Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Захираҳои обии Тоҷикистон ва аҳамияти сайёҳии он”
Маъмур: cryosphere 11-01-23 322
Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Захираҳои
обии Тоҷикистон ва аҳамияти сайёҳии он”
Моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Захираҳои обии Тоҷикистон ва аҳамияти сайёҳии он доир гардид, ки дар кори он директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Абдулҳамид Қаюмов иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории конференсияи мазкур дар доираи иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъномаи “Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ зимни иҷлосияи 77-ум бо пуштибонии153 давлати аъзои СММ пазируфта шуд, баргузор гардид.
Дар давоми чорабинӣ директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” профессор Абдулҳамид Қаюмов оиди “Вазъи имрӯзаи омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои онҳо” баромад намуда, иброз дошт, ки таҳқиқи ҳолат ва ҳифзи пиряхҳо, мониторинги онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои марбут ба обу иқлим мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дорад.
Ҳамзамон қайд кард, ки хушбахтона, бо шарофат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23 апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ташкил гардид, ки тадқиқотҳои бунёдӣ бо усулҳои муосири инноватсионӣ мегузаронад. Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ танҳо як пойгоҳи баландкӯҳ, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул буд, дар пиряхи Федченко ҷойгир буду халос. Хушбахтона Маркази номбурда 6 пойгоҳи баландкуҳро дар баландии аз 3800 то 4800 м ҷойгир намудааст, ки ба воситаи онҳо пиряхҳоро зери назорат қарор додааст. Ногуфта намонад, ки ин гуна шабакаи назорати пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ягона шабака ба ҳисоб меравад.
Нагуфта намонад, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз Марказ зиёда аз 50 экспедитсияҳои илмӣ гузаронда, маълумоти саҳеҳу дақиқ оид ба ҳолати имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон ва сатҳи коҳишёбии онҳо ба даст овардааст.
Аз ҷумла, аз оғози моҳи май то моҳи сентябри соли 2022 Марказ дар маҷмӯъ ҳашт экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, дар ҷараёни баргузории ин экспедитсияҳо ҳамзамон дар минтақаҳои зарурӣ ҳисобчӯбҳои барф ва яхченкунӣ насб карда шуда, аз рӯйи онҳо ҷиҳати муайян намудани коҳишёбии сатҳи болоии пирях ва инчунин муайян намудани тавозуни ҳаҷми пирях маълумоти саҳеҳ ва дақиқ ҷамъ оварда шуд, ки барои аниқ намудани раванди тағйирёбии ҳолати ояндаи пиряхҳо имконият фароҳам меорад,-изҳор намуд А.Қаюмов.
Дар фарҷоми суханронӣ профессор Қаюмов Абдулҳамид иброз дошт, ки Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияташро баҳри амалишавии ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро оид омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба роҳ мондааст.
Сипас аз ҷониби дигар иштирокчиёни конфронс маърӯзаҳо оиди масъалаи марбут ба захираҳои оби Тоҷикистон ироа гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш масоили равандҳои асосии тағйирёбии иқлим, таъсири он ба миқдор ва сифати захираҳои обӣ ва инчунин аҳамияти пиряхҳо дар ғизогирии обу дарёҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.