Имрӯз 7-уми сентябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо иштироки аҳли кормандони муассиса конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ ва рушди илми пиряхшиносӣ ” бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Директори муассиса профессор Абдулҳамид Қаюмов доир ба бурду бохт ва дастовардҳои даврони Истиқлол суханронӣ  намуда, иброз доштанд, ки Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди тобон роҳи ояндаи моро рушноӣ бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои наку нерӯи тозаро эҳдо намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни он арҷ мегузоранд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш «Истиқлолият» – ро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик меноманд. Соҳибистиқлолиро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон номидаанд«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Хушбахтона, тӯли 31 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои соҳибистиқлолӣ, дар партави созандагию бунёдкорӣ ва дар раванди ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ умр ба сар мебаранд. Махсусан, сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мо гардидааст, натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ ва давлатдории навини мардуми кишвар мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Бояд қайд намуд, ки таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар асоси иқдомҳои хирадмандона ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои муҳими соҳа буда, яке аз дастовардҳои бузург ва муҳимми даврони Истиқлол ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки бо шарофати Истиқлолият  дар муассиса дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ-бунёдии  назаррас доир ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ба даст омада, мактаби пиряхшиносӣ миллї ташкил гардид.

Дар рафти чорабинӣ кормандони марказ Дилбар Камолова, Хадича Саидзода, Насиба Бахтибекова, инчунин муҳаққиқони Марказ   Алишо Шомаҳмадов, Маҳмад Табаров, Хусрав Кабутов баромад намуда,  паҳлӯҳои мухталифи дастовардҳои даврони

Истиқлолиятро шарҳ дода, саҳм и истиқлоли давлатӣ дар рушди омӯзиши пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом директори муассиса аҳли кормандонро бо Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, барояшон тамоми хушиҳои рузгор ва муваффақият дар корҳои минбаъдаашон таманно намуданд.