АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

 

ПРЕСС – РЕЛИЗ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “АҲАМИЯТИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

 

 ш. Душанбе                                                                                       14.02.2024

 

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули эъломияи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 14- уми феврали соли 2024 соати 0900 Конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-амалиро доир ба мавзуи  “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳифзи пиряхҳодар ошёнаи 6-уми бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор менамояд.

Дар Конфронси мазкур олимону муҳаққиқон, магистрантон ва докторантон иштирок намуда мақолаҳои худро, ки ба мавзуи Конференсия тааллуқ доранд, пешкаш менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳҳеҳ муайян кардааст ва ҳамзамон гузаронидани таҳқиқоти илмиро муайян намуда, инчунин таҳқиқоти илмиро ба эътидол оварда, маълумоти мухталифи ба ҳам муқобилро тамоман аз байн мебарад, ки ин имкон медиҳад, ки дурбиниҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ – бунёдӣ коркард шаванд. Инчунин қонун таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Дар Боби 3-и қонуни мазкур ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • аҳамияти қабули қонун дар раванди таҳқиқотҳои илми пиряхшиносӣ;
  • нақши қабули қабули “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар раванди таҳқиқотҳои илми пиряхшиносӣ;
  • самтҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо;
  • омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо;

 


 

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-амалӣ доир ба мавзуи  “Аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳифзи пиряхҳо (14.02.2024)

 

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • аҳамияти қабули қонун дар раванди таҳқиқотҳои илми пиряхшиносӣ;
  • нақши қабули қабули “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо” дар раванди таҳқиқотҳои илми пиряхшиносӣ;
  • самтҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо;
  • омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо;

 

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

          Шакли иштирок: тариқи хузурӣ (оффлайн)

 

                        Талабот ба таҳрезии мақола

Мақолаҳо дар ҳаҷми 10-12 саҳифаи андозааш А 4 ,  бо  ҳуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj : ҳаҷми ҳарф – 14 фосилаи 1,5 муҳаррири Word; ҳошияи стандартӣ (аз боло 2см, аз чап 3 см, аз рост 1, 5см).

Нишон додани индекси ТДУ (УДК) , ТКБ (ББК) ва рамзи ихтисосе, ки мақола тибқи номенклатураи КОА шомили он аст, ҳатмист.

Тарзи барасмиятдарории мақолаҳо чунин мебошанд:

Номи мақола бо ҳарфҳои калони ғафс, ному насаби муаллиф(он) бо ҳарфҳои хурд, номи муассисае, ки муаллиф(он) кор мекунанд (бо ҳарфи хурд ва курсив), суроғаи электронӣ. Ҳамаи маълумотҳо  дар мобайн ҷойгир карда мешаванд.

Мақолаҳо дорои фишурда (аннотатсия) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми аз 30 то 60 калима, ки муҳтавои асосии мақола ва натиҷаи таҳқиқотро дар бар мегирад ва вожаҳои калидӣ иборат аз 5 – 7 калима бошанд.

Маълумот оид ба муаллиф(он) бояд дар охири мақола бо нишон додани маълумотҳои зерин оварда мешаванд: ному насаб (пурра), унвон дараҷаи илмӣ, ҷойи кор, мансаб , суроға,  E-mail ва телефон.

Мақолаҳо ба ташкилотчиёни конференсия дар шакли файли алоҳида ба суроғаи электронӣ  пешниҳод карда мешаванд.: номи файл аз ному насаби муаллифи якум сохта мешавад, масалан: “Ғуфранов М.С.dосx”. Агар якчанд мақолаи як муаллиф пешниҳод шуда бошад, он гоҳ баъди ному насаби муаллифи аввал, зерхат ва рақами тартибии мақола ҳамроҳ карда мешаванд, масалан “Ғуфранов М.С.-1dосx”, “Ғуфранов М.С-2dосx”.

