Конфронси байналмилалӣ оид ба “Мониторинги пиряхҳо кулҳои пиряхӣ ва идоракунии хатарҳо” бахшида ба “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Рӯзҳои 26 – 27-уми марти соли 2024 бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31.08.2023 таҳти № 407 “Амалигардонии қатъномаи  Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дасгирии ташкилотҳои байналхалқӣ дар  меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ” -и шаҳри Душанбе, бахшида ба “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конфронси байналмилалӣ оид ба “Мониторинги пиряхҳо, кулҳои пиряхӣ ва идоракунии хатарҳо, доир гардид.

Дар кори Конфронс  кормандони илмии баландпояи хориҷии дуру наздик, намояндагон аз Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбари намояндагии Агентии Швейтсария дар Тоҷикистон Саломе Штайб, намояндаи доимии Созмони рушди Оғохон дар Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов, муҳаққиқон ва олимони соҳаи илми пиряхшиносӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагон аз Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария, Донишгоҳи Осияи Марказӣ, GIZ, Агентии Оғохон оид ба Ҳабитат иштирок намуданд.

Модератори қисми ифтитоҳии Конфронс Ҷамила Байдуллоевна – муовини директори Агентии гидрометеорологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи меҳмононро барои иштирокашон хайра мақдам гуфт. Директори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Конфронсро ифтитоҳ намуд.

Баъди кушода шудани Конфронс сухан ба ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дода шуд. Номбурда изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд.

Вай инчунин қайд намуд, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  эълон гардидани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034 ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнисоҳавӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Чуноне, ки натиҷаи мушоҳидаҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, давоми чор даҳсолаи охир иқлими сайёра бо суръат тағйир ёфта, баландшавии ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво боиси тағйрёбии равандҳои гидрометеорологӣ гаштааст. Ин боиси он гардидааст, ки дар миқёси ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ тағйири назарраси давра ба давраи иқлим беш аз пеш мушоҳида шуда, зимистонҳо бештар сарду тӯлонӣ ва тобистон гарму хушк гардида истодаанд.

Дар ин раванд осебпазирии пиряхҳо ба таври назаррас мушоҳида мегардад. Тибқи арзёбии олимон ва коршиносони институтҳои байналмилалӣ дар раванди тағйирёбии иқлим, дар қитъаи Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама бештар осебпазир маҳсуб ҳисобида мешавад.

Сипас директори “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шерализода Назриало Шералӣ, доир ба мавзуи “Муҳиммияти “Нексус”: барномаҳои Швейтсария оид ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши таҳдиди хатари офатҳои табиӣ” баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки:

  • Давоми солҳо 1940-2024 ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар рӯи Замин тамоюли устувори  болоравиро нишон дода, тақрибан 0,9-1,2°C афзоиш ёфт, ки ба афзоиши партовҳои газҳои гармхонавӣ дар натиҷаи саноатикунонии босуръат ва сӯзондани сӯзишвории фосилавӣ мувофиқат мекунад
  •  Ин тамоюл дар даҳсолаҳои минбаъда низ идома меёбад илова намуд роҳбари муассиса.
  • Соли 2023 бори аввал дар пиряхҳои Якарча, ГГП, Зулмарт ва пиряхи 457 таҳқиқоти георадарӣ гузаронида шуд.
  • Тайи солҳои охир суръати коҳишёбии пиряхи Ванҷях соле 16-18 метрро ташкил дода, он аз соли 1933 то 2021 зиёда аз 2 км ақибнишинӣ капдааст ва масоҳати умумии қисми забонии пирях 4,5 км2 кам шуда, ҳаҷми он то соли 2020 16 км3 коҳиш ёфтааст.
  • Барои ҳалли масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ, гузаронидани арзебии омилҳое, ки ба тағиребии иқлими маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд ва муайян кардани тамоюлҳои онҳо зарурат дорад.
  • Гузаронидани омӯзиши муштарак дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳо бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ.
  • Ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо дар соҳаи илмҳои глятсиологӣ.
  • Баланд бардоштани дониш оид ба пиряхҳои кишвар ва равандҳои эҳтимолан хатарноки глятсиологӣ.
  • Дастгирии гузаронидани мониторинг, таҳқиқ ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо.

Дар рафти Конфронси номбурда кормандони Марказ Шомаҳмадов Алишо – ходими калони илмӣ, Кабутов Хусрав – мудири шуъбаи мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС технология ва Давлатова Мунзифа – ходими илмӣ доир ба вазъ ва ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон ва вобастагии онҳо аз тағйирёбии параметрҳои метеорологӣ баромад намуданд.

Дар фарҷоми Конронс ҳамаи иштироккунандагон ва олимон фикру пешниҳодоташонро доир ба вазъ ва ҳолати коҳишёбии пиряхҳои Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд.