Пешвои миллат-ҳомии сулҳу ваҳдат
Маъмур: cryosphere 16-11-22 312
Пешвои миллат-ҳомии сулҳу ваҳдат
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ҷамъомад таҳти унвони «Президент – ҳомии сулҳу ваҳдат» баргузор гардид.
Чорабиниро директори муассиса, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида, аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, ободонӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои муаззами миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дорад.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Хушбахтона иқдоми беназири Роҳбари давлат дар мавриди эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз тарафи давлатҳои ҷаҳон хуб пазируфта шуда, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар санаи 23-юми апрели соли 2018 низ дар асоси иқдомҳои хирадмандона ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои муҳимми соҳа буда, яке аз дастовардҳои бузург ва муҳимми даврони Истиқлол ба шумор меравад.
Дар раванди ҷаласа инчунин кормандони марказ маърӯзаҳои худро дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд.