СУПОРИДАНИ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ДАР АНТАРКТИДА АФРОХТАШУДА БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Маъмур: cryosphere 26-11-23 268
Раёсати Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таърихи 23 ноябри соли 2023 дар чорабинии сиёсии давлатӣ бахшида ба таҷлили рӯзи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин мавзуъ “Ҳамоиши идона ва тақдими расмии нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар Антарктида афрохташуда”, ки дар МД «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ширкат намуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, вазорату идораҳо, муассисаву оҷонсҳои хабарӣ, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
Аҳамияти таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рамзи давлатӣ, ки мавҷудияти он аз ҳашамату азамати миллати тоҷик дарак медиҳад барои ҳар як фарди ҷомеаи мо ниҳоят арзишманд аст. Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва шаҳодати ҳувияти миллии худ басо ҷонбозиҳо намудааст ва маҳз бо партавафшон шудани Парчами давлатӣ ва рамзҳои дар он дарҷёфта нуфузи ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон арҷгузорӣ мешавад. Имрӯзҳо бо вуруд шудан ба мақомоту идораҳо, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва шаҳрҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо партавафшон шудани Парчами давлатӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки он нишони азамату устувории миллати тоҷик мебошад. Аз ин ҷост, ки баландтарин Парчам дар Осиёи Маркази маҳз дар ҶТ бунёд шудааст, ки дарозии он 165 метр мебошад.
|
|
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008-2009 аввалин экспедитсияи Антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки тавассути он дар Антарктида Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби профессор Қаюмов Абдулхамид. барафрохта шуда буд. Ин амал собитгари таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.
Дар ҷараёни таҷлили чорабаниии сиёсӣ директори МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Қаюмов А. суханронӣ намуда, чунин гуфт: Экспедитсия якуми Тоҷикистон ба Атарктида ду ҳадаф дошт, аввалан, барафрохтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлоли дар Қитъаи Шашум – Антарктида, ки ин муаррифгари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дуюм бошад гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар чорчубаи Соли Байналмилии қутбӣ буд. Экспедитсияи якуми Тоҷикистон ба Антарктида аз моҳи ноябри соли 2008 то моҳи июни соли 2009 давом кард ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 январи соли 2009 афрохта шуда ба Ҷаноби Олӣ телеграммаи расмӣ аз анҷоми супориш хабардиҳанда фиристода шуд.
Филми мустанаде, ки аз тарафи профессор Қаюмов омода шуда буд манзури ҳозирин карда шуд. Ин филм аз давраи супоридани парчам, то бурда барафрохтан ва бозгашт маълумоти пурра дошт. Як лаҳзаи ҷолиби қайд аст, ки ҳангоми фуровардан ва ҷамъ намудани парчам, чунин гуфта мешавад «ин парчам барои наслҳои оянда бурда ба таври расмӣ ба Осорхонаи миллӣ супорида мешавад». Имрӯз ин гуфтаҳо амалӣ шуданд ва парчам ба Осорхонаи миллӣ барои муаррифӣ намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлол супорида шуд.
Дар интиҳо профессор А. Қаюмов парчаме, ки дар сардиҳо дар Антарктида афрохта шуда буд расман ба раёсати Осорхонаи миллӣ супурд ва қайд намуд: “Чунин амал барои насли ояндасоз нишони дастовардҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши криосфера ва пиряхшиносӣ мебошад”.
Имрӯзҳо дар МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мактаби илмии пиряхшиносон ва дигар анҷуманҳои муфид аз қабили занон ва пажӯҳишгарон фаъолият менамоянд, ки мутаалиқи заҳматҳои профессор Қаюмов А. мебошанд ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда низ олимону мутахассисони он давомдиҳандагони иқдоми барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чунки то имрӯз ин анъана дар МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз шуда, тавассути олимону мутахассисони он дар рафти анҷоми экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои саҳроӣ дар қуллаҳои баландтарини ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар сурат мегирад.