ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳои Стекс Руж ва Тсанфлерон ҳанӯз аз замонҳои империяи Рим маълуманд. Дар асри 21 аз сабаби ҳарорати баланди ғайримуқаррарӣ онҳо пас аз чанд ҳафта аз байн хоҳанд рафт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзномаи британиягии «The Guardian»  навиштааст.

Ағбаи кӯҳӣ дар Швейтсария ҳафтаҳои наздик аз сабаби гармии ғайримуқаррарӣ аз пиряхҳои чандинасраи Стекс Руж ва Тсанфлейрон пурра маҳрум мешавад. Қабати ғафси ях, ки ағбаи кӯҳиро дар Швейтсария ҳадди ақал аз замони мавҷудияти империяи Рим фаро гирифта буд, ба зудӣ пурра об мешавад.

Шореҳон бо истинод ба маълумоти осоишгоҳи маҳаллии лижаронии Glacier 3000 менависанд, ки пас аз зимистони хушк гармои тобистонае, ки ба Аврупо расид, барои пиряхҳои кӯҳӣ, ки бо суръати тез об мешаванд, фоҷиабор гардид. Бо он суръате, ки пиряхҳои Стекс Руж ва Тсанфлейрон об мешаванд, миёни онҳо санги урёни теға пайдо шуда истодааст ва охири тобистон он пурра аз ях озод мешавад.

«Баъди якчанд ҳафта гузаргоҳ пурра зери фазои кушод мемонад», — мегӯянд соҳибони осоишгоҳ.

Соли 2012 ғафсии ях ҳудуди 15 метр буд, аммо то охири моҳи сентябри имсол хоки зери он пурра намудор хоҳад шуд. Тавре  ходими илмии Донишгоҳи Берн, пиряхшинос Мауро Фишер нақл кард, талафоти ғафсии пиряхҳо дар ин минтақа имсол ба ҳисоби миёна назар ба 10 соли гузашта се маротиба бештар хоҳад буд.

Қаторкӯҳ дар баландии 2800 метр ҷойгир аст ва амалан марзи байни кантонҳои Во ва Вале дар ғарби Швейтсарияро нишон медиҳад.

Он барои бисёр сайёҳоне, ки метавонистанд дар болои қулла аз як пирях ба пиряхи дигар лижатозӣ кунанд, хеле ҷолиб буд. Аммо акнун миёни онҳо рахи харсанг пайдо шуд ва танҳо пораи охирини хурди ях боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 зимни суханронӣ дар нахустин ҷаласаи онлайнии Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (ДАР АКС) пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян  карда шавад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пиряхҳо- манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад.

«Агар солҳои шастуми асри гузашта ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар як сол беш аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил медод, имрӯз ин рақам беш аз 4 маротиба кам шуда, дар як сол каме бештар аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктика боиси болоравии сатҳи баҳри ҷаҳонӣ шудааст. Ин, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин, бахусус дар ҷазираҳои хурд ва манотиқи соҳилӣ таҳдид кунад», — афзуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин масъалаи муҳими рӯзмарра бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус раҳбарони сиёсӣ бошад.

«Дар ин замина ҳамчунин мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шавам, ки метавонад  захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун барои қабули иқдоми зарурӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф сафарбар намояд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Қобили зикр аст, ки бори аввал соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба  тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Бунёди махсуси  байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буданд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»