Мудири шуъба: Ҳалимов Ардамеҳр
Вазифаҳои шуъба
1. Иҷро намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дастуру супоришҳое ки аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директори Муассиса.
2. Коркард ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо, гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим, ташкили назорати (мониторинги) доимии маҷмӯии криосфера ва баландии пӯшиши барф, додани тавсия ва машваратҳои илмӣ оид ба дар сатҳи баланд гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим ва омилҳои он;
3. Коркарди усулҳо ва технологияҳо оид ба таҳияи системаҳои назорати фосилавии объектҳои табиӣ ва сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва амалӣ.
4. Ҷамъ намудани маълумотҳои метеорологи ва гидрологӣ.
5. Ҳалли масъалаҳои марбут ба омӯзиши муҳити зист ва иқлим, пажӯҳиши таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ, аз ҷумла масъалаҳои идоракунии оқилонаи табиат;
6. Дар ҳамкорӣ бо олимони шуъба дар самти тағйирёбии иқлим, обшавии ҳифзи пиряхҳо гузаронидани таҳқиқотҳо.
7. Ташкил намудани Маркази серверӣ ҷиҳати ҷамъ намудани маълумотҳои барфҳо бо барномаи Modsnow.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба
1. Омода сохтани шабакаҳои автоматикунонидаи обуҳавошиносӣ дар болооби дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Вобаста ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арзёбиҳои байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шудааст, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ, машваратҳо, таҳияи дастур ва мақолаҳои илмӣ, инчунин анҷом додани баромадҳо тариқи садову симо.
3. Омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва соҳавӣ бо тариқи ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандон, инчунин пешниҳод намудан барои ҷоизаҳо.
4. Иҷрои корҳо ҷиҳати тартиб додани нақшаи ягонаи илмию техникӣ самаранок истифода бурдани захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои экологӣ дар бахши ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқати онҳо ба иқлим.
5. Кор карда баромадани системаи базаи ягонаи ахборотӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо, гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим, ба роҳ мондани мониторинги дарёҳо ва кӯлҳои яхини эҳёшуда ва иҷрои корҳои ҳамшафақӣ онҳо.
6. Бо дарназардошти моҳияти боришоти барф ва мувозинаи ғафсии қабати барф роҳандозии таҳлилҳо вобаста ба обнокии дарёҳо.
7. Ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи технологияҳои инноватсионии муосир ва ҳавопаймоҳои бесарнишин.
8. Пешгӯи кардани коҳишёбии пиряхҳо ва муайян намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Ба роҳ мондани корҳо ҷиҳати моделсозии коҳишёбии пиряхҳо, таҳрезии модели коҳишёбии пиряхҳо ва таъсири он ба обнокии дарёҳое, ки аз пиряхҳо маншаъ мегиранд.
10. Ҷиҳати муайян намудани сатҳи коҳишёбӣ дар пиряхҳои репрезентативӣ гузоштани метеостансияҳои автоматикӣ.
11. Дар заминаи илмӣ-таҳқиқотӣ баҳодиҳӣ намудани ҳолати ҳавзҳои пиряхӣ ва пешгӯи кардани хавфи кандашавии пиряхҳо ва дар ин замина тартиб додани Атласи вертуалии кӯлҳои пиряхӣ.
12. Ҷамоварӣ, коркард, систематизатсия ва таҳияи махзани маълумотҳо оид ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ.
13. Муайян намудани мувозинаи қабати барфи пиряхҳо ва ба роҳ мондани назорати доимии мувозинаи қабати барфи пиряхҳои репрезентивӣ дар минтақаи Помири Шаркӣ, болооби дарёи Варзоб, инчунин дар болооби дарёи Хингоб. Ин амал бо муруи замон дар ҳамаи дарёву рӯдхонаҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
14. Бо дарназардошти манфиатҳои милливу сиёсӣ, инчунин бо мақсади табоддули маълумотҳои навини илмӣ ва истифодаи онҳо ворид шудан ба системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо.
15. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат оид ба рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ коркарда баромадани маршрути сайёҳии пиряхҳо.
16. Бо дар назардошти мавқеи занон дар татбиқи сиёсати давлат ва ҳукумат ба роҳ мондани экспедитсияҳои минтақавӣ ва байналмилалии занон ба пиряхҳои ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷа.
17. Ташкил намудани семинарҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба арзёбии хавҳо ва пайомадҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтарсозии маълумотнокии оид ба пиряхҳо. Ташкили Аксияҳом миллӣ дар саросари мамлакат.
18. Дастрас намудани маводҳои илмию озмоишӣ барои бо сифати баланд ташкил намудани экспедитсияҳои илмии баландкӯҳӣ;
19. Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи дохилкунии технологияҳои муосири таҳияшуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мусоидат дар ҷалб намудани инвеститсияҳо бо мақсади аз навсозї ва ҷорї намудани технологияи нави инноватсионӣ;
20. Роҳандозӣ намудани “Мактабҳои тобистона” бо мақсади тарбия ва таълими мутахассисон (асосан донишҷӯён ва аспирантҳо) оид ба самтҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо, гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим, инчунин фаъолияти шуъба;
21. Дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ вобаста ба мавзӯи шуъба.
22. Иштирок дар семинарҳо, мулоқотҳо ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
23. Таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои миллӣ ва хориҷӣ. Маҷмӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону мутахассисиони шуъбаро дар шакли мақолаҳои илмӣ нашр намояд.