ИШТИРОК ДАР КОНГРЕССИ

ДАҲУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЭКОЛОГӢ

 

Рӯзҳои 25 ва 26 – уми майи соли 2023 дар Қасри Тавриди шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия Конгресси X – уми  экологӣ дар мавзуи «Экология: ҳуқуқ, на имтиёз» барпо гардид.

Раиси Шурои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар ҷараёни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки Санкт – Петербург ҳамеша ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Валентина Матвиенко ҳамзамон иброз дошт, ки Конгресс одамони ҳамақидаи мамлакатҳои гуногунро гирд овардааст, ки дар назди худ онҳо фақат як ҳадафи умумӣ – наҷот додани олами гирду атрофи моро бо тамоми гуногунию рангорангии он ва инчунин бо мақсади бехатар ба наслҳои оянда супурдани сайёра гузоштаанд. Мавсуф ҳамзамон дар рафти суханронии худ қайд кард, ки имсол дар рафти баргузории Конгресс намояндагони зиёда аз 50 мамлакати ҷаҳон ва инчунин қариб 1,5 ҳазор нафар одамон иштироки фаъолона доранд.

Суханронии Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замин Рустам Латифзода ба ҳайси раис дар Конгресс.

 Платформаи мубоҳисаи Конгресс барои муҳокимаи мавзуъҳои асосии соҳаи ҳифзи табиат ва инчунин самаранок истифода бурдани сарватҳои табиат, мустаҳкам намудани ҳамкории байнипарламентҳо оид ба масоили ҳамоҳангсозии қонунгузории экологӣ, мусоидат ба ташаккули системаи байналхалқии бехатарии экологӣ иборат буд.

 Лаҳзае аз рафти баргузории Конгресс дар толори маҷлисгоҳ.

Ташкилкунандагони солгарди Конгресси X – уми байналхалқии экологӣ Ҳукумати Федератсияи Русия, Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштарулманофеъ ва инчунин Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия ба ҳисоб мерафтанд.

Иштирок дар Конгресси X – уми байналхалқии экологӣ.

 Сипас, дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ – Қасри Таврид мизи мудаввар дар мавзуи «Иқлим: чолишҳои нави аср» баргузор гардид. Зимни баргузории мулоқот инчунин масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонии экологӣ, ҳамкории давлатҳо, соҳибкорон ва ҷомеа, дурнамо ва мушкилоти рушди идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ дар кишвар мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокчиёни ин Конгресси бонуфуз ва сатҳи баланд қарор гирифт.

Акси хотиравӣ бо вазири сарватҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Россия (Вазорати захираҳои табиии Россия) Александр Александрович КОЗЛОВ (аз тарафи чап) ва директори Институти Арктика ва Антарктида  (ААНИИ) Александр Сергеевич МАКАРОВ (аз тарафи рост) ва профессор Абдулҳамид ҚАЮМОВ (дар мобайн).

Чорабинии сексиониро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замин Рустам Латифзода ва вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия  Вячеслав Фетисов баргузор намуданд.

Рустам Латифзода зимни суханронии худ қайд кард, ки “Ҳадафи асосии ҳар як Конфронси байналмилалӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим мебошад. Натиҷаи ин гуна азму талошҳо ва тадбирҳои андешидашудаи судманд ба рӯзномаи амнияти иқлим, экологӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ дохил карда шудааст”.

«Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, вайроншавии муҳити зист ва тасмими беэҳтиётона ё худ ягон намуди ҳаракати беҷо  метавонад, ки барои насли оянда таъсири бештари худро гузорад ва боз равандҳои гӯшношуниду бебозгашт ба миён оянд, ки мо дигар аз уҳдаи он баромада наметавонем», – изҳор дошт Вячеслав Фетисов ҳангоми суханрониаш ва ҳамзамон мавсуф қайд кард, ки ягона роҳи халосӣ ин пеш аз ҳама муттаҳид кардани кӯшишҳои тамоми кишварҳо ҷиҳати пешгирии таҳдид аз хавфу хатарҳои ногаҳонӣ ва фавқултабиии эҳтимолӣ буда метавонад.

Дар сурат: Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замин Рустам ЛАТИФЗОДА ва директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Абдулҳамид   ҚАЮМОВ дар ҷараёни баргузории ҷаласаи пленарии Конгресси Х-уми байналхалқии экологӣ.

 Дар рафти баргузории Конгресс, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи «Тарзҳои муосир ва инноватсионии мониторинги пиряхҳо, қабати барф дар шароити тағйирёбандаи иқлим» маърӯза кард. Мавсуф перомуни саҳми ҷумҳурӣ дар омўзиши масоили обшавии пиряхҳо ва барномаҳое, ки мушкилоти таназзули онҳоро ҳал мекунанд, сухан ронд. Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23-юми апрели соли 2018 Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки айни замон дар он беш аз 60 нафар мутахассисони соҳавӣ кору фаъолият мекунанд ва он яке аз  калонтарин маркази бонуфузи илмӣ ва дорои мутахассисони ҳирфавӣ дар бахши пиряхшиносии дар сатҳи  ИДМ ба ҳисоб меравад.

Баромади профессор Қаюмов Абдулхамид дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Конгресси Х-уми байналхалқии экологӣ.

Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Метереологӣ (СУМ) – (ВМО) ва иштирокчии таҳқиқоти қутбӣ (Антарктика) ва кишвари ташаббускор омода аст, ки дар татбиқи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025” фаъолона иштирок намуда ҳамзамон дар  якҷоягӣ бо шарикон саҳми зеҳнӣ, техникӣ ва институтсионалии худро доир ба ин масъала бештар аз пештар гузорад

Муҳим он аст, ки ҳавасмандии тарафайн баҳри боз ҳам баланд бардоштани иқтидори илмӣ тавассути ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои таҳқиқотӣ дар самти татбиқи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025” бо уммеди ба даст овардани донишҳои нав дар бораи равандҳои криосфера, гидрометеорологӣ ва геофизикӣ дар минтақаҳои кўҳӣ ва қутбӣ ва ба манфиати тамоми инсоният нигаронида шавад.

Зимни баромади пурмуҳтавои худ профессор Абдулҳамид Қаюмов  қайд кард, ки ҷонибҳои манфиатдор метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳое, ки дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҳия шудаанд бемамоният ва тариқи ихтиёрӣ иштирок намоянд:

  • Консепсияи иштироки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар самти омодагӣ ва баргузории “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 якҷоягӣ бо шарикони рушд”.
  • Барномаи илмии иштироки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар масъалаи омодагӣ ва баргузории «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 дар якҷоягӣ бо шарикони рушд».
  • Нақшаи чорабиниҳо оид ба иштироки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2023-2025) дар якҷоягӣ бо шарикони рушд».

Дар фарҷом метавон қайд намуд, ки Маркази мазкур ҳамеша  омодааст, ки бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба таври мунтазам ҳамкории қавӣ барқарор карда, экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ташкил намуда ва таҷрибаи худро дар ин самт мубодила намояд.