Нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккулёбӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал”
Маъмур: cryosphere 20-01-23 470
Нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккулёбӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал”
Бахшида ба қабули ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур санаи 20-уми январи соли 2022 конфронс дар мавзӯи “Нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккулёбӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал” баргузор гардид.
Дар кори конфронс доираи васеи олимону муҳаққиқон, донишҷуён ва масъулини ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оиди нақши пиряхҳои Тоҷикистон дар ташаккули захираҳои об ва инчунин аҳамияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Конфронсро ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур профессор Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро барои иштирок дар конфронс арзи сипос намуда, иброз дошт, ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои об ба шумор рафта, дар таъмин ва ҳифзи захираҳои об нақши босазо доранд. Номбурда ҳамзамон оиди пазируфтани пешниҳод ва иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии беш аз 150 кишвари узви СММ сухан ронд.
Дар ҷараёни баргузории конфронс ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии Наҷоти Арал Раҳимзода Султон Нурмуҳаммадпур доир ба мавзӯи “Тоҷикистон-кишвари ҷавоне бо нақши пешбаранда дар равандҳои ҷаҳонии обу иқлим” суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2009 дар Копенгаген тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Франсия, Швейтсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Сипас Қаюмов Абдулҳамид директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар мавзӯи “Усулҳои муосир ва инноватсионии мониторинги пиряхҳо, қабати боришоти барф ва рахнашавии кулҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” баромад намуданд.
Нахуст директори муассиса оид ба аҳамияти ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ин пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз як тараф, ба ташаккул додани сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз ҷониби дигар, ҳадаф ва муҳтавои он вобаста ба замон ташаккул додани фазои илмӣ баҳри дарки омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Чунки Тоҷикистон кишвари сарчашмаи захираҳои об мебошад ва коршиносони соҳаро зарур меояд, ки дар заминаи ташаббусҳои Сарвари давлат ба омӯзиши ин масъалаи мубрами байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Тавре маълум аст, яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин босуръат об шудани пиряхҳо мебошад ва Тоҷикистон низ дар ҳалли ин мушкилот худро бетараф гузошта наметавонад.
Зимни баромад Қаюмов Абдулҳамид зикр намуд, ки то солҳои 90-ум пиряхҳои Тоҷикистон танҳо аз тарафи кормандони институти Географияи собиқ Шуравӣ (Москва) ва Академияи илмҳои Узбекистон омӯхта мешуданд. Идораву сохторҳое, ки дар Тоҷикистон оиди ин бахш фаъолият доштанд, онҳо ҳамчун сохторҳои ёрирасон ҳисоб меёфтанд.
Ҳолати воқеъиро ба назар гирифта, бо дастуру супоришҳо ва иқдомҳои созандаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид, ки тадқиқотҳои бунёдӣ бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад. Маркази омӯзиши пиряхҳо 60 нафар корманд дошта, ҳамасола тадқиқотҳои бунёдӣ мегузаронад.
Номбурда ҳамзамон оиди фаъолияти “Анҷумани занони яхшинос”-и Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва перомуни нақш ва саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо сухан ронда, қайд кард, ки роҳи интихобкардаи занони мо заҳмату ҷасорат ва сабру тоқатро талаб мекунад. Аммо сарфи назар аз ҳама монеаҳо имрӯз занони маркази мазкур дар баробари мардон дар таҳқиқоти илмӣ ва бунёдии пиряхҳои баландии зиёда аз 5000 метр фаъолона иштирок мекунанд.
Инчунин вазифаҳои шуъбаҳои Марказро шарҳ дода, иброз дошт, ки мо кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоем, то ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошем.
Баъди баромади маърӯзаҳо муҳокима ва саволу ҷавоб байни иштирокчиён сурат гирифт, ки саволдиҳандагон ба суолҳояшон ҷавоби қаноатманд гирифтанд.