ИШТИРОКИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ  АМАЛӢ  ДАР МАВЗУИ СОЛИ 2025 ҲАМЧУН “СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” ВА САҲМГУЗОРИИ ШАРИКОНИ РУШДИ УСТУВОР ДАР ИҶРОИШИ ҚАТЪНОМАИ СММ

25 – уми апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба муносибати 5 – солагии таъсисёбии ягона Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки он бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 27 – уми марти соли 2018 таҳти рақами 162 “Оид ба таъсиси Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёд гузошта шуда ва баъдан тибқи Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 52 аз санаи 23-юми апрели соли 2018 дар заминаи сифр ташкил карда шуда буд. Марказ тавонист, ки рисолати худро тибқи Оинномааш ба роҳ монда, ҳамзамон дар рушди илми пиряхшиносии ватанӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ниҳоятан ба як қатор дастовардҳои назарраси илмӣ мушарраф гардад.

Лозим ба тазаккур аст, ки аз ташкилёбии ин ниҳоди муҳим ва ниҳоят зарурии кишварамон аллакай расо панҷ сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин муносибат бо иштироки кормандони маркази мазкур инчунин меҳмонони олиқадр аз вазорат ва муассисаю дигар сохторҳои давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва инчунин ҳузурӣ,  маҷозӣ (офлайн ва онлайн) – намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони донишгоҳу донгишкадаҳо ва шарикони рушди устувор, аз он ҷумла: Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария, Институти пажӯҳишҳои барф ва тарма, Институти федералии Швейтсария оид ба тадқиқоти ҷангал, барф ва ландшафт, Институти тадқиқоти қутбии Швейтсария ва дигарон, ки зиёда аз 70 нафарро ташкил мекарданд дар рафти баргузории конфаронси байналмилалӣ ба тариқи офлайн ва онлайн иштирок намуданд.

Ҳадафҳои конфронс:

  • гузаронидани Конфронс ва дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи ниҳоии эъломияи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

  • баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ;

  • натиҷагирӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар давоми 5 соли фаъолият;

  • баррасии Стратегия, Барнома ва Нақшаи илмӣ дар самти иҷроиши соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушди устувор.

Ҷамъомадро директори марказ, профессор Абдулҳамид Қаюмов ифтитоҳ бахшида ва назди ҳозирин баромад карда, ҳамзамон қайд намуд, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии бештар аз 150 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки албатта масъулияти кормандони марказро зиёд менамояд.

Профессор Абдулҳамид Қаюмов аз ҷумла иброз дошт, ки  таъсиси маркази навтаъсис маҳз бо ибтикор ва дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вуқуъ пайваста аст, ки тақозои давр ва зарурияти таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, ҳадафи ягона ва асосии мо он аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри ҳифзи пиряхҳо ва инчунин гузаронидани корҳои  илмӣ – таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои муштарак ба шарикони рушд ва дигар сохторҳои дахлдор ба роҳ монем.

Маркази мазкур то имрӯз дар маҷмуъ зиёда аз 50 экспедитсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар ҳудуди пиряхҳои кишварамон гузаронида, ҳамзамон бо зиёда аз 30 донишгоҳи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ва созмону муассисаҳои бешумори соҳавӣ ҳамкориҳои пайваста ба роҳ мондааст.

Роҷеъ ба таъсисёбии марказ, саҳми муассисон, роҳи тайкарда, (маълумоти муфассал оид ба дастовардҳо дар ин сомона: https://cryosphere.tj/2023/04/18/dastovardho/) мушкилоту дастовардҳои назарраси илмӣ – амалӣ ва равобити байналмилалию экспедитсияҳои баргузоргардида ва инчунин саҳми босазои шарикони рушд мухтасар сухан ронда, изҳори сипоси худро пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баён намуд.

