Аҳли кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омузиши пиряхҳои АМИТ”дар толори муассиса дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони кишварро бо мароқи том тамошо намуданд.

   Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат Паёми тозаи нусратофарин ва ояндаафрӯз буда, муждаи пирузии миллат дар тамоми соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

   Пешвои муаззами миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъки намуданд, ки бо вуҷуди мушкилоти эҷодшуда ва марзҳои баста соҳаҳои гуногун, бахусус соҳаи саноат ва кишоварзии мамлакат дар ҳоли рушд ва инкишоф қарор доранд.

   Дар соли 2020 беш аз 300корхона  ва коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода шуда, 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуданд.

 Дар паёми имсола ба масоили тадрису таълим руҷӯи муфассал шуд ва ду соли қаблӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли ватан дигаргунии зебои руҳонӣ эҷод карда, ба мардум барои андухтани илму дониш заминаи бузург бахшиданд.

   Дар Паёми навин оғози озмуни ҷадид дар риштаи улуми дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бо уновни “Илм- фуруғи маърифат” фарзандони ростини Синою Берунӣ, Қайси Розӣ ва Абумаҳмуд будани зиёини миллатро тасдиқ мекунад.

   Бо пешниҳоди Пешвои миллат 20 фоиз баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюби синни то 18 ва 50 фоиз баланд бардоштани нафақаи маъюбони гуруҳи якум бозгӯи меҳру муҳаббати пайвастаи Пешвои миллати меҳанпарастамон маҳсуб меёбад.

   Ҳамзамон, 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд намудани стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону докторанҳо иқдомест аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ба ояндаи илми тоҷик ва қишри ҷавони ҷомеа мебошад .

   Баъд аз тамошои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони мамлакат мизи мудаввар  таҳти роҳбарии директори  Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ” профессор Қаюмов Абдулҳамид бо аҳли кормандони Марказ доир гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбари Муассиса кормандон муваззаф гардиданд,  ки ҳар як нуктаҳои Паёмро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳанд ва афзуд, ки чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, “тибқи маълумот ҳар сол аз Институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст”.

   Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зарур аст, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

   Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».

   Дар ин замина моро зарур аст, аз ҳисоби ҷавонони муассиса муҳаққиқони соҳибистеъдодро бобати таҳсил ба магистратура, аспирантура ва докторантура ба дохил ва хориҷи кишвар сафарбар намоем.Вобаста ба ин, ҷиҳати роҳандозӣ намудани нуктаҳои Паёми имсола шуъбаю озмоишгоҳҳоро зарур аст, ки Накшаи чорабиниҳоро таҳия ва тарҳрезӣ намоянд.