– қабули мавод барои нашр дар шакли чопӣ як нусха бо имзои муаллиф ва бо таври электронӣ бо E-mail: taghoi.58@gmail.com ирсолгардадида, рўйхати иштирокчиёни Конференсия то 13-уми феврали соли 2024 пешниҳод шаванд.

                                                   Суроға:

734025 ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омўзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тољикистон», ошёнаи 5

(Тел/факс: (+992 37) 2277741; 918985469

*E-mail: taghoi.58@gmail.com

Маълумот оиди бақайдгирӣ (Анкета) ва намунаи мақола дар сомонаи  Марказ  –  сryosphere.tj. ҷойгир карда шудааст.

 


 

ДАЪВАТНОМА – БАРНОМАИ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ -АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “АҲАМИЯТИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

 

         Санаи 14 -уми феврали соли 2024, соати 0900 дар толори

 маҷлисгоҳи ошёнаи 6-уми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Шуморо бо камоли эҳтиром ба Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ амалии Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳифзи пиряхҳодар ҳошияи татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз санаи 30 -– юми декабри соли 2023, № 668 ва иҷроиши катъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иштироки мутахассисон ва муҳаққиқон тариқи хузурӣ  (оффлайн), ки санаи 14 – уми феврали соли 2024 соати 0900 дар толори маҷлисгоҳи ошёнаи 6-уми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват  менамоем.

 Кумитаи тадорукот

 

 

Тартиби корӣ

САНА: 14 – уми феврали соли 2024

ЗАМОН: Соати 09.00

МАКОН: ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 33, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ошёнаи 6- ум.

Тел/факс: (+992 37) 2277741; 918 98 54 69

E-mail: taghoi.58@gmail.com

Забони кории Конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Шакли иштирок: тариқи ҳузурӣ (оффлайн).

 

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт: 

  • аҳамияти қабули қонун дар раванди таҳқиқоти илми пиряхшиносӣ;
  • нақши қабули “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо” дар раванди таҳқиқоти илми пиряхшиносӣ;
  • самтҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо;
  • омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оиди ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо;
  • инъикос ва тарғиби қабули қонун дар Васоити ахбори омма (ВАО).

 

Конференсияи ҷумҳуривии илмӣ -амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо”

 

БАРНОМА

 Забони кории Конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

 Шакли иштирок ҳузурӣ (оффлайн)

 

Вақт

14-уми феврали соли 2024

08:30

09:00

Бақайдгирии иштирокчиён

09:00

09:30

Бахши ифтитоҳӣ:Модератор: Қаюмов А. – директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» профессор, академики МАНЭБ
 Намояндаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар мувофиқа)

Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)
Намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)
Маърузаҳо
09:30

09:40

 

Қаюмов Адиректори МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ», мавзуъ: “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо
09:40

09:50

 

Самиев Маҳмадбек, – ҳуқуқшиноси МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» мавзуъ: Самт (боб. модда) ва мақсади қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”
09:50

10:00

Шоҳрух Одиназода – сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзии истифодаи сарватҳои табииӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуъ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо “Вазъ ва дурнамоиҳо”
10: 00

10: 10

Муртазозода Ораз –  сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуъ: Ҷойгоҳ ва зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати паст кардани шиддати нобудшавии онҳо.
10:10

10:20

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуъ
10: 20

10: 30

Мавлонназарова Шаҳлосардори шуъбаи табиат мавзуъ: Толори навтаъсиси пиряхҳо дар “Осорхонаи миллӣ”
10: 30

10: 40

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимовичходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии институти фалсафаи АМИТ мавзуъ: “Ҷанбаъҳои байналмилалӣ – ҳуқуқии ҳифзи пиряхҳо
10: 40

10:50

Сафаров М – мудири шуъба, мавзуъ: “Асосҳои қонунии ташкили шабакаҳои давлатии мушоҳидавии пиряхҳо”
11:00

11:10

 

Убайдуллои Убайдулло –  ходими калони илмӣ, мавзуъ: Иҷроиши

боби 3, банди 1-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо: “Пиряхҳои сангин: ташаккулёбӣ, хусусият ва сохтор.”