Мавсуф ба тариқи маҷмаавӣ самтҳои асосии фаъолияти марказро дар бахши иҷроиши Қатъномаи СММ чунин арзёбӣ намуд:

  • эълон шудани соли 2025–ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” асоси такмили омӯзиши пиряхҳо ва инчунин муайян намудани воситаҳои асосии ҳифзи пиряхҳо бо шарикони рушди устувор;

  • таҳрезии самтҳои ҳамкорӣ бо шарикони рушди устувор дар самти иҷроиши соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар ҳамкорӣ;

  • омӯзиши криосфера, пиряхҳо, қабати барф ва захираҳои обӣ;

  • таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ;

  • усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ;

  • истифодаи зондиронии фосилавӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар раванди омӯзиши пиряхҳо ва қабати барф;

  • офатҳои табиӣ, марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашаванда;

  • усулҳои изотопии гидрохимиявӣ ва омӯзиши пиряхҳо, қабати барф ва яхҳои обшуда.

Абдулҳамид Қаюмов дар баромади худ роҳҳои иҷроиши Қатъномаи СММ аз нуқтаи назари илмӣ асонок ва ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро муфассал шарҳ дода, инчунин ҳуҷҷатҳои заруриро ба ҳозирин пешниҳод намуд:

  • Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ – амалӣ оид ба соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

  • Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.

  • Барномаи гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Сипас, сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ахмедов М. дода шуд. Номбурда дар баромадаш дар бораи  ташаббуси панҷуми ҷаҳонӣ ба таври мунтазам баҳри амалисозии ташаббусҳо ва инчунин ибтикороти навбатии 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии муфиду хотирмон намуд.

 Дар фарҷоми суханронии худ номбурда аз ҷумла чунин қайд кард, ки фаъолияти панҷсолаи марказ айни замон хело ҳам назаррас буда, натиҷаҳои таҳқиқоти илмиашон дар сатҳи  миллӣ ва ҷаҳонӣ этироф шудаанд, ки ин дастоварди на танҳо маркази мазкур, балки дастовардњои беназири илми тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Инчунин мавсуф хотирнишон кард, ки барои тақвият бахшидан ва такмил додани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо Қонун “Дар бораи пиряхҳо”-ро Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ таҳия ва омода намуда, барои баррасӣ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки айни замон  мавриди баррасӣ қарор дорад.

Сипас, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати  хориҷии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар  Ашӯров  доир ба “Аҳаммияти сиёсӣ ва амалии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва хусусан эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баромади пурмуҳтаво намуда, қайд кард, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ва доимии худро ба роҳ мондааст. Пешниҳодот ва таҳлилҳои илмие, ки аз тарафи ин марказ оид ба масоили  омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, қабати барф ва масъалаҳои захираҳои обӣ мешаванд мутахассисони мо ба таври оҷилӣ  ҳамаи онҳоро таҳлил намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш менамоянд, ки ин имконият медиҳад стратегияи имрӯзаро оиди ба ин масъала асоснок ва дақиқ намоем. Дар охири суханронии худ номбурда таъкид намуд, ки се ҳуҷҷати стратегие, ки ҳоло маркази мазкур таҳия намудааст мо мунтазири дастрасии онҳо мебошем, чунки онҳо ҳуҷҷатҳои илмӣ ва стратегӣ оид ба иҷроиши Қатъномаи СММ ба Ҳисоб мераванд.

Баъдан сухани навбатӣ ба намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ӯ иброз намуд, ки аз сабабе, ки  тағйирёбии иқлим бевосита ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ  мерасонад, аз ин рӯ барои пешгирӣ ва инчунин бартараф намудани камбудиҳо ва амалишавии ташаббусҳои ҷаҳониву байналмилалӣ бояд дастаҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳем, ки аз ин буҳрони шадиди байналмилалӣ  бо сарбаландона бароем. Дар охир мавсуф инчунин пешниҳод кард, ки нақшаи илмии таҳияшуда оид ба татбиқи соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо” ба ҳамаи вазорату идораҳо барои дар як самти муайян иҷро намудани  қатънома пешниҳод карда шавад.

Намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дастовардҳои Марказ дар зарфи як панҷсола хело ҳам назаррас мебошанд. Барои ба ҳадафҳои ниҳоии соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” расидан ва таҳияи Стратегияи гузаронидани чорабиниҳои илмӣ – амалӣ, Нақшаи чорабиниҳо ва барномаи гузаронидани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ барои аз нуқтаи назари илмӣ ташкил намудани ин чорабинии байналмилалӣ зарурияти воқеъӣ доранд.

Намояндаи Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал иброз дошт, ки барои иҷроиш ва амалӣ намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо” дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмонҳои минтақавӣ, байналмилаллӣ ва шарикони рушди устувор  Консепсия, Барномаи илмӣ ва Нақша – чорабиниҳо, ки ба забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шудаанд дастрас карда шаванд. Барои ба таври воқеӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ вобаста ба потенсиали илмӣ ва кадрӣ  аввалан  пурсишнома (анкета ирсол карда мешавад). Сипас, дар асоси қабули хулосаҳо Консепсия, Барномаи илмӣ ва Нақша – чорабиниҳо ба ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ирсол карда шаванд:

Томас Сакс – намояндаи Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар баромади худ қайд намуд, ки Маркази номбурда аз рӯзи таъсисёбиаш то инҷониб бо мо ҳамкорӣ дорад ва бо дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст. Далели ин гуфтаҳо дар он аст, ки дар давоми ҳамагӣ панҷ сол аъзои комилҳуқуқи ду созмони бонуфузи ҷаҳонӣ: Созмони Ҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СОҶ) дар бахши криосфера ва Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо (Шветсария) шуд.

Бояд қайд кард, ки маркази мазкур тавонист, ки Шабакаи мониторинги пиряхҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баландии 3500 то 4800 метр аз сатҳи баҳр ташкил намояд, зеро айни замон чунин шабакаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ хело ангуштшуморанд. Ин дастовардҳо имконият медиҳанд, ки  илми тоҷик дар бахши пиряхшиносӣ дар минтақа ва ҷаҳон пешсаф бошад. Аз ин лиҳоз, нақша дорем, ки ҳамкории илмиро дар самти омӯзиши пиряхҳо боз ҳам бештар ва беҳтар ба роҳ монем.

Эван Джо – намояндаи Пажӯҳишгоҳи барфу тармаи Швейтсария дар бораи дастовардҳои илмии муштарак сухан ронда ҳамзамон қайд кард, ки дар раванди ҳамкории омӯзиши пиряхҳои болооби дарёҳои Сурхоб ва Хингоб дастовардҳои назаррас дорем. Дар оянда ният дорем, ки ҳамкории самарахшро тавассути лоиҳаи Помир  инкишоф диҳем.

Дастоварди дигари марказ ин ба роҳ мондани омӯзиши изотопҳо дар якҷоягӣ бо МАГАТЭ мебошад, ки дар иҷроиши лоиҳаи Помир метавонад нақши калидӣ бошад. Номбурда ҳамзамон иброз дошт, ки  иҷроиш ва амалишавии Консепсияи ташкил ва гузаронидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Нақшаи амал ва барномаи илмӣ  дар бораи “Омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро барои солҳои 2023-2025 боз ҳам тақвият мебахшем, зеро ки лоиҳаи Помир ҳатман яке аз самтҳои асосии иҷроиши Қатъномаи СММ бояд бошад ва ҳатман ба Нақша-чорабиниҳои ин самт дохил карда шавад.

Сипас, Ричард Шиневар – муовини директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва намояндагӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро  дар самти омӯзиши пиряхҳо ва амалишавии соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо”-ро хубтару ояндадор арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад директори маркази номбурда, профессор Абдулҳамид Қаюмов инчунин роҳҳои ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷиҳати роҳандозӣ ва ҳамзамон амалӣ намудани иқдоми 5-ум ва навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухтасар маълумот дод.

Конфронс дар сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи ҳусни тафоҳуму пурсишу посухҳо баргузор гардида, хело хотирмон доир гардид. Дар охири конфронс Қатънома низ қабул карда шуд.