Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”
Пайки Наврӯз
Имрӯз, 19 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шаҳомату шукуҳи хоса таҷлил гардид.
Қаюмов Абдулҳамид, директори муассиса зимни баромад ҳамаи кормандонро бо иди саиди Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, қайд карданд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, ҷаҳонӣ гардид. Профессор Қаюмов Абдлулҳамид қайд карданд, ки ин ҷашни бостон дар ҳамаи қитъаҳои олам ва ҳатто дар Антарктида аз соли 2009 инҷониб расман ҷашн гирифта мешавад.
Чорабинии Наврӯзӣ дар муассиса бо баргузории барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ доир гардид.
Ҳамзамон кормандони марказ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва инчунин бо лаҳҷаҳои гуногун урфу одат ва тарзи гузарондани ҷашни Наврузи минтақаашонро шарҳ доданд.
Ҳамчунин, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, суманак, сӯзаниҳо, расмҳо, , либосҳои миллӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар охири чорабинӣ директори муассиса Абдулҳамид Қаюмов боз як бори дигар ҳозиринро бо фарорасии иди фархундаи Навруз табрику таҳният намуда, иброз намуданд, ки бигзор ин ҷашни қадимаву ҳамешаҷавон барои миллату мо бахту саодат, ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзгори неку осуда ва сулҳу субот биорад.