Иштироки кормандони МДИ “Маркази омўзиши пиряхҳои АМИТ” дар ҳамоиш ва семинари, амалигардонидании қатъномаи СММ ”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Кулоб
Маъмур: cryosphere 19-05-23 275
Иштироки кормандони Муассисаи давлатии илмии Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш ва семинарҳои амалигардонидании қатъномаи СММ ”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Кулоб
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № АП 321 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилиӣ ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.12.2022) ва нақша чорабиниҳои марказ ва амалигардонидани қатъномаи СММ “”Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои иштирок дар ҳамоиш ва семинарҳои митақаи Кулоб пешбини шудааст барои иштирок ва баён намудани маъруза, ки аз санаи 30.03.2023 то 02. 04. 2023 иштирок доштанд.
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Энергияи сабз ва ҳифзи экосистемаҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар баргузор гардид.
Дар конфронс муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмиллалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Конфронсро дотсент Холиқзода Айниддин ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша намуд. Номбурда қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва роҳбари ташаббускор оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои об ва ҳифзи захираҳои об эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Зимни баромад қабул ва дастгирии ташаббуси панҷуми Пешвои миллат оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби 154 кишвари узви СММ-ро ёдовар шуда, ин ташаббусро ҳамчун иқдоми беназир ва нодир арзёбӣ намуд.
Сипас профессор Қаюмов Абдулҳамид директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии Тоҷикистон” дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон” баромад намуда доир ба масоили тағйирёбии иқлим ва омузиши пиряхҳо, методҳои навини омӯзиши пиряҳо баромад намуда қайд намуданд, ки имруз тамоми кормандони Марказ доир соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” корҳои илмӣ бароҳ монда то соли 2025 ба кули тамоми пиряхҳои Тоҷикистон омухта ва Атласи пиряхҳои Тоҷикистон ба чоп бароварда мешавад, ки дарон тамоми дақиқотҳои илмӣ доир ба ҳолати кунунии пиряхҳои Тоҷикистон оварда шудааст.
Дар рафти конференсия дигар олимони соҳа аз он ҷумла Ғаниев Таваралӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии Тоҷикистон дар мавзуи “Давраҳо ва равандҳои глобалии экологии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муртазоев Ӯктам, доктори илмҳои география, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи “Преобразование речных систем Таджикистана с помощю водохранилищ и их последствие”, Муҳаббатов Холназар, профессори кафедраи методикаи ташкили туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи “Последствия изминение климата в Таджикистане”, Гадоев Шералӣ, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи “Пиряхҳо танзимкунандаи оби ширин дар сайёраи Замин” маърӯзаҳои худро ироа намуда, доир ба ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ибрози андеша карданд.
Инчунин кормандони Марказ, дар дар шаҳри Кулоб дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Ӯ дар ташаккули дипломатияи об дар ҷаҳон» дар ҳошияи пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 бо иштироки олимон профессорон, коршиносони соҳа, олимони Федератсияи Россия, омӯзгорону донишҷӯён, васоити ахбори омма баргузор гардид.
Кори конференсияро ректори Донишкада номзади илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот бо суханронии хеш оғоз бахшида аз ташаббуси ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардонид.
Ҳалимов Ардамеҳр мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пирхяҳои АМИТ дар мавзуи “Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” баромад намуда оид ба ташабусҳои Пешвои миллат дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо тағйирёби иқлим ибрози андеша намуданд. Дар рафти баромад Ҳалимов Ардамеҳр қайд намуданд, ки имруз кормандони Макрказ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат руз то руз фаъоилияти илмии худрои зиёд намуда барои пешбурди корҳои илмӣ чандин фаъолиятҳои нави илмиро ба роҳ монда истодаанд. Бояд ҳаминро зикр кард, ки Марказ соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси дода шудааст, ки ин аҳамияти калон барои илмӣ пиряхшиноси густурдаи наверо бароҳ мемонад. Дар раванди конференсия Ҳалимов А. Доир ба
фаъолияти илмӣ панҷсолаи Марказ дар самти маниторинги пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, омузиши пиряхҳо насби дастгоҳои нав дар пиряхҳо ба роҳ мондандани таҳлилҳои изотопи ҳамкори бо шарикони рушд ҳамаи ин имконият медиҳад, ки доир ба дақиқияти раванди обшави пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим маълумотҳо нав ба даст оварда ва илмӣ пиряхшиносиро омузиши ҳолати кунунии пиряхҳоро дар Тоҷикистон зиёд намояд.
Дар баробари ин бояд кайд намуд, ки дар кори конференсия олимони муассисаҳои олии Федератсияи Россия аз ҷумла Ибрашева Лилия Рафаилевна – директори Донишкадаи байналмилалии менеҷмент ва тиҷорати Донишгоҳи биотехнологии Москва;
Максимов Игорь Владимирович — номзади илмҳои кишоварзии кафедраи технологияи нигоҳдошт ва коркарди махсулоти хоҷагии кишлоқи Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи Император Пётри I, Бондур Валерий Григорьевич – Академики Академияи илмҳои Россия, роҳбари илмии донишкадаи илмӣ-татқиқотии назорати кайҳонии «АЭРОКОСМОС
Мазаев Антон Викторович — декани факултети экологиии Донишгоҳи геологӣ-иктишофии Россия, Эркаев Сафар Абдулхайрович – номзади илми таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва бостоншиносии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров тариқи онлайн иштирок намуда маърузаҳои илмӣ ва андешарони намуданд ва кори конференсия ба баҳсу мунозираҳо пешниҳоду хулосаҳо анҷом ёфта кори конференсия дар ду бахш идома ёфт.
Директор, Профессор Каюмов А