарор дошту аз як сохти давлатдорӣ ба кишвари соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил меёфт, дар он солҳо кори осон набуд. Чунки Тоҷикистони навбунёд, аввалан барои таъсиси Артиши миллии худ ягон заминаи моддиву техникӣ надошт. Бар замми ин, вобаста ба вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ, кишвари мо ба буҳрони вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ гирифтор шуда буд.
Новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол, дар он солҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуд.
Ҷавонони бо нангу номуси мо мисли падару бобоёни худ амал карда, аз таҷрибаи ҷангиву корнамоии қаҳрамононани онҳо дар солҳои ҶБВ, ва бо амри Ватан адо кардани қарзи интернатсионалистӣ дар давлатҳои Куба, Ветнам, Афғонистон ва давлатҳои дигар сабақ омӯхта, ворисони ҳақиқии гузаштагон буданашонро дар амал нишон доданд.
Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар қатори дигар фарзандони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷавонони Тоҷикистон баҳри муҳофизати Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳуҷуми фашистон беш аз300 ҳазор нафар сафарбар шуда, дар набардҳои хунини ин ҷанги даҳшатнок иштирок намуда, қаҳрамонии бе мислу монанд нишон доданд, 92 ҳазори онҳо дар ҷанг ҳалок гардида, 64 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ифтихори таҷлили 22-юмин солгардитаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли2015 дар ин хусус чунин иброз намуда буд: «Мо Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар Артишро дар ҷои воқеъан холӣ таъсис додем ва имрӯз чуноне, ки мебинед таъминоти ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем. Ҳамзамон бо иназ ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити истироҳату фароғати низомиён ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Боиси фахр аст, ки дар як давраи тақдирсоз ва хеле мудҳиши сиёсӣ фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва зимоми давлатдориро ба даст гирифта, нахуст гурезагону мардуми ҷангзадаро аз парокандагӣ эмин доштанд, сулҳу суботро дар кишварамон пойдор карданд ва давлатро аз завол наҷот доданд. Ба ғайр аз ба эътидол овардани иқтисоди кишвар бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилоти сиёсиву стратегӣ тавонистанд Артиши миллиро аз ҳайати ҷавонони ҷасуру бебок ва сарсупурдаи Ватан таъсис диҳанд. Дар ин ҷода бо ҳисси баланди миллӣ ва ғурури тоҷикона аз самими қалб чунин қайд мекунам:
-Шараф ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!!!
Пешвои миллат ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва кафили сулҳу салоҳ баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии низомиёни кишвар ҳамеша ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдидаву ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни асосии давлатдории миллӣ шинохта шудааст.
Убайдулло Убайдуллоев – ходими калони илмии Муассисаи давлати илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”