Санаи 14 апрели соли 2021 соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи «Презентация возможностей АО «Российские космические системы» и российской орбитальной группировки ДЗЗ в целях научного и социально-экономического развития Республики Таджикистан» баргузор гардид.

   Семинари мазкур бо пешниҳоди намояндагони ширкати «Российские космические системы» ва дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар кори он олимону коршиносон ва мутахассисони соҳавии Институти физикаю техникии ба номи С. У. Умаров, Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди  Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хадамоти геофизикӣ ва Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иштирок намуданд.

   Мавриди зикр аст, ки дар семинар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, намояндагони ширкати Роскосмос имкониятҳои техникии худро оид ба мушоҳидаҳои моҳворагӣ ва зондиронӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, қайд карданд, ки феълан зондиронии фосилавӣ яке аз усулҳои пешрафтаи омӯзишӣ, аз он ҷумла картография, дурнамоиҳои инкишофи минтақа, корҳои геологӣ ва кофтуковӣ, ба роҳ мондани кадестри замин ва об, мушоҳида намудани ҳолатҳои фавқулода ва пешгӯӣ кардани он, ба хусус обхезӣ, кандашавии тармаҳо, сӯхторҳои азим, баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо, мониторинг ва баҳодиҳии обнокии дарёҳо маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни семинар ба қароре омаданд, ки намояндагони ширкати Роскосмос бевосита усулҳои зондиронии фосилавии мониторинги пиряхҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.

Баъдан намояндагони ширкат ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ташриф оварда, бо кормандони Марказ шиносоӣ намуданд. Дар ин вохӯрӣ корҳои анҷомдода ва дастовардҳои Марказ оид ба мониторинг ва феҳристи пиряхҳое, ки дар асоси зондиронии фосилавӣ ва аксҳои моҳворагию экспедитсионӣ ба роҳ мондаанд, бо намояндагони ширкат пешкаш карда шуда, дар сатҳи баланд арҷгузорӣ шуданд. Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкат иброз доштанд, ки байни ширкати Роскосмос ва Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» шартномаҳои ҳамкориро ба тасвиб расонида, дар ин замина метавонем курсҳои бозомӯзиро вобаста ба зондиронии фосилавӣ дар Марказ ҳаллу фасл намоем.

Қурбонова Ҷиёнгул