Имрӯз, 24-уми июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бо иштироки ҳамаи кормандон, бахшида ба 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ,  чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро директори Муассиса, профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имконият фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аҷдодӣ ва ҷаҳонӣ дар кишвар таҳкурсии қавии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва қудуми мубораку ҷонбозиҳои зиёди Ҷаноби Олӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баимзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, баракати сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва Оштии миллӣ хеле серистеъмол ва вирди забони мардуми тоҷик гардиданд. Аз ин рӯ, мо ҳама бояд аз як гиребон сар бароварда, аз пайи ободӣ ва шукуфоии Ватани азиз шавем, ки санги асосашон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.

Маҳз бо ибтикор ва тавассути пешниҳодҳои судманду наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат дар масоили захираи сарватҳои обӣ ва баъдан, дар чанд соли охир, тариқи минбарҳои бонуфузи олам, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид масъалагузорӣ  ва баромаду пешниҳодҳои муфид дар масоили ҳифзи пиряхҳо, иқдомҳои наҷиби ин абармарди арсаи сиёсат хуш пазируфта шуда, дар миқёси ҷаҳонӣ даҳсолаҳои оби тоза ва об барои рушди устувор эълон карда шуданд.

Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудани Маркази омӯзиши пиряхҳо, инчунин ташаббусҳои наҷиб ҷиҳати ҳифзи ҷаҳонии пиряхҳо, расидан ба қадри обҳои мусаффо ва дигар ташаббусҳои оливу сатҳи ҷаҳонӣ, обрӯю нуфузи миллати тоҷик ва роҳбари воломақоми онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бардошт, ки ҳамаи ин дастовардҳо боиси ифтихори мо мебошанд.

Дар рафти чорабинӣ ходими калони илмӣ Саидбек Ғозиев дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ-омили бунёдии дастовардҳои навин” сухан ронда, қайд кард, ки бо шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмию осоиштагӣ, кишвари мо, баъди бартараф ва паси сар кардани фоҷеаҳои гӯшношуниди ба сараш омада тавонист, ки ҳамаи душвориҳоро паси сар карда, бе майлон рӯ ба бунёдкориву созандагиҳо оварад. Инчунин, қайд карда шуд, ки маҳз бо шарофат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти он дар самти таҳқиқотҳои илмию бунёдӣ ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, ходими илмии муассиса, Дилбар Камолова, оиди “Ваҳдат –пояи устувори миллат” баромад намуда, қайд кард, ки бо шарофати сулҳу ваҳдат дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”дар баробари мардон занон низ кору фаъолият намуда, дар таҳқиқот ва экспедитсияҳои илмию бунёдӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки тамоми дастовардҳои занон дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ба шарофати дастгирии Ҳукумати кишвар ва тантанаи сулҳу Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд, зеро роҳбарияти кишвар ҳамеша ташаббуси занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои идоракунӣ тадбирҳои муфид меандешад.

Дар охири чорабинӣ директори муассиса профессор Абдулҳамид Қаюмов ҳамаи ҳозиринро бо 25-умин солгарди  Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки бигузор дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамбастагӣ то абад поянда бошанд.

Бахтибекова Насиба