Бо Фармоиши директори
МДИ «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 02.01.2019 № 13
тасдиқ шудааст

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Дастурамали вазифавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Дастурамал) ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, Оинномаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва оинномаҳои муассисаҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
  3. Дастурамали мазкур ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони Академияи милли илмҳои Тоҷикистонро муайян менамояд.

  1. Мудири озмоишгоҳи муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– мудири озмоишгоҳ ба фаъолияти ӯ (озмоишгоҳ) роҳбарӣ намуда, барои гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ, амалӣ, таҷрибавӣ ва озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд масъул мебошад.

– мудири (озмоишгоҳ) дар як сол корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар ҳаҷми 2 (ду) ҷузъи чопӣ ба анҷом мерасонад.

– оид ба коркарди нақшаи кории дурнамо ва солонаи (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд ва ба нақшаи корӣ дохил намудани корҳои илмию таҳқиқотии зарурӣ ва актуалии истеҳсолиро таъмин намуда, барои иҷрои мунтазами он назорат мебарад.

– мавзъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии (озмоишгоҳ), ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд муайян менамояд ва фаъолияти онҳоро ташкил ва ҳамоҳанг месозад.

– коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводҳои нақшавию методиро роҳбарӣ менамояд.

– иҷро намудани нақшаҳои кории мавзӯъҳо ва зина ба зина гузаронидани таҷрибаҳоро муқаррар намуда, иҷроиши самараноки таҷрибаҳоро назорат менамояд.

– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро кор карда мебарояд.

– дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмӣ баланд бардоштани сифати маҳсулот ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.

– мунтазам корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.

– барои тайёр намудани ҳисобот ва дигар мавод оид ба иҷрои таҷрибаҳо ва коркарди онҳо чораҳо меандешад, талаботи нормативии маводҳоро муҳокима ва таъмин менамояд.

– ба Шӯрои олимон, илмӣ, илмӣ-техникӣ барномаҳои методӣ, нақшаҳои корӣ, ҳисобот, натиҷаҳои илмии ба даст оварда, мавзӯъҳои рисолаҳо ва дигар маводҳоро тайёр намуда, пешниҳод менамояд.

– оид ба таъмини базаи моддию техникии иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар (озмоишгоҳ) чораҳо меандешад.

– оид ба ба маводи лозимӣ, таҷҳизонидан ва корҳои таъмирии шуъба ба роҳбарияти муассисаи илмӣ дархост пешниҳод менамояд. Барои дуруст истифодабарии дастгоҳу таҷҳизотҳо, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва таъмиру таъмини саривақтии онҳо назорат мебарад.

– дар рафти гузаронидани озмоишҳо риояи талаботи техникаи бехатариро дар озмоишгоҳ таъмин менамояд.

– барои беҳтар намудани шароити меҳнат дар озмоишгоҳ чораҳо меандешад. Дар интихоби кадрҳои илмӣ ва ҷобаҷогузории онҳо, баланд бардоштани савияи дониши кормандон иштирок менамояд.

– барои ҳавасмандгардонӣ, рӯйхати кормандони пешқадамро ба роҳбарияти муассисаи илмӣ пешниҳод менамояд.

– дар тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводи ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда, роҳбарӣ менамояд.

– дастовардҳои илмиро бо баромадҳо, маърӯзаҳо, иттилооту ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ташвиқу тарғиб менамояд.

– дар корҳои экспертизаи илмӣ иштирок мекунад ва аз болои кормандони (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд.

– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон ва рисолаҳои аспирантон, докторантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад.

– ба магистрантон, докторантони PhD дарсҳои лексионӣ ва амалӣ мегузарад.

– мудири (озмоишгоҳи) Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон” аз ҷониби Директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. Сарходими илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– сарходими илмӣ барои гузаронидани корҳои илмии бунёдӣ, амалӣ, таҷрибавӣ ва озмоишӣ мутобиқи мавзӯъҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, иштирок менамояд ва ҳангоми набудани мудири (озмоишгоҳ) ба фаъолияти илмӣ-ташкилии (озмоишгоҳ) роҳбарӣ менамояд.

– сарходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми 4 (чор) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.

– дар коркарди нақшаи дурнамо ва солонаи (озмоишгоҳ) иштирок менамояд ва ба нақшаи корӣ дохил намудани корҳои илмию таҳқиқотии зарурӣ ва актуалии истеҳсолиро таъмин намуда, барои иҷрои мунтазами он кор мебарад.

– коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, силлабус, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводи нақшавию методӣ ба мудири (озмоишгоҳ) кӯмак мерасонад.

– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро кор карда мебарояд.

– дар инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ ва ба натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо баҳо медиҳад.

– мунтазам корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.

– барои тайёр кардани кадрҳо кӯшиш менамояд. Афзалияти натиҷаҳои ба даст овардаашро ҳимоя менамояд. Ҷорӣ намудани натиҷаи таҷрибаҳои амалӣ ва коркарди онро дар амал ташкил менамояд.

– дар тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводҳои ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда роҳбарӣ  менамояд.

– дастовардҳои илмиро бо баромадҳо, маърӯза ва иттилоот таблиғ менамояд.

– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ дар васоити ахбори омма фаъолона иштирок менамояд.

– сарходими илмии муассисаи илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. 4. Ходими пешбари илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– ходими пешбари илмӣ мутобиқи мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дар асоси нақшаи кории дурнамо ва солонаи (озмоишгоҳ) корҳои илмӣ- таҳқиқотиро пеш мебарад.

– ходими пешбари илмӣ дар як сол дар ҳаҷми  аз 3 (се) то 4 (чор) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.

– мавзӯъҳои илмии фаъолияташро муайян менамояд ва фаъолияти онҳоро ташкил ва иҷро менамояд. Коркарди вазифаҳои техникӣ, методӣ, барномаи корӣ, асоснок намудани корҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва дигар маводи нақшавию методиро иҷро менамояд.

– иҷро намудани нақшаҳои кории мавзӯъҳои илмӣ ва зина ба зина гузаронидани таҷрибаҳоро муқаррар намуда, иҷроиши самараноки таҷрибаро мегузаронад.

– вазифа ва мақсади корҳои илмию таҳқиқотиро муайян намуда, мақсади асосии натиҷаҳои онҳо, гипотезаи корӣ, низомнома ва принсипҳои назариявӣ, методӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ ва муайян намудани равиши корҳои илмиро асоснок менамояд.

– дар кори инкишоф додани соҳаи илм, иҷро намудани пешгӯиҳои коркардшуда ва пешкаш намудани онҳо, инчунин аз ҷиҳати илмӣ баланд бардоштани сифати маҳсули илмӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаи онҳо иштирок намуда, варианти дилхоҳи таҷрибаҳоро амалӣ мегардонад.

– корҳои ташкилӣ ва банақшагирии илмию таҳқиқотиро такмил дода, дастовардҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро истифода мебарад.

– барои тезонидани амаликунонии натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи амалия, сатҳи баланди таҷрибаҳои иқтисодӣ-техникӣ, коркард ва самаранокии он, паст намудани арзиш ва меҳнатталабии корро ба ҷо меорад.

– барои тайёр намудани ҳисобот ва дигар маводи техникӣ оид ба иҷрои таҷрибаҳо ва коркарди онҳо чораҳо меандешад. Ба Шӯрои олимон, илмӣ, илмию техникӣ барномаҳои методӣ, нақшаҳои корӣ, ҳисоботҳо ва натиҷаҳои ба даст овардаи илмиро пешниҳод менамояд.

– ҷорӣ намудани натиҷаи таҷрибаҳои амалӣ ва коркарди онро дар амал ҷорӣ менамояд.

– барои тайёр намудан ва нашри корҳои илмӣ ва дигар маводи ахборотӣ оид ба натиҷаҳои ба даст оварда, маълумоти заруриро омода месозад. Дар корҳои экспертизаи илмӣ, семинару конфронсҳои илмӣ иштирок менамояд.

– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ аз васоити ахбори омма иштирок менамояд.

– ходими пешбарӣ илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. Ходими калони илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– таҳти роҳбарии иҷрокунандаи масъул ё ин ки роҳбари мавзӯъи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин дар гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок менамояд.

– ходими калони илмӣ дар як сол дар ҳаҷми  3 (се) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.

– ҷамъоварии маводи илмӣ ва коркарди он, таҳлил ва ба низомдарории маълумоти илмӣ ва пешниҳодҳои сифатан назарраси корҳои иҷрошуда (мутобиқи коркарди лоиҳаҳои стандартӣ), инчунин дастовардҳои ҳозиразамони илмиро иҷро мекунад.

