Бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш доир гардид.
Санаи 5 – уми сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Сипас ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаҳо супорида шуданд. Аз ҷумла директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Шерализода Назриало бо “Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва сарходими Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” Қаюмов Абдулҳамид бо нишони сарисинагӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.