ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ  МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ОМЎЗИШИ ПИРЯХҲОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД

 

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № АП 321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилиӣ ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.12.2022), нақша чорабиниҳои марказ ва амалигардонидани қатъномаи СММ “”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”ва Даъвати Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқи демократи Тоҷӣкистон дар вилояти Суғд барои иштирок дар ҳамоиш ва семинарҳои митақаи ҳуҷанд пешбини шудааст барои иштирок ва баён  намудани маъруза, ки  аз  санаи 26.04.2023 то  29. 04. 2023 иштирок доштанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назарияви  дар мавзуи “Пешвои миллат ва рушди илми Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон ва Ҳаъзоёни ҳизби Халқи демократи Тоҷӣкистон аз  вилояти Суғд иштирок доштанд.

 

Аз он ҷумла  дар ин конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон; муовини раиси  вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода;  муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ;

Бароманкунандагон ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд. Аз он ҷумла қайд намуданд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Зимни баромад қабул ва дастгирии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 154 кишвари узви СММ-ро ёдовар шуда, ин ташаббусро ҳамчун иқдоми беназир ва нодир арзёбӣ намуд.

Инчунин 29.04.2023 дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони Ташабусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бобати ҳифзи пиряхҳо”, ки дар Муасисаи таълими давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат  бо ташабуси роҳбарияти ин муассисаи таълими ва ташкилоти ҷамъияти “Гляциолог” Факултети ва геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” оид ба эълон намудани соли 2025 соли ҳифзи пиряххо конфронсӣ илмӣ-фарҳанги баргузор гардид дар он ширкат намуда ва бо маъруза баромад намудем.

Профессор Каюмов А дар баромади худ қайд намуд, ки ташкил шудани  Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ин бошарофати истиқлолият муяссар шудааст ва дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи навбатии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми декабри соли 2017, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 162 ва Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 23 – юми апрели соли 2018, дар назди Академия таъсис ёфтааст, ки дар ҳаёти стратегии кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид ба ҳисоб меравад.

Ба диққати ҳозирин расонида шуд, ки  пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт, боз як бори дигар тасдиқ намуд, ки “Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳо Рӯзи 14 – уми декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Қабули чунин як Қатънома муфид боиси ифтихор ва ҳамзамон сарфарозии ҳамаи олимони тоҷик ва инчунин аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирии ҳамаҷонибаи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ёфтанд, аз он ҷумла:

  • Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
  • Эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
  • Дар назди СММ таъсис додани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”;
  • Дар соли 2025 доир намудани “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе”.

Натиҷаҳои СБҲП-2025 имкон медихад, ки мероси миллӣ натиҷаҳои фаъолияти наслҳои гуногуни тоҷик, советӣ ва дигар тадқиқотчиёни ноҳияҳои кӯҳӣ ва қутбӣ барои истифода дар оянда нигоҳ дошта мешавад. Корҳои анҷомдода имкон медиҳанд, ки потенсиали рушди таҳқиқоти илмӣ ва таъмини иттилоотӣ дар минтақаҳои қутбӣ, балки дар ноҳияҳои кӯҳӣ низ фароҳам оварда мешавад, ки дар рушди илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар раванди конференция таъкид карда шуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд “Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда” мебошад. Имрӯзҳо ҷавонони мамлакат дар яке аз қисми фаъоли аҳоли ба ҳисоб мераванд ва дар пеш бурдани сиёсати имрузаи давлат саҳми босазо доранд.

дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ саҳми назаррас дошта, дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар фарҷоми чорабини хонандагон бахшида ба эълон намудани соли 2025 соли байналмилласии  ҳифзи пиряхҳо намоиши идона ташкил намуданд.