– дар тартиб додани лоиҳа, схемаҳои гуногунҷабҳа, гузаронидани озмоишҳо, назорат аз рӯи асбобҳои санҷишӣ, ҷиҳозонидани озмоишгоҳ иштирок менамояд.

– гузаронидани озмоишҳои гуногуни илмиро ташкил намуда, натиҷаи онҳоро таҳлил менамояд. Дастовардҳои илмӣ ва иҷроиши коркарди онҳоро ташкил менамояд. Адабиётҳои махсус ва нашрияҳои илмию техникии ватанӣ ва хориҷиро меомӯзад ва аз методикаю дастовардҳои ба мавзӯъ мутобиқ истифода мебарад.

– оид ба ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои ба анҷом расида ва коркарди онҳо тақриз ва маълумот тайёр менамояд.

– дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ фаъолона иштирок менамояд. Дастовардҳои илмиро тарғибу ташвиқ менамояд. Дар омода намудани  мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, ихтироъкорӣ, инчунин дар баргузории семинар – конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию техникӣ ва ғайра иштирок менамояд. Оид ба корҳои илмӣ аз тарафи кормандони озмоишгоҳ иҷрошуда, ба мудири шуъба (озмоишгоҳ) ва роҳбарияти муассисаи илмӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ иштирок менамояд.

– ходими калони илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. 6. Ходими илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– таҳти роҳбарии масъули мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва  мутобиқи барномаи методии тасдиқшуда оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо иштирок менамояд.

– ходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми  2 (ду) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.

– ҳал намудани масъалаҳо оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, мақолаҳо, тақризҳо ва нашрияҳои иттилоотӣ, маводи илмиро омӯхта онҳоро мутобиқи дархост истифода мебарад. Рӯйхати манбаъҳои истифодашуда, хулосаҳо, маърӯзаҳо, ҳисоботи иттилоотиро тартиб дода ба қайд мегирад.

– дар коркарди методҳои таҷрибавӣ оид ба иҷроиши корҳо ва гузаронидани онҳо иштирок мекунад.

– корҳои меҳнатталаби озмоишӣ, ченкунӣ, ҳисобкунии таҳқиқотҳо, коркард, таҳлили он ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои ба дастовардаро иҷро менамояд. Дар тайёр намудани супориши техникӣ барои лоиҳа ва тайёр намудани маводи санҷишӣ-назоратӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои, асбобҳои озмоишӣ ва таҷҳизонидани озмоишгоҳ иштирок менамояд. Кори дастгоҳҳои таҷрибавиро тафтишу танзим медиҳад. Мутобиқи дастур дурустию бехатарии онҳоро назорат менамояд.

– оид ба тафтиши амалии натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо кор мебарад, маводи ба даст овардаро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, зимни дар амалия иҷро шудани онҳо ширкат меварзад.

– таҷрибаҳои ватанӣ ва хориҷиро меомӯзад, мунтазам савияи дониши худро баланд мебардорад ва ба ҳамкорон дар кори эҷодӣ кӯмак мерасонад.

– дар тайёр намудани ҳисобот, тақризнависӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ иштирок менамояд.

– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ ширкат менамояд.

– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон роҳбарӣ мекунад.

– ба магистрантон, дарсҳои амалӣ мегузарад.

– ходими илмии муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири шуъба (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. Ходими хурди илмии муассисаи илмӣ вазифадор аст:

– корҳои илмӣ-таҳқиқотиро аз рӯи нақшаи инфиродӣ ва мавзуи корҳои илмӣ-таҳқиқотие, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд иҷро мекунад.

– ходими илмӣ дар як сол дар ҳаҷми  1,5 (яку аз даҳ панҷ) ҷузъи чопӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом мерасонад.

– дар асоси истифода бурдани дастовардҳои ҳозиразамони илмию техникӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи методологияи нави илмӣ ва дараҷаи баланди илмиро таъмин менамояд. Дар амал ҷорӣ намудани корҳои таҷрибавӣ ва коркарди самараноки онҳоро таъмин менамояд.

– корҳои илмию таҳқиқотиро ҳамчун роҳбар ё ин ки мутасаддии  мавзӯъ, дар ҳамаи зинаҳо, аз тартиб додани барномаи методӣ оид ба коркарди мавзӯъ то ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар амалия ширкат менамояд.

– фарзияи илмиро тавсия ва коркард намуда ба равияҳо асоснок менамояд, иҷро ва мақсади таҳқиқотҳо, методҳои гузаронидани онҳо, инчунин тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозимии нақшавӣ ва техникиро ташкил менамояд.

– ахбороти илмию техникиро меомӯзад, масъалаҳои таҷрибавӣ ё коркардҳои гузаронидашударо ҷамъбаст менамояд.

– оид ба хоста гирифтани хулосаҳои прогрессивӣ, сарфакорона истифодабарии масъалаҳои илмию техникиро тайёр ва пешниҳод менамояд.

– дар гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ иштирок намуда, масъалаҳои мушкили принсипиалиро оид ба мавзӯъҳо ҳал менамояд.

– оид ба иҷрои корҳои илмӣ, дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои ҳамкор, мутобиқат менамояд ва дар тайёр намудани натиҷаҳои корҳои иҷрошуда иштирок менамояд.

– дар тафтиши натиҷаи корҳои эксперименталии илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳо, иҷрои супоришҳои техникӣ оид ба таҷҳизонидан ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳо роҳбарӣ менамояд. Дар рафти лоиҳакашии таҷҳизонидани ҷои корҳои  илмию таҳқиқотӣ санҷишу назорат менамояд.

– оид ба гузаронидани таҷрибаҳо, ҷамъбаст ва ба низомдарории натиҷаи тафтишоти таҷрибавӣ ва ҳоказо шароит муҳайё менамояд.

– дар хоҷагии халқ истифода бурдани натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва коркарди онҳоро ташкил менамояд, назорати муаллифӣ ва расонидани ёрии техникиро дар вақти истифодабарии он амалӣ мегардонад.

– нашри корҳои илмӣ ва дигар маълумотро оид ба натиҷаҳои корҳои ба охир расидаи илмӣ, омода менамояд. Ба кормандони озмоишгоҳ кӯмак ва барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо ёрӣ мерасонад.

– дар корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ-оммавӣ, ташвиқу тарғиботӣ дар васоити ахбори омма иштирок менамояд.

– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии магистрантон роҳбарӣ мекунад.

– ба магистрантон дарсҳои амалӣ мегузарад.

– ходими хурди илмии муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

  1. Лаборанти калон (бо маълумоти олӣ) вазифадор аст:

– оид ба корҳои лабораторӣ – озмоиши маводҳо, ченкунӣ, ҳисобкунӣ, гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ, таҳлил ва коркарди корҳои лабораториро иҷро назорат менамояд.

– дар корҳои ҷамъ овардани мавод, коркарди онҳо дар рафти таҷрибаомӯзӣ иштирок ва назорат менамояд. Оиди дуруст будани ҳолати асбобҳои лабораторӣ, ба кор омода намудан ва танзим додани онҳоро иҷро менамояд. Оид ба бехатарии онҳо назорат мебарад. Дар вақти гузаронидани корҳои озмоишӣ, санҷиши асбобҳо, дастгоҳҳои заруриро танзим ва реактивҳои кимиёвиро омода менамояд. Дар иҷро намудани озмоиши лабораторӣ иштирок ва натиҷаи корҳои таҷрибавиро мутобиқи дастурҳои таҳлилӣ ва оиди сабт намудани қайди натиҷаҳо ба дафтари қайд назорат мебарад.

– аз адабиётҳо, матбуоти даврӣ ва дастурҳо истифода бурда дастуру нишондодҳои лозимиро ба худ қайд мекунад, донишашро доимо такмил медиҳад.

– дар тоза нигоҳ доштани озмоишгоҳ ва ба ҳолати санитарии он назорат мебарад.

– лаборанти Академияи милли  илмҳои Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ ва мудири (озмоишгоҳ) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

Эзоҳ:

  1. Як ҷузъи чопӣ ба 40000 аломат бо дарназардошти фосилаҳо баробар мебошад.
  2. Муассисаи илмӣ вобаста аз хусусияти самти илм ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқоти мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар вазифаҳоро дар дастурамали муассисаи илмии худ пешбинӣ намояд.
  3. Роҳбарияти муассисаи илмӣ бояд ҳар як корманди худро бо Дастурамали вазифавӣ шинос кунад ва дар Дафтари махсус имзо гирифта шавад.