Имрӯз санаи 13-уми августи соли 2024 дар Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тибқи нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ – амалӣ бахшида ба “Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” семинари илмӣ дар мавзӯи “Ҳолати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.
Зимни баррасии семинари мазкур ходими илмӣ Давлатова Мунзифа аз рафти таҳқиқоти илмии худ дар самти омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ баромад намуд. Дар ин семинар кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Ванҷ бо мақсади муайян намудани масоҳати пиряхҳо аз усули зондиронии фосилавӣ тавассути тасвирҳои моҳворагии LANDSAT 5 (1993), LANDSAT 7 (2011) ва LANDSAT 9 (2022) дорои ҳалли гуногуни фазоӣ дар давоми солҳои 1993-2022 истифода гардиданд.
Бо ҳисоби миёна коҳишёбии умумии масоҳати пиряхҳо дар давоми солҳои 1994-2021 дар ҳавзаи дарёи Арнавад, ки дар қисмати ҷанубии ҳавзаи дарёи Ванҷ ҷойгир мебошад ба 20% ва дар ҳавзаи дарёи Дастирост, ки дар шимолии ҳавзаи дарёи Ванҷ ҷойгир мебошад 24%-ро ташкил медиҳад.