Таърихи 16 марти соли равон Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки рӯзи 22 март ҷашн гирифта мешавад, ҳамоиш доир намуд.
Қобили қайд аст, ки 22 март Рўзи байналмилалии захираҳои об бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ тасдиқ карда шуда, дар радифи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қарор гирифт.
Дар кори ҳамоиш намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Агентии омор, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Институти масъалҳои об гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок карда, дар муҳокима баромад намуданд.
Масъалаи асосие, ки дар ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифт, аҳамияти ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об буданд. Ҳамаи баромадкунандагон таъкид намуданд, ки яке аз роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ин ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Дар баромади худ директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор Қаюмов Абдулҳамид дар мавзӯи “Нақши муассири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дурнамои фаъолияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” таъкид намуданд, ки Ҷаноби Олӣ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба муаррифӣ намудани об, дастрас шудан ба об ва ҳифзи манбаъҳои обӣ кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодаанд.
Аз соли 2000 то инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи СММ 7 қатънома оид ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуданд, аз он ҷумла қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи тамоми давлатҳои ҷаҳон эътироф шуда, оид ба роҳандозӣ намудани ин пешниҳод кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” профессор Қаюмов Абдулҳамид дар баромади худ қайд намуданд, ки 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Ҳамзамон, директори муассисаи мазкур зикр намуд, ки ин марказ тибқи иҷрои ҳидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, вазифаи асосиаш гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Марказ дар давоми фаъолияти худ аз соли 2018 то соли 2020 28 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом додааст. Ҳар сол барои ба даст овардани маълумотҳои илмӣ кормандони марказ зиёда аз 4000 то 5000 км роҳро тай менамоянд.
Имрӯз аз сабаби кам будани боришоти барф ва камобии дарёҳо таваҷҷуҳи коргузорон, сиёсатмадорон ва аҳолӣ ба ин масъала нигарон аст. Аз он ҷумла, профессор Қаюмов Абдулҳамид ёдовар шуд, ки маълумотҳои аз соли 2018 то соли 2021 миқдори боришот дар моҳҳои январ ва феврал кам мебошанд. Махсусан, камбарфӣ дар баландиҳои 2500 м ба назар мерасад. Омӯзиши пиряхҳо, ки дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, далели он аст, ки коҳишёбии пиряхҳо ба назар мерасанд. Махсусан, пиряхҳое, ки масоҳати онҳо аз 1 км2 кам ҳастанд, дар солҳои охир коҳиш ёфта, баъзе аз онҳо нест шуда истодаанд.
Омӯзиши пиряхҳо дар марказ бо 3 усул ба роҳ монда шудааст: экспедитсионӣ, моҳворагӣ ва ба воситаи ҳавопаймоҳои бесарнишин. Ин имконият медиҳад, ки маълумотҳои дақиқ ва раднашаванда оид ба пиряхҳо дастрас шаванд.
Омӯзиши мувозинати пиряхҳо, ки яке аз самтҳои пешсафи омӯзиши пиряхҳо ба ҳисоб меравад, ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки чунин усулҳои таҳқиқот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ба тариқи маҷмуавӣ гузаронида мешаванд.
Барои сабти раванди боришот ва коҳишёбии пиряхҳо дар давоми сол дар пиряхи Зулмарт стансияи автоматикӣ насб карда шудааст. Бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боз як стансияи автоматикӣ дар болооби дарёи Варзоб насб карда шуд. Ин имконият медиҳад, ки мониторинги доимии боришот ва ҳолати гидрометеорологиро марказ ба роҳ монад.
Дар интиҳо профессор Қаюмов Абдулҳамид иброз доштан, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бунёдӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин раванд кормандони Марказ бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, омўзиши фосилавӣ ва маълумотҳои моҳворагӣ дар муддати кутоҳ 12 ҷилди Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистонро аз ҷиҳати техникӣ омода намудаанд. Ҳамзамон, ба верификатсия, таҳлил ва аниқ намудани маълумотҳо машѓуланд. Дар ҷараёни гузаронидани таҳлилҳои феҳристе, ки дар қаблан таҳия шуда буд, бисёр номуаяниҳо маълум гардиданд, махсусан дар шумораи пиряхҳое, ки масоҳаташон аз 1 км2 хурд ҳаст, дида мешавад.
Муовини директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”
Насруллоев Фарҳод