Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо”
Санаи 14 – уми феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамзамон доир ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ тибқи Нақшаи тасдиқгардидаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Нақшаи Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” доир гардид.
Директори муассиса Конференсияро ҳусни оғоз бахшид. Сараввал, ҳамаи иштирокчиён ва меҳмоноро барои ташрифашон ба ин Конференсия хайра мақдам гуфт.
Дар оғоз профессор Абдулҳамид Қаюмов иброз намуд, ки дастоварди беҳтарине, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10.02.20224 ирсол гардида ин тасдиқи Каталоги пиряхҳои Тоҷикистон буд. Тибқи барномаи корӣ баъди пазироии меҳмонон профессор А. Қаюмов диор ба мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ибрози назар намуд.
Аз ҷумла номбурда изҳор дошт, ки қабули ин қонун, албатта як дастоварди назаррас ва тақозои замон мебошад. Он раванди фаъолияти ниҳодҳои марбутаро вобаста ба мавзуи муҳими рӯз, яъне ҳифзи пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби пиряхҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар пиряхҳо оид ба мониторинг ва коркарди бахши ҳифзи пиряхҳо муаян карда шудааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.
Ҳамзамон илова гардид, ки Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо – ба се қисми асоси тақсим кардан мумкин аст:
- Ҳифзи пиряхҳо (Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
- Истифодаи захираҳои об (Вазорати энергетика ва захираҳои об).
- Таҳқиқоти илмии пиряхҳо (Академияи милли илмҳои Тоҷикистон).
Боби 3 – юми Қонун ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мақсад дорад дар асоси он фаъолияти минбаъдаи хешро босарбаландона ба пеш барад.
Дар Конференсия ҳамзамон, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Зоир ва Одиназода Ҳаёт, ки таҳиягари асосии Қонун мебошанд дар бораи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” суханронӣ намуданд.
Баъдан, ҳуқуқшиноси Марказ М. Самиев оид ба Самт (Боб, модда) ва мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, ва баромадкунандагон аз дигар вазорату идораҳои соҳавӣ аз қабили: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳрух Одиназода доир ба мавзуи қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, Муртазозода Ораз аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзуи” Ҷойгоҳ ва зурурати қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати паст кардани нобудшавии онҳо, Меҳрангези Шарифҷон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, Мавлонназарова Шаҳло аз муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷабборов Фарҳодҷон аз Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба Ҷанбаъҳои байналмилалӣ – ҳуқуқии ҳифзи пиряхҳо баромад ва таклифу пешниҳодоти ҷолиб намуданд.
Инчунин, Сафаров М мудири шуъба , Убайдуллои Убайдуло ва чанде аз муҳаққиқони марказ доир ба моҳият, мақсаду мароми “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ибрози андеша намуданд.
Муҳокимаи Конференсия
Дар рафти муҳокимаи васеи илмӣ ҳамаи иштирокчиён ва баромадкунандагон имкон пайдо намуданд, ки дониш, фаҳмиш, таҷриба ва маҳорати худро оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” – ро дар ҳамкорӣ амалӣ намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки экспедитсияҳои муштаракро бо шарикори рушди устувор ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ” мустаҳкам намоед.
Дар фарҷоми Конференсия таклифу пешниҳод гардид, ки дар наздикии пиряхи Яккарча дарахтони мутобиқ ба онро дар мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор шинонида амалӣ намоянд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки баромадҳои беҳтарин дар шакли маҷмуа ба нашр расонида шаванд.
Доир ба натиҷаи Конференсия чунин Қатънома қабул гардид аз ҷумла:
Мо, иштирокчиёни Конференсияи мазкур, изҳор менамоем, ки дар татбиқи аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” саҳми арзандаи худро гузорем.
Иштироккунандагони Конфронси ҷумҳуриявӣ ба чунин ҳусни тафоҳум омаданд:
Бо дарназардошти он, ки Қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд ба таври мушаххас муаян менамояд.
Бо зикри он, ки қабули ин қонун дастоварди назаррас ва тақозои замон мебошад, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ” қабули ин қонунро дар иҷрои якчанд раванди илмӣ вобаста ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, ки тобиши сиёсиро касб менамояд хуб пазируфтааст.
Бо эътирофи манфиати тарафайн Қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои об мушаххас ва саҳеҳ муаян шудааст. Мувофиқи қонун соҳаи ҳифзи пиряхҳо яке аз самтҳои ҳалталаб аст.
Бо дарназардошти оқилона истифода бурдан ва ҳифзи манбаъҳои обӣ яке аз самтҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Дар қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо ” самтҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон саҳеҳ ва ҳаматарафа муайян шудаанд, ки иҷрои онҳо саривақтӣ ва зарур аст.
Зарурати баланд бардоштани Боби 3 – и қонун ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст ва мувофиқи банди 1 ва 2 – он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқӣ амалӣ мешаванд.
Аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию минтақавӣ ва байналмилалӣ муаян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо.
Мавриди тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ мониторинги пиряхҳоро тавассути гузаронидани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуи омӯзиш ва , арзёбӣ ва пешгӯйи намудани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим мунтазам мегузаронад, ки натиҷаи онҳо тавассути мақолаҳои илмии даврӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ инчунин гузоришҳои расонавӣ (телевизион ва радио)”манзур мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар соли 2024 ҷиҳати иҷроиши Қатъномаи СММ – ро оид ба эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (СБҲП-2025)”ва бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ва эълон намудани Соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронидани Конгресси якуми Глятсиологҳо “Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди гармшавии глобалӣ” (ҳолат ва дурнамои онҳоро) дар нақша дорад ва ҳамзамон шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳоро ташкил медиҳанд.
Инчунин, Дар фарҷоми Конференсия таклифу пешниҳод гардид, ки дар наздикии пиряхи Яккарча дарахтони мутобиқ ба онро дар мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор шинонида амалӣ намоянд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки баромадҳои беҳтарин дар шакли маҷмуа ба нашр расонида шаванд.
Қабул шуд: 14 – уми феврали соли 2024 шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон