ИҚДОМИ НАҶИБИ «АНҶУМАНИ ЗАНҲОИ ПИРЯХШИНОС» ВА «ХОНУМИ ЯДРОӢ» ОИД БА ТАҚИМИ ТУҲФАҲОИ НАВРЎЗӢ БА МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАКИ РАҚАМИ 2-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Аз оғози таърих то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан дар ҷомеа аҳаммияти бештар дода, ҳамеша кӯшиш ба харҷ додааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳангу фаъол бошанд. Бар замми ин дар зиндагӣ пешсаф ва маърифатнок будану ҳамзамон ғамхорию дилсӯзиаш низ ба ӯ аз ҷониби дигар имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила ва ҷомеаро боз ҳам ташаккул диҳад. Тавре шоир дар ин хусус хуб фармудааст:

Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст,

Ҳаёту бахти инсон пойдор аст.

Дар замони соҳибистиқлоли  кишварамон ҷалби бонувони фаъолу соҳибмаълумот дар муассисаҳои давлатӣ басо ҳам ба манфиат буда, аз ҷониби дигар хуб арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз дар таърихи 3-юми декабри соли 1999 Фармон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа”-ро ба имзо расонида буданд. Маҳз ба ин васила нақши занон дар ҷомеа боз ҳам устувору мондагор гардид.

Гар намешуд дасти зан, ҳусни Замин пайдо набуд,

З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои Замин.

Анҷумани занҳои пиряхшиноси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Филиали миллии WIN Тоҷикистон «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,  радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи чунин ид, чорабинии хайриявӣ  ташкил намуданд, ки иқдоми басо накӯ ва наҷиб маҳсуб меёбад.

Зеро ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои ниёгони бузурги мост, ки он на танҳо мужда аз фарорасии фасли баҳор медиҳад, балки ба инсонҳо дароз кардани дасти сахою хайр ва ҳамзамон саховатмандӣ, дӯстӣ ва дилсӯзиро  ҳамеша талқинро менамояд.

 

Ҷашни Наврӯз оғози соли нав маҳсуб мешавад ва анъанаест, ки бар ҳамдигарфаҳмии инсон ва табиат асос ёфтааст. Инчунин, ин ид ҳамеша бо амалҳои неку наҷиб ҳамроҳ аст.

Занон, ки офаринандаи тамоми зебоиҳои рӯйи Замин ҳастанд, дар остонаи ид тасмим гирифтанд, ки кӯдакони Маркази дастгирии оила ва кӯдаки  рақами 2-и шаҳри Душанберо  шоду мамнун гардониданд.

Фазои бароҳат ва табъи болидаи  идона ба ҳар як иштирокчӣ имкон фароҳам овард, ки тавассути ранг кардани тухмҳо инсонҳоро илҳом бахшанд ва маҳорати худро ба кор баранд, зеро онҳо аз замонҳои қадим рамзи таваллуди ҳаёти нав маҳсуб ёфтанд. Суратҳои тасвирӣ  бо навиштаҷотҳои самимӣ низ боиси таваҷҷуҳи кўдакон гардонад.

Дар ин чорабинӣ  барои иштирокчиёни он халтаҳои туҳфавӣ низ ба таври дастӣ басо ҳам зебо дӯхта шуда буданд. Дар ҳар як халтача аз номи кулли иштирокчиён шириниҳо ва руқъаҳо бо таманниёти самимона барои кӯдакон супорида шуд, ки хотири онҳоро боз ҳам болида гардонид.

Туҳфаҳои омодашуда аз ҳама зиёд ҷолибияти хоси худро доштанд. Кори заҳматталаб аз тасвирҳои мухталиф дар халтаҳои дӯхташуда, тухмҳои рангубор  гардидаву руқъаҳои бешумор бо таманниёт саршор буданд, ки воқеан табъи  кӯдакони ин даргоҳро боз ҳам шоду болида гардонд.

Вижагии ин иқдом иштироки кӯдаконе буд, ки худашон барои хушнудии кӯдакони дигар кӯмаки худро аз якдигар дареғ надоштаву пешниҳод мекарданд. Кӯдакон ҳамчун нишони эҳтиром ва арзи сипос барои ҳозирин бо хурсандӣ  шеъру сурудҳо қироат мекарданд. Ҳамаи мо он рӯз аз дидани  чеҳраҳои  хурраму шодмон хеле шод шудем.