Иштироки намояндагони “Анҷумани Занони яхшинос”-и Марказ дар онлайн-Симпозиум

Дар ҳамкорӣ бо намояндагии ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО дар Алмато ва “Girls on Ice Switzerland“, Донишгоҳи таҳқиқотҳои амалии Замини Осиёи Марказӣ, 1-уми декабри соли 2022, таҳти унвони “Сайёҳати илмӣ: Занон ва пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ”, онлайн-Симпозиум баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад намояндагони “Анҷумани занони яхшинос”-и Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон” фаъолона иштирок намуданд.

smart

Ҳадаф аз иштирок дар ин ҷамъомад ин пеш аз ҳама ҷалби бонувони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба омӯзиши пиряхҳо, сайқал додани донишу маҳорати онҳо барои пешбурди тадқиқотҳои илмӣ-бунёдӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин эълон намудани соли 2025 чун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, муайян намудани роҳҳои нави инноватсионӣ дар масъалаи аз ҷониби онҳо омӯхтан ва тадқиқ намудани пиряхҳо, инчунин шиносоӣ бо дастовардҳои занони пиряхшиносӣ дар ин соҳа фаъолиятдошта буд.

Барномаи кории Симпозиуми мазкур дар ҳошияи  се сессия дида баромада шуда дар он мавзуъҳои “Баробарии гендерӣ дар илмҳои муқаррарӣ” ва “Илми шаҳрвандӣ ва ҳифзи муҳити зист” баррасӣ карда шуданд.

Дар рафти иштирок занони пиряхшиноси Марказ баромадкунандагонро бо шавқи баланд гуш карда, дар мусоҳибаҳо  фаъолона иштирок ва саволҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар Симпозиум аз давлатҳои гуногун намояндагон иштирок карда,  дар мавзуъҳои баробарии гендерӣ, тағйирёбии иқлим, таҳқиқотҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳифзи муҳити зист  баромад карданд, аз ҷумла Сабина Хефлер аз донишгоҳи Берни Швейтсария, Ирода Бобоҷонова аз Тоҷикистон, Насиба Байматова аз Қазоқистон, Изабел Хааг аз Олмон, Кристин Хилбих аз Шветсария ва ғайра.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми дастовардҳое, ки занони мо дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ба даст овардаанд,  ба шарофати дастгирии роҳбарияти  кишвар мебошад. Махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ташаббусҳои занонро дар соҳа дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои баланд, тадбирҳои муфид  меандешанд.

Дар анҷоми онлайн-Симпозиум  иштироккунандагон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро баён намуда, қайд карданд ки чунин ҷамъомадҳо бояд доимӣ гузаронида шаванд, то ин ки ба шарофати онҳо донишу маҳорати  занон ҷиҳати пешбурди тадқиқотҳо ва илмҳои бунёдӣ сайқал дода шаванд.

Ҳамин тариқ, маъмурияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки намояндагони он на танҳо дар чунин конфронсҳо иштирок, балки баромад низ намоянд ва дар самти ҳамкорӣ бо шарикони соҳавӣ  саҳми худро гузоранд.