Имрӯз, 1-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018-2028) намоиши таҳти унвони “Пиряхҳо ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори намоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, устодону донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодуллозода Аҳлиддин ҳозиринро барои иштирок дар намоиш хайримақдам гуфта, қайд карданд, ки намоиши мазкур баёнгари таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва омӯзиши пиряхҳои кишвар буда, пешниҳодҳои Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин муайян намудани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муаррифӣ менамояд.
Ҳамзамон, дар ифтитоҳи намоиш профессор Қаюмов Абдулҳамид директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Акедемияи миллии илмҳои Тоҷикистон” иброз намуданд, ки намоиши “Пиряхҳо ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон” воситаи беҳтарини тарғиби сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди пиряхҳо, инчунин муаррифгари пиряхҳои Тоҷикистон ва дастовардҳои Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар самти омӯзиши пиряхҳо мебошад.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараҳои беҳтарини рассомони тоҷик оид ба захираҳои оби Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” сару либос, таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ ва дастгоҳҳои махсус, ки барои гузарондани экcпедитсия ва тадқиқотҳои омӯзиши пиряхҳо истифода мешаванд, инчунин китобҳои илмӣ марбут ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмҳо аз раванди корҳои экпедитсионии омӯзиши пиряхҳо ба воситаи суратгирҳои моҳворагӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба намоиш гузошта шуданд. Миёни экспонатҳои намоиш Парчами давлатии Тоҷикистон, ки 6-уми январи соли 2009 дар қитъаи 6-уми олам Антарктида аз ҷониби профессор Қаюмов Абдулҳамид расман барафрохта шуда буд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Ногуфта намонад, ки иқдоми барафрохтани Парчами давлатӣ дар Антарктида бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иҷро гардида буд.
Дар фарҷоми намоиш кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” аз намоиши “Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ” ва дигар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуданд ва мулоҳизаҳои худро дар китоби таассуроти меҳмонон қайд карданд.