Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз АБНА дастгоҳи муосири омӯзиши пиряхҳоро барои таҳқиқотҳои саҳроӣ дастрас намуд
Маъмур: cryosphere 26-12-23 194
Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз АБНА дастгоҳи муосири омӯзиши пиряхҳоро барои таҳқиқотҳои саҳроӣ дастрас намуд
Бо шарофати ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки доираи корҳои илмию таҳқиқотии омӯзиши пиряхҳо васеъ шавад ва ба сатҳи байналмиллалӣ ҷавобгӯ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат кунанд.
Соли 2023 барои фаъолияти олимони тоҷик дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», алахусус лабораторияи «Сифати об, изотопҳо ва санитария» яке аз солҳои самараноктарин ба назар мерасад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии АБНА TAD7004 – «Ташаккули иқтидори миллӣ оид ба арзёбии ҳолати пиряхҳо ва қабати барф дар шароити тағйирёбии иқлим», ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва ёвари ҳамоҳангсози миллӣ, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ Олимҷон Азизов ботантана ба профессор Қаюмов Абдулҳамид, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ду маҷмӯъ (комплект) асбоби бисёрпараметрии MultiLine Multi 3630-ро супориданд.
Бояд қайд намуд, ки қабл аз ин “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар чаҳорчӯби рушди мактаби пиряхшиносӣ ва пешбурди илм аз АБНА барои гузаронидани таҳқиқотҳо таҷҳизот дарёфт намуда буд. Анализатори лазерии PICARRO таркиби устувори изотопии пиряхҳо, қабати барф ва обҳои пиряхиро муайян мекунад. Марказ инчунин хроматографи муосири иониро барои таҳлили сифатии намунаҳо аз пиряхҳо, қабати барф ва қисмати обшудаи пиряхро дастрас намуд. Хроматографи ионӣ имкон медиҳад, ки пиряхҳо ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав омӯхта шаванд.
Бо дастгирии АБНА озмоишгоҳи «Сифати об, изотопҳо ва санитария», ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, имкон медиҳад, ки равандҳои гидрологии пиряхҳо ва қабати барф омӯхта шавад, инчунин механизмҳои таназзули пиряхҳо барои таҳияи минбаъдаи тадбирҳои мутобиқшавӣ барои нигоҳ доштани пиряхҳо муайян карда шаванд.
Омӯхтани пиряхҳо дар минтақаҳои дурдасти баландкуҳ корҳои экспедитсиониро талаб мекунад, ки дар он асбобҳои саҳроӣ лозим мебошанд.
Дар доираи лоиҳа инчунин ду маҷмӯъ асбобҳои бисёрпараметраи MultiLine Multi 3630 дастрас карда шуданд, ки дар онҳо бо як дастгоҳ якчанд параметрҳоро чен кардан мумкин аст.
Дар шароити саҳроӣ асбоби универсалии ченкунӣ барои дар як вакт чен кардани чунин нишондиҳандаҳо пешбинӣ шудааст:
-
рН;
-
потенсиали оксидкунанда-барқароркунанда;
-
оксигени гудохташуда;
-
ноқилият;
-
тирагӣ.
Кори ин лабораторияро се гуруҳи коргарон ба ҷо меоваранд.
Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои мушаххасро доранд:
-
гурӯҳи шабакавӣ барои ҷамъоварии намунаҳо аз ҳавзаҳои дарёҳо ва боришотҳо;
-
гуруҳии экспедитсионӣ, ки аз пиряхҳо, барфҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва обҳо аз қисми обшудаи пирях намуна ҷамъоварӣ мекунад;
-
статсионарӣ (лабораторӣ), ки кори доимӣ, таҳлил ва омӯзиши намунаҳоро таъмин менамояд.