Ба ифтихори  26 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ

САРОҒОЗИ  ТАШАББУСҲОИ БУЗУРГУ  НАҶИБ

«Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ на танҳо дастоварди Истиқлоли давлатӣ, балки мисли ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодӣ ва сулҳу суботӣ сартосарӣ пазируфта шудааст. Ваҳдати миллӣ ҳамзамон кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва амнияту суботи кишвар мебошад. Он ҳамчун як омили пешрафти сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлати мо, шабеҳи қутбнамоест, ки дар тафаккури мардуми тоҷик нақши бориз дорад. Аз ҷониби дигар моҳияти сулҳу Ваҳдати миллӣ дар шароити  соҳибистиқлолии Тоҷикистон якчанд ҷанбаи нави маъноиро касб мекунад, ки хоси давлати демократии дунявӣ мебошад.

Орзуи ягонагӣ ва ваҳдатгароӣ аз бостон то ба имрӯз яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин неъмати бебаҳое ба шумор меравад, ки инсоният ҳамеша пайи амалӣ шудани он мебошад. Зеро Ваҳдати миллӣ мисли нафарест, ки инсон ҳар лаҳзаи зиндагӣ ба ӯ ниёз дорад. Чунки дар тӯли ҳазорсолаҳо мардумони кишвари соҳибзафари мо бештари умрашонро баҳри дифои марзу буми аҷдодӣ  ва фарҳангу забони нобаш аз аҷнабиёни истилогар бахшидаву ҳамвора Ваҳдати миллиро тимсоли оби бақое дар решаву бунлоди хеш донистаанд. Дар ҳар давру замон аз ин гуна муқаддасоти хеш дифо кардаву алорағми бедодӣ дар дил ғаму ғуссаву дар лаб табассум доштааст.

Шоири ваҳдатсарои мо Аҳлиддини Ҳисорӣ бошад ин гуна бузургии халқи худро чунин тараннум кардааст:

Ҳамдилии мардуми мо ваҳдат аст,

Ҳаммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст.

Дар ҳама ақсои дунёи бузург,

Дӯстии ҷовидон аз ваҳдат аст.

Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддаси он чун сулҳу субот  ва Ваҳдату ҳамдигарфаҳмии  ҷомеа  муайян месозанд.  Хушбахтона,  маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол аз лаҳзае, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ мушарраф гашт, саҳифаҳои  наве дар таърихи давлату давлатдориаш марҳала ба марҳала боз шуд. Яъне ба вуқуъ пайвастани сулҳу Ваҳдати миллӣ сароғози ташаббусҳои бузургу наҷиб дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва инчунин созандагию бунёдкориҳояш гардид, ки дастоварди бузургу нодир ва таърихиест.

Меъмори кохи устувори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки: “Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини  миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистони азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард арҷ гузорад ва таҳкими  сулҳу Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гаштани он ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳад.”.

Самараи сулҳу  Ваҳдати миллӣ маҳз ба  шарофати талошу  бедорхобиҳо ва ҷасорати фарзанди шуҷои Ватан, Қаҳрамони  Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи вуҷуд омад, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон шароити осоишта фаро расида, имрӯз кишварамон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ эътибору арзиши олии худро дар байни дигар давлатҳои дунё соҳибанд. Бинобар ин ҳар яки мо муваззафем, ки беҳтарин арзиши муқаддасу бебаҳои миллати тоҷик асосҳои Ваҳдати миллиро аз хатару таҳдидҳои муосир дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамеша ҳифз намоем ва онро гиромӣ доштаву ҳамзамон арҷ гузорем.

Лозим ба тазаккур аст, ки пас аз Истиқлоли сулҳу Ваҳдати миллӣ 27- уми июни соли 1997 ҳамагон ба сарвар ва  поягузори ин ваҳдати  сартосарӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ мекунанд, ки  мардумро ба сарљамъӣ  ҳидоят намуд.

Ба ин марди Худо, аз љону дил шукрона бояд кард,

Дуои давлату љонаш, ба ҳар як хона бояд кард.

Ҳама умр  эътирофи хизматаш, мардона бояд кард,

Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард.

Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

Ватан обод бо ин раҳбари фарзона бояд кард.

Маҳз матонату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо хиради азалии мардуми шарифи кишварамон имкон фароҳам овард, ки бо аввалин қадамҳо ва иқдомҳои боризи худ дар дили садҳо ҳазор нафар ҳамватанони иҷборан муҳоҷират карда, шуълаи умед бахшаду ниҳоятан онҳоро ба  Ватани авлодӣ ва марзу буми аҷдодӣ бозпас баргардонад. Бояд гуфт, ки дар Ваҳдати миллӣ на молу амвол, на тиру туфанг ва на таҳдиду фишор нақши бориз дошт, балки танҳо фарҳанги миллӣ ва инчунин эҳтироми гузаштаву имрӯза манзалати махсус пайдо кард. Ва дар интиҳо танҳо бо такя ба ин фарҳанги миллию пурғановат давлат сохта шуд, сулҳи деринтизори мо ба ибораи устод Лоиқ Шералӣ офарида шуд, Ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик неруву тавони дубора ва ҷон бахшид.

Мусаллам аст, ки соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддаси он чун сулҳу субот ва Ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҷомеа  муайян месозанд.  Хушбахтона,  маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол аз лаҳзае, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ мушарраф гашт, саҳифаҳои  наве дар таърихи давлату давлатдориаш марҳала ба марҳала боз шуд. Яъне ба вуқуъ пайвастани сулҳу Ваҳдати миллӣ сароғози ташаббусҳои бузургу наҷиб дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва инчунин созандагию бунёдкориҳояш гардид, ки дастоварди бузургу нодир ва таърихиест.

Ҳақ ба ҷониби файласуфи бузурги олмонӣ Освалд Шпенглер аст, ки дар бораи чунин шахсиятҳои нотакрор ва мардони сулҳдӯсту ваҳдатофар басо ҳам  хуб фармудааст, ки мардони бузурги таърихӣ сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд. Ин гуфта маҳз ба Роҳбари  давлати тоҷикон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқанд, ки боиси ифтихори мо мардум маҳсуб меёбад. Чунки ба пиндори мо дар лаҳзаҳои басо ҳам ҳассос ин марди хирадманд ва сиёсатмадори одилу оқил тавонист, ки манофеи миллату давлатро аз ҳама чиз болову воло гузошта дар бунёди  пояҳои устувори нахустини ойини давлату давлатдорӣ саҳми боризи худро гузорад. Ба фармудаи Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд устод Бозор Собир гӯем:

Номи туро нависем эй қаҳрамони Ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Абдулҳамид ҚАЮМОВ, профессор