11:10

11:20

Давлатов Ҷовид докторанти курси 1-уми PhD, мавзуъ:Иҷроиши

боби 3, банди 1-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо: “Таҳқиқоти илмӣ дар пиряхҳои болооби дарёи Обихин

гоб”

11:20

11:30

Давлатова Адолат – ходими пешбари илм: мавзуъ: Тавсифи тағйир

ёбии масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Каниз тибқи боби 3 – и

моддаи 13

11:30

11:40

Боқиева Адлинисо –  ходими илмӣ, мавзуъ: Нуқтаҳои асосии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”
11:40

12:00

Муҳокима, таклиф, пешниҳодот ва пӯшидашавии Конференсия
12:00 13:00     Хӯроки нисфирӯзӣ      

    

 


ҚАТЪНОМАИ

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ

“Аҳамияти қабули қонуни ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо

                                                                                                     (14 – уми феврали соли 2024, ш. Душанбе)

 

Мо, иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба мавзуи

“Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо

дар бораи қабули ин қонун, албатта як дастоварди назаррас ва тақозои замон мебошад. Он раванди фаъолияти ниҳодҳои марбутаро вобаста ба мавзуи муҳими рӯз, яъне ҳифзи пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби пиряхҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар пиряхҳо оид ба мониторинг ва коркарди бахши ҳифзи пиряхҳо муаян карда шудааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.

Мо, иштирокчиёни Конференсияи мазкур, изҳор менамоем, ки дар татбиқи аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” саҳми арзандаи худро гузорем.

Иштироккунандагони Конфронси ҷумҳуриявӣ ба чунин ҳусни тафоҳум омаданд: Бо дарназардошти он, ки Қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд ба таври мушаххас муаян менамояд.

Бо зикри он, ки қабули ин қонун дастоварди назаррас ва тақозои замон мебошад, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ” қабули ин қонунро дар иҷрои якчанд раванди илмӣ вобаста ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, ки тобиши сиёсиро касб менамояд хуб пазируфтааст.

Бо эътирофи манфиати тарафайн Қонун дар бораи ҳифзи пиряхҳо мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои об мушаххас ва саҳеҳ муаян шудааст. Мувофиқи қонун соҳаи ҳифзи пиряхҳо яке аз самтҳои ҳалталаб аст.

Бо дарназардошти оқилона истифода бурдан ва ҳифзи манбаъҳои обӣ яке аз самтҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Дар қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо ” самтҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии тоҷикистон саҳеҳ ва ҳаматарафа муайян шудаанд, ки иҷрои онҳо саривақтӣ ва зарур аст.

Зарурати баланд бардоштани Боби 3 – и қонун ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст ва мувофиқи банди 1 ва 2 – он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқӣ амалӣ мешаванд.

Аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию минтақавӣ ва байналмилалӣ муаян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо.

Мавриди тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии  илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ мониторинги пиряхҳоро тавассути гузаронидани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуи омӯзиш ва , арзёбӣ ва пешгӯйи намудани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим мунтазам мегузаронад, ки натиҷаи онҳо тавассути мақолаҳои илмии даврӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ инчунин гузоришҳои расонавӣ (телевизион ва радио)”манзур мешаванд.

Иттилоъ дода мешавад, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” дар соли 2024 ҷиҳати иҷроиши Қатъномаи СММ – ро оид ба эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (СБҲП-2025)”ва бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” ва эълон намудани Соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ гузаронидани Конгресси якуми Глятсиологҳо “Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар раванди гармшавии глобалӣ” (ҳолат ва дурнамои онҳоро) дар нақша дорад ва ҳамзамон шабакаи  давлатии мушоҳидавии пиряхҳоро ташкил медиҳад.                                                       

Қабул шуд: 14 – уми феврали соли 2024

шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон