Дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи илми дар мавзӯи “Пешвои миллат – кафили рушди илмї пиряхшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад  доир гардид.

Санаи 15 – уми ноябри соли 2023 дар Маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо иштироки кормандон ва муҳаққиқон оид ба рӯзи Президент ҷамъомади ботантана ва филмномаи корнамоиҳои президент “Марди роҳ” баргузор гардид.

Ҷамъомадро Директори муассиса Абдулҳамид Қаюмов ифтитоҳ намуда, сараввал кормандони марказро ба ин ҷашни пуршукуҳ табрику таҳният гуфта сипас дар бораи вазъи кунунии пиряхҳо ва  ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо  ибрози назар намуд.

Зимни баромад А. Қаюмов иброз доштанд, ки Роҳбари кишвар ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар раванди гармшавии глобалӣ диққати махсус зоҳир намуда, аз соли 2009 дар тамоми суханрониҳояшон дар сатҳи ҷаҳонию дохилӣ оиди пешгирии ин масъалаи муҳими умумиҷаҳонӣ аз минбари баланди СММ баромад менамуданд.

Маркази мо бевосита бо дастгири ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст. Такилшавии марказ ба мо имконият дод, ки имруз мактаби пиряхшиносӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоро ташкил диҳем ва Каталоги пиряхҳои Тоҷикистонро таҳия намоем. Ин нашрия натиҷаи аввалин барӯйхатгирии воқеии пиряхҳо мебошад. Каталоги таҳияшудаи пиряхҳо ҳамчун сарвати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешавад, ва албата ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дастрас шуданд.

Сипас, Фаррухи Набӣ  ва Саидзодаи Хатича – кормандони марказ дар бораи ин ҷашни фархунда бо баромадҳои ҷолибашон диққати муҳаққиқони марказро ба шуд ҷалб намуданд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати пешқадам эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи хифзи пиряхњо пеш мебарад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабули қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон доштани 21 март мебошад.

Мақсади асосии ин беҳтар намудани муколамаи минтақавӣ ва огоҳӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва ҳолати пиряхҳо дар қитъаи Авруосиё, фаҳмиши амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба мониторинг ва омӯзиши ҳолати криосфера ҳамчун яке аз унсурҳои асосии баланд бардоштани муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкорӣ ва интиқоли таҷриба байни минтақаҳои Аврупо ва Осиё дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.

Баъди ин баромадҳо дар бораи рӯзи Президент филмномаро дар бораи корнамоиҳои Президент “Марди роҳ” намоиш дода шуд.

Дар идома ва фарҷоми ин филм Маъмурияти муассиса дар бораи азобу уқубатҳои ҷанги бародаркӯшӣ ба аҳли нишаст  фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд. Директори Марказ чунин иброз дошт, ки  ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи ватанпарастонаи Президенти кишварамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон миллати парокандаи тоҷик боз ба ҳамдигар муттаҳид гардидаву ҳамзамон  оташи ин ҷанги хонумонсӯз ба шарофати талошу ҷонбозиҳои қаҳрамононаи ин абармарди миллат хомӯш гардид ва Тоҷикистони азизу арҷмандамон аз вартаи фаношавӣ берун омад.