МАШВАРАТИИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВА ОСИЁИ МИЁНА ДАР МАВЗУИ «ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ – ТАНАЗЗУЛИ ПИРЯХҲОИ КУҲӢ»
Маъмур: cryosphere 09-10-23 243
6 октябри соли 2023 машварати байналмилалии “Тағйирёбии иқлим – таназзули пиряхҳои куҳӣ” тавассути видеоконфронс баргузор гардид, ки дар он олимон ва коршиносони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Дар машварат зикр шуд, ки Федератсияи Русия татбиқи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”- ро дар соли 2025 ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст, ки фаъолона иштирок намояд.
Дар машварат директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзӯи «Вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон ва усулҳои инноватсионӣ барои омӯхтани онҳо» баромад намуд.
Профессор А.Қаюмов ба иштирокчиёни машварати байналмилалӣ оид ба вазъи ҳозираи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 маълумоти муфассал дод. Профессор А. Қаюмов қайд намуд, ки шабакаи мониторинги пиряхҳо таъсис дода шудааст, ки тамоми ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтаро, дар баландиҳои 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр мушоҳидаҳои даврӣ мегузаронад.
Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки истгоҳи (стансия) пиряхи Ванҷях (Федченко) аз соли 1994 то ин ҷониб фаъолият намекунад. Яке аз вазифаҳои асосии Марказ дар доираи татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барқарор намудани мониторинги мунтазами доимӣ дар пиряхҳо мебошад. Соли 2023 истгоҳи (стансия) Горбунов 90-солагии худро ҷашн мегирад. Дар робита ба ин, Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ба пиряхи Ванҷях (Федченко) экспедитсияи муштарак ташкил намуд. Дар айни замон як гуруҳ олимон корҳои таҳкикотӣ ва махсусан омӯхтани ғафсии пирях ва интихоб кардани минтақаи таҳкикоти минбаъдаи пиряхи номбурдаро пеш мебаранд.
Марказ кӯлҳои пиряхии хатарнокро назорат мекунад ва ин равандҳоро мӯътадил мекунад, чунки сел дар маҷрои болооби дарёи Вахш метавонад боиси ифлосшавии дарё гардад, ки дар оянда лойшавии обанборҳои Норак ва Роғунро ба вуҷуд орад. Дар ин мавзеъ, барои омӯхтани ин минтақа ва пешгирии лойшавии обанборҳои Роғун ва Норак бо идораю вазоратҳои дахлдор таҳқиқотҳои якҷоя ва экспедитсияи комплексиро гузарондан зарур аст.
Дар охир профессор А.Қаюмов изҳор дошт, ки аз ҷониби Марказ се ҳуҷҷат омода карда шудааст, ки асоси ҳамкориҳои минбаъдаи муштарак мебошанд: Консепсияи ташкил ва гузаронидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар соли 2025, Барномаи илмӣ ва Нақшаи чорабиниҳо.
Дар қатънома қайд шудааст, ки хулосаҳо ва натиҷаҳои муҳокима дар ҳошияи Иҷлосияи 28-уми чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим (декабри соли 2023, Дубай, АМА) пешниҳод карда мешаванд.