Санаи 23 апрели соли 2021  дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҳафтаи илм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, эълон гардидани “Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Вазъи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

   Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия намояндагони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва донишҷӯёни факултети геология иштирок намуда, конференсияи  мазкур бевосита ба яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ: тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо бахшида шуда буд.

   Дар конференсияи илмӣ сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ оғоз намуд. Сипас, директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Қаюмов Абдулҳамид дар мавзӯи “Вазъи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

   Директори Марказ дар баромади худ қайд намуд, ки пеш аз таъсис додани Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” илми яхшиносӣ чандин марҳилаҳоро убур намудааст, аз ҷумла то соли 1920 корҳо вобаста ба яхшиносӣ танҳо характери тавсифӣ доштанд. Солҳои 1920-1980 таҳқиқоти муфассал гузаронида шуда, феҳристи пиряхҳо таҳия гардид. Солҳои 80-ум бошад, пиряхҳоро ҳамчун манбаи об ҷиҳати обёрикунии заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта арзёбӣ менамуданд. Дар ин замина корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои вусъат додани обшавии пиряхҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми оби дарёҳо роҳандозӣ мешуд. Солҳои 90-ум омӯзиши бунёдии пиряхҳо комилан бозмонд.

   Ҳамин тариқ, соли 2018 бо шарофати сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонкорҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бунёдӣ доир ба раванди ҳолати пиряхҳо оғоз гардида, 27 апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” таъсис ёфт.

   Марказ дар тули фаъолияти худ, солҳои 2018, 2019 ва 2020 мувофиқи нақшаи корӣ 28 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотиро анҷом додааст. Соли 2018 барои омӯзиши пиряхҳо 5 экспедитсия, соли 2019 12 экспедитсия ва соли 2020  11 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотиро анҷом додааст.

   “Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар ин ҷо мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо аз ҳама зиёдтар ба назар мерасад. Дар раванди тағйирёбии иқлим дар тамоми ҷаҳон ҳарорати ҳаво дигаргун шуда истодааст. Агар ба системаи коҳишёбӣ ва мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо назар андозем, қариб камшавии ҳаҷми ҳамаи пиряхҳо ба назар мерасад. Бинобар ин, тамоми ҷаҳон ба коҳишёбии пиряхҳо рӯ овардаанд. Солҳои 2018-2019 ҳавзаҳои калон пайдо шуда истодааст, ки онҳо дар назди пиряхҳо ин нишондоди хеле хавфнок буда,ба коҳишёбии онҳо оварда мерасонад” иброз дошт профессор Қаюмов Абдулҳамид.

   Дар интиҳои семинар гузориши пурмуҳтавои директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Қаюмов Абдулҳамид баланд арҷгузорӣ гардид.

Қурбонова Ҷиёнгул