Бо Фармоиши директори
МДИ «Маркази омӯзиши»
пиряхҳои АИ ҶТ”
аз 02.01.2019 № 13
тасдиқ шудааст

  1. Муқарароти умумӣ
  • Сармуҳосиб аз тарафи директори Марказ ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
  • Ба вазифаи Сармуҳосиб шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ё маълумоте, ки ба он баробар арзиш дониста мешавад ва собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос на камтар аз 5- сол дошта бошад.
  1. Сармуҳосиби Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АИ ҶТ»

   2.1  Ба кори муҳосиботи муассисаи илмӣ роҳбарӣ мекунад.

   2.2 Таҳияи журналҳо ва ордерҳои 1.2.5.6.8.13-ро ҳармоҳа, инчунин китоби асосӣ, инчунин тавозунҳоро нисбат ба муассисаи илмӣ тартиб медиҳад.

   2.3 Қабул намудани ҳуҷҷатҳо ва кор карда баромадани ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ оид ба воридоту хароҷоти маблағҳо таъмин менамояд;

   2.4 Тафтиши ҳисоботҳоро бо дебиторҳою кредиторҳо дар бобати ҳисобҳои тавозунӣ ва супоришҳои пардохтшавандаро доир ба хазинадори бонки давлатӣ ва муқоисавиро бо Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ мегузаронад;

2.5 Фармоишотро доир ба мавзӯъҳои КИТ ва ҳисоботро доир ба истифодаи воситаҳо ба хазинадорӣ пешниҳод менамояд;

2.6 Доир ба меҳнат, шумораи кормандон, инчунин дигар ҳисоботҳои оморӣҳисобот таҳия мекунад;

2.7  Доир ба муассисаи илмӣ нақша ва нақшаи хароҷот доир ба буҷа (дар семоҳа) тартиб медиҳад;

2.9 Ба таъминоти моддию техникии корҳоимуассисаи илмӣкӯмак мерасонад;

2.10  Тафтиши молиявии муассисаи илмиро амалӣ менамояд;

3.1  Дар омода намудани маводҳои ҳисоботию ахборӣ ба роҳбарияти АИ ҶТ, Вазорати молия дастрас намудани онҳо ваҳалли масъалаҳои ташкилӣ иштирок менамояд.

3.2  Нишондодҳои ташхисиро дар бобати маблағгузорӣ намудани КИТ тибқи мавзӯъҳо барои озмоишгоҳҳои муассисаи илмӣ ташаккул медиҳад;

3.3 Тақсимотиҳаҷми маблағгузориро ба КИТ татбиқ менамояд;

3.4 Шаклҳои ҷамъбастиро ба таври том, тибқи низоми ИБФГР тартиб медиҳад;- аз болои истифодабарии воқеии воситаҳои молиявию пулӣ дар бобати КИТ назоратро амалӣ менамояд;

3.5 Назоратро аз болои ҷадвали воҳидҳои корӣ дар шуъбаҳо ва пардохти дурусти музди меҳнатро татбиқ менамояд;

3.6 Таҳия ва татбиқи ба ҳисобгирӣ ва ба нақшагирии одии ҳуҷҷатҳоро ба уҳда дорад;

3.7 Таҳияи нақшаи пешгӯӣ ва ҷории тайёр кардани маводи зарурӣ барои корҳои ҷамъбастии муассисаи илмӣ;

   3.8 Сарфабарии дуруст ва пурраи маблағҳо, иҷроиши нишондиҳандаҳои молиявиро дар муассисаи илмӣназорат менамояд;

   3.9 Сармуҳосиби муассисаи илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад амалӣ менамояд.

   Сармуҳосиб                                                           Сафаров А.