ИШТИРОКИ МДИ «МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲОИ АМИТ» ДАР НАМОИШГОҲ ДОИР БА ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмонони олиқадр аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин дастовардҳои илмии МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» дидан намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар рафти намоишгоҳ ба Феҳристи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Куришбаев Ахилбек Кажигулович диққати махсус дода шуд. Инчунин муҳтарам Куришбаев Ахилбек Кажигулович нақши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур дониста, суолҳои худро аз ҳолати ҳозираи пиряхҳои ҷумҳурӣ пешкаши олимону мутахассисони ҷавони Марказ намуданд.