Такбрикоти директори Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ профессор, Абдулҳамид ҚАЮМОВ,  оид ба Рӯзи Модар

ЗАН АСТУ ЗИНДАГӢ  ДОИМ БАҲОР АСТ…

Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар.

Аз савфату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи Модар!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои пурмуҳтавою Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештарро ҷалб месозанд. Чунки бонувони ҷомеаи Тоҷикистон зиёда аз 50 фисади аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ нақши муассири худро мегузоранд. Зеро тавре  ҳамагон хуб медонем, дар замони муосир ва хусусан дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ аз пештар дида хело ҳам бештар аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҷалби бонувони фаъолу соҳибмаълумот барои кор дар муассисаҳои давлатӣ басо ҳам ба манфиат буда, аз ҷониби дигар хуб арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз дар таърихи 3-юми декабри соли 1999 Фармон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа”-ро содир карда буданд. Пас аз интишори ин санади муҳимми тақдирсоз бо мақсади дар амал расман татбиқ намудани ҳадафҳои асосии фармони мутазаккир як идда барномаҳои муҳимми давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифта истодаанд, ки натиҷаҳои нек ба бор оварданд. Маҳз ба ин васила нақши занон дар ҷомеа боз ҳам устувору мондагор гардид. Ба қавли шоири шаҳири тоҷик, вассофи занон ва муаллифи достони “Ҷони ширин”, устод Мирзо Турсунзода:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Оре, Зан – модар дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши ворисро ба сомон мерасонад. Зеро иффату зебоӣ, меҳрубонӣ, фурӯтаниву хоксорӣ ва маърифатноки хоси зан ва модари тоҷик аст, ки ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату нафосат ва ҳамзамон покизагӣ мебахшад. Аз ин лиҳоз, аз оғози таърих то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан дар ҷомеа аҳаммияти хосса дода, ҳамеша кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд.  Бар замми ин дар зиндагӣ пешсаф ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, ҳамзамон кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд, ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташаккул медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устуворию пойдории оилаи тифоқу солим, дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи демокративу дунявии мо оила бунёд мекунанд, ки ин омил ба он хотир сурат мегирад, ки фарзандон ба ҳаёти мустақилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз тамоми нозукиҳои оилаву оиладорӣ, одобу муошират, муносибат, хуллас аз маҷмуи талаботи моддию маънавӣ ҳамаҷиҳата бархурдор бошанд.

Мусаллам аст, ки зимнан ҳам дар  кулли сарчашмаҳову дигар манобеъи таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар радифи мардони диловар мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд, ки боиси ифтихор маҳсуб меёбанд. Нақши бориз ва намунаи ин қаҳрамониҳоро дар “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва инчунин дар фаъолияти Таҳмина, Рӯдоба, Судоба, қаҳрамониҳои Малика, Томирис, Рухшона ва чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофарид ва меҳандӯстии бонуи ҳавонавард Ойгул Муҳаммадҷонова дида метавонем.

Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқи худро мегузорад. Агар воқеан ҳам Зан – Модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, пас фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравию тақлид мекунанд.  Ҳамин тавр, чунин масъалаҳо хеле зиёданд. Барои далел модари  устод Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон зани босаводу бомаърифат буданд. Устод Садриддин Айнӣ нахустин қадамҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модарашон гузоштаанду хату савод бароварданд, ки инро дар асарҳояшон тасвир кардаанд. Маҳз ана ҳамин гуна таҷрибаҳои ҳаётиву саргузаштии чеҳраҳои мондагори таърихиро омўхта, имрӯз ҳам дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати Зан – Модар ва  сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар аз ҳама бештар тавваҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи хурӯшону мусаффо ва махзани ганҷи хиради фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарму оғӯши ҳамеша бози Модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад. Модар мисли Замин танҳост. Ба ин маънӣ устод Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар!

Ҳар як инсони рӯйи олам баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар  қадру қимати ӯро хуб дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғойиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида аз шодиву фараҳ меболад. Аҷаб дунёи басо ҳам рангину зебо дорад, Модар…

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷу сарвати бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ бо ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз судури кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем… Аз даст рафтани модар барои фарзанд чун теғи алмос ва фоҷиаи мудҳиштарину басо ҳам  гаронест:

Модар модар каси ба ҳиммат бошад,

Дидори шарафи ӯ ғанимат бошад.

Аз махзани панди он бигир арзонӣ,

Фардо чи кунӣ, ки ганҷ қимат бошад.

       Бешубҳа, такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагии мову шумост:

Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

Давлати дидори ӯ боре муяссар мешавад,

Давлати дидори ӯ бисёр қимат будааст.

         Оре, хулласи калом давлати фазанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хосаи худро дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳу кайҳон баровардаанд. Модар ҳамеша ба чунин қадрдонию манзалат сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин гуна қудрат ва ҳамзамон бузургию шаҳомати ӯро ба инобат гирифта, Модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро хуб донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост.

Аз ту модар ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.

             Хулласи калом, ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро хуб донад. Ба ифодаи суханваре:

Зан асту зиндагӣ доим баҳор аст,

Ҳаёту бахти инсон пойдор аст!

Абдулҳамид ҚАЮМОВ,

профессор, директори Муассисаи давлатии

